25.9 C
Dushanbe

Мулоқоти раҳбарони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон

Раҳбарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон чанд санаду созишномаро ба имзор расонданд.

Рӯзи 31-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мулоқоти президентҳои се кишвари ҳамсоя, Эмомалӣ Раҳмон, Содир Ҷабборов ва Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.

Онҳо дар поёни музокироти сеҷониба созишнома дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии Тоҷикистон, Қирғизистону Узбекистон ва “Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ”-ро ба имзо расонида, дар маросими ифтитоҳи фосилавии сутуни рамзӣ дар нуқтаи пайванди сарҳадҳои давлатии ин се кишвар иштирок карданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имзои ин созишномаро “таърихӣ” номида, таъкид кардааст, ки “аз имрӯз эътиборан марзҳои се кишвар ба марзҳои дӯстии абадӣ, ҳамсоягии воқеан нек ва шарикии созанда табдил хоҳанд ёфт”.

Инчунин гуфта мешавад, Раҳмон бо раҳбарони Қирғистону Узбекистон мулоқотҳои алоҳида баргузор карда, дар баробари масоили гуногун бо Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон созишнома “Дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ”-ро имзо карданд. Аммо бо Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон бошад, хати интиқоли барқи 500 кВ “Датка – Суғд”-ро ба истифода доданд.

Ин хат дар доираи татбиқи тарҳи CASA-1000 сохта шудааст, ки содироти барқи Тоҷикистону Қирғизистонро ба Афғонистон ва Покистон дар назар дорад.

Пас аз мулоқотҳо президентҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар маросими ҷашни байналмилалии Наврӯз дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”, ки аз барномаи муштараки фарҳангии аҳли ҳунари се кишвар иборат буд, иштироку суханронӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, Шавкат Мирзиёев ва Содир Ҷабборовро худи Эмомалӣ Раҳмон дар фурӯдгоҳи байналмилалии Хуҷанд пешвозу гусел кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.