Мулоқоти Расулзода бо ҳамтоёни қирғизу узбекаш дар бораи марз

Сарвазирони Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи марзҳои давлатӣ ва рушди ҳамкориҳо гуфтгӯ карданд.

Мулоқоти сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, сарвазири Қирғизистон Одилбек Қосималиев ва сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов 8-уми январи соли ҷорӣ дар нуқтаи пайвасти марзҳои се кишвар, ҷое, ки вилояти Ботканд, вилояти Фарғона ва вилояти Суғдро бо ҳам мепайванданд, сурат гирифт.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо аз анҷоми таъйин ва аломатгузории марзи давлатии Қирғизистон ва Узбекистон, ки ҳанӯз авоили соли 2023 пурра ба охир расида буд, гуфтанд.

Ҳамчунин сарвазирон аз муайян гардидани хати сарҳадои Тоҷикистону Қирғизистон, ки солҳо боз аломатгузории он идома дошт, ёдовар шудаанд.

Сарвазирони се кишвар ба зарурати рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, логистика, ҳамкориҳои обию энергетикӣ ва робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ низ таъкид кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки 4-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистон нишасти Комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон дар мавриди таъйин ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар баргузор гардид.

Пас аз нишаст раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии ин ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев ба расонаҳо гуфтаанд, ки мушкили марзии байни ду кишвар ба пуррагӣ ҳал шуд ва он дар шакли созишномаи байнидавлатӣ барои имзо ба президентҳои ду кишвар пешниҳод мегардад.

Аммо Ятимов ва Тошиев дар бораи он ки кадом қаламравҳо дар нуқтаҳои номуайян ба кадом кишвар мегузарад, чизе нагуфта буданд.

Танҳо Қамчибек Тошиев зимни суханронияш дар “Жогорку Кенеш” гуфта буд, ки дар бораи натиҷаҳои таъйин ва аломатгузории марзҳои давлатӣ дар миёна ё охири моҳи январи соли 2025 ҳисобот медиҳад. Вале маълум нест, ки Саймумин Ятимов кай ҳисоботи худро ба парлумони Тоҷикистон ва мардум пешниҳод мекунад.

Дертар рӯзи 13-уми декабр Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба фарқ аз раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъзе аз ҷузъиёти созишномаи марзии ду кишварро ошкор кард.

Ӯ ба расонаҳо гуфта буд, ки бо дар назар гирифтани манфиатҳои ду кишвар дар баъзе ҳолатҳо табодули баробари заминҳо, яъне 50/50 сурат гирифтааст ва ҳуҷҷатгузорӣ дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад. Аммо Содир Ҷабборов аз ягон нуқтаи марзие ном нагирифт, ки ҷои ҳадсу гумонҳоро дар бораи баробар тақсим шудани нуқтаҳо боз мегузорад.

Гуфта мешавад, Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам беш аз 980 километр марзи муштарак доранд ва дар баъзе аз нуқтаҳои баҳсбарангез солҳои ахир даргириҳои мусаллаҳона ва куштори шаҳрвандони ду кишвар сурат гирифта буд.

Охирин муноқишаи бузург дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 16-уми сентябри соли 2022 рух дод, ки тибқи иттилои мақомоти кишвар беш аз 250 кас аз шаҳрвандони Тоҷикистон кушта ва захмӣ шуда буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бонки рушди Осиё барои “Роғун” 500 миллион доллар ҷудо мекунад

Бонки рушди Осиё нақша дорад барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 500 миллион доллар ҷудо кунад. Аз ин маблағ 200 миллион доллар грант ва 300 миллион доллар қарзи имтиёзнок пешбинӣ шудааст.

Асадулло Бобоев баъди ихроҷ аз Олмон дар Тоҷикистон ба 17 соли зиндон маҳкум шуд

Асадулло Бобоев, ки моҳи июни соли ҷорӣ аз Олмон ихроҷ ва пас аз расидан ба Душанбе боздошт шуда буд, ба 17 соли зиндон маҳкум шудааст.

Амрико вориди рақобат бо Чин дар ОМ мешавад. Баранда кист?

Амрико барои манофеаш вориди бозии нав дар ОМ шуданист. Оё кишварҳои минтақа метавонанд аз ин фурсати таърихӣ ба нафъи худ истифода кунанд ва худро аз султаи Русия раҳо кунанду зери султаи дигаре нараванд?

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.