24.9 C
Dushanbe

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Шоҳзода Раҳим Оқохон

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Шоҳзода Раҳим Оғохон дар шаҳри Париж, пойтахти Фаронса мулоқот кардааст.

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 8-уми декабри соли 2022 Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Шоҳзода Раҳим Оқохон дар шаҳри Париж, пойтахти Фаронса мулоқот кардааст.

Ба қавли манбаъ, ин мулоқот “дар шаҳри Париж дар ҳошияи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Фаронса вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Шоҳзода Раҳим Оқохон баргузор гардид.”

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар ин мулоқот “ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва роҳҳои такмили абзори ҳамкориҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Оқохон оид ба рушдро мавриди баррасӣ қарор доданд.”

Гуфта мешавад, охирин дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Карим Оқохони IV ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 ба Фаронса дар шаҳри Париж баргузор шуда буд, он замон ҳам гуфта мешуд, муносибатҳои ҳар ду ҷониб хеле хуб аст ва дар барои тавсеаи ҳамкориҳо суҳбат карданд, вале давоми соли ҷорӣ Президенти Тоҷикистон то тавонист алайҳи муассисаҳо ва ниҳодҳои молии марбут Оқохон дар Тоҷикистон фишор овард.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи дигар ҷузъиёти ин мулоқот чизе нагуфтааст, вале ба назар мерасад, пас аз ҳамлаҳои хунини мақомот дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон алайҳи эътирозгарон муносибати Карим Оқохон, раҳбари исмоилиёни ҷаҳон бо ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, хеле сард шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.