13.9 C
Dushanbe

Дар муноқишаи ахири марзӣ Тоҷикистон чиро аз даст дод?

Муноқишаи ахир миёни Тоҷикистону Қирғизистон заъфи нақшакашии стратегии раҳбарияти олии Тоҷикистонро ошкор кард. Аз хисороти ҷанги кӯтоҳмуддат ва изҳороти мақомоти қудратии ҳамсоякишвар бармеояд, ки Тоҷикистон мавқеи худро аз даст дода, эҳтимоли зиёд, дар гуфтугӯҳои пасипардагӣ дар масъалаи марз гузаштҳои ҷиддӣ кардааст.

Қабл аз он, ки ба баррасии мавзуъ шуруъ кунем, бисёр муҳим аст муноқишаи ахирро таҳлил кунем.

Иҷораи минтақаи 275-метра

Аз рӯи ахбори дар расонаҳо нашршуда, сабаби муноқишаи рӯзи 27-уми январ бастани роҳи Ворух – Исфара аз сӯи шаҳрвандони Қирғизистон шудааст. Ин навбат қирғизҳо роҳро мисли ҳамеша на дар қитъаи деҳаи Оқсой, балки дар чорроҳаи ҷодаи Ворух-Исфара ва Баткен-Исфана, ки дар доҳили Тоҷикистон аст, бастанд. Ба назари коршиносон ба чунин амалкард сокинони наздимарзии худро бидуни шубҳа раҳбарияти Кирғизистон таҳрик додааст. Чун шуруъ аз моҳи ноябри соли гузашта Раисҷумҳури ҳамсоякишвар протоколи байнидавлатиро, ки аз рӯи он қитъаи 275-метра аз сӯи Тоҷикистон ба муддати 49 сол ба Қирғизистон ба иҷора дода шудааст ғайриқонунӣ эълон кард. Нисбат ба собиқ мансабдори баландпояи Қирғизистон Адахон Мадумаров, қи ин ҳуҷҷатро имзо кардааст, парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст.

Яъне, эҳтимолияти муноқишаи навбатӣ дар ин минтақа аллакай аз моҳи ноябри соли гузашта маълум буд.

Натиҷаи муноқишаи рӯзи 27 январ

Аз ҷанбаи стратегӣ муноқишаи кӯтоҳмуддати рӯзи 27 январ ба манфиати Қирғизистон ба анҷом расид. Қитъаи 275-метраи роҳе, ки қаблан бе чуну чаро аз Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, акнун ба замини баҳсӣ табдил ёфт ва ба идораи он ҳарбиёни қирғиз низ ҷалб гардиданд. Чунин ҳолат дар навбати худ дар натиҷаи бохти тактикӣ ба миён омад. Тавре аз маълумоти расмӣ ва ғайрирасмӣ бар меояд, зимни муноқишаи кӯтоҳмуддат Тоҷикистон зарари ҷиддии моддӣ дидааст. Аз ҷумла ду қисми низомӣ комилан тахриб гардида, 11 хонаи мулкӣ сӯхтааст. Зиёда аз ин, бинобар баъзе маълумоти ғайрирасмӣ ҳарбиёни қирғиз шаби 27 январ тавонистаанд ҳаракатро дар роҳи Чорку-Исфара тавассути ишғоли гулӯгоҳи дараи Сурх боздоранд. Дар натиҷа минтақаҳои бузурги аҳолинишини Чоркӯҳ, Сухр, Хоҷаи Ъало, Сомониён таҳти таҳдиди муҳосира қарор гирифтаанд. Бинобар ин фармондеҳи қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон шаби 27 январ маҷбур мешавад аз ҳамтои қирғизаш ба оташбас даъват кунад.

Сабаби шикаст дар чист?

Сабаби ба чунин ҳолат расидани вазъ аз якчанд омил сарчашма мегирад:

1. Сараввал бинобар аз даст додани ҳушёрӣ аз сӯи раҳбарияти олии кишвар нисбат ба ҷабҳаи Исфара.

Раҳбарияти кишвар, бахусус роҳбарони мақомоти қудратӣ бовуҷуди низомисозии рӯз то рӯзи вилояти Бодканд аз сӯи ҳукумати Қирғизистон вазъиятро дар Бадахшон муташанниҷ сохтанд. Ба ҷои таҳқиқи қатли Гулбиддин Зиёбеков ба намоиши қудрат ва тарс додани мардуми осоишта шуруъ карданд. Барои нигоҳ доштани вазъ дар зери идора, аз шимоли кишвар ба Бадахшон шумораи зиёди ҷузъу томҳои қудратиро сафарбар карданд.

2. Техникаи низомии фарсуда ва куҳна:

Пас аз муноқишаи моҳи май, Қирғизистон қадам ба қадам техникаи ҷадиди ҷанги харидорӣ мекунад. Аммо дар баробари ин ҳукумати Тоҷикистон дар ин ҷанба ба бепарвоӣ роҳ дод. Ба ҷои ба техникаи ҷадиди ҷангӣ харидорӣ кардан раҳбарияти Тоҷикистон мисли ҳамеша аз Русияву Қазоқистон ва Чин кумакхоҳӣ кард. Чунин муносибати ҳукумат ба артиши кишвар ба он овардааст, ки низомиёни тоҷик ба куҳнапӯши артиши Русияву Қазоқистону Чин табдил ёфтааст. Ҳарчанд қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон солҳои ахир аз сӯи Иёлоти муттаҳидаи Амрико бо таҷҳизоти радиоэлектронӣ, нақлиёт ва доруворӣ таъмин мегардад. Вале яроқ ва техникаи низомии марзбонон барои ҷанги замонавӣ комилан ҷавобгу нестанд.

3. Ба сатҳи нав баромадани таҷҳизоти артиши Қирғизистон:

Муноқишаи ахир нишон дод, ки ҳукумати Қирғизистон дар муддати хеле кӯтоҳ тавонистааст на танҳо сатҳи техникии артиши худро боло бубарад, балки тактикаи ҷангии низомиёнашро ба талаботи замон ҷавобгӯ кунад.

Аз ҷумла, пас аз харидорӣ ва истифодаи паҳподҳо барои низомиёни қирғиз имконият фароҳам овардааст, ки мустақиман аз майдони ҷанг маълумот ба даст оварда нақшаи тактикиашонро дар рафти задухурд тағйир бидиҳанд.

Ғайр аз ин, пас аз харидории мошинҳои зиреҳпӯши сабук низомиёни қирғиз дар майдони ҷанг зудтар ва боҷуръаттар гашта имконияти зуд-зуд иваз кардани мавқеи худро пайдо кардаанд. Маҳз ҳамин буд, ки дар рафти муноқишаи ахир низомиёни қирғиз аз чанд чанба мисли занбурҳо ҳамла карда ҳарифи тоҷики худро ба тааҷуб оварданд.

Бартарияти дигари ба даст овардаи Қирғизистон ин аст, ки раҳбарияти онҳо дастаҳои зудамали ҷангии худро тамрин дода, онҳоро бо лавозимоти зарурии муҳофизатӣ таъмин карданд, аз ҷумла ҷавшану (бронежилет) куллоҳҳо (каскаҳо) ва дурбинҳои лазерии шабона.

4. Паҳподҳо ҳамлавӣ:

Вале дар ҳоли ҳозир заъфи бузургтарини Тоҷикистон дар пешоруи муноқишаи эҳтимоли бо Қирғизистон ин паҳподҳои қирғизҳо аст. Соли гузашта онҳо аз Туркия 3 адад Байрактар-ТБ2 харидори карда ҳоло истифодаи онро дар ҷанг тамрин кардаистоданд. Дар муноқишаи навбати ин паҳподҳо барои тонку гулулаҳо ва техникаи зиреҳпуҳи Тоҷикистон хатари ҷидди эҷод карда имконияти на инки ҳамлаи ҷавоби – контраттака, балки тавони муҳофизатии артиши тоҷикро осебпазир хоҳанд кард.

Бепарвойии ҳукумати Тоҷикистон ва нақшаҳои бузурги Қирғизистон

Раҳбарияти кунунии Қирғизистон ҳануз аз оғози соли гузашта руи рост эълон карда буд, ки масъалаи марзиро бо Тоҷикистон тариқи фишорори ҳал хоҳад кард. Аз забони раҳбари кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар Қамчибек Тошиев баъд аз муноқишаи ахир ҳарфҳои таҳдиднок нисбат ба Тоҷикистон садо дод. Нақшаи Қирғизистон барои касе пӯшида нест.

Сараввал – Ворухро ба анклав табдил дода, атрофи онро бо симхорҳо деворбардоштан аст.

Дуввум, ғасб кардани дарвозаи обтақсимкунии “Головной” аст. Иншооти мазкурро ҳукумати Қирғизистон аллакай ба иншоотҳои стратегии кишвар ворид кард.

Севвум, ғасби қитъаи 275-метраи роҳи Бодканд – Исфана мебошад. Агар Тоҷикистон ин қитъаро аз даст бидиҳад, бар замми Ворух, се деҳаи дигари тоҷикнишин – Хоҷаи Аъло, Сомониён ва Зарафшон ба ҳолати анклав табдил хоҳанд ёфт.

Чорум, барнагардонидани 210 ҳазор гектар заминҳои Тоҷикистон, ки дар давраи Шӯравӣ иҷорагирифта.

Барои амалисохтани чунин нақшаҳои бузурги худ раҳбарияти Қирғизистон вилояти Бодкандро бошиддат низомӣ сохта, артиш ва техникаи ҷадиди худро афзоиш медиҳад ва дар минтақаҳои эҳтимолии задухӯрд бо Тоҷикистон истиҳкомоти бетони сохтаистодааст.

Дар баробари омодагиҳои ҷиддии кишвари ҳамсоя ба ҷанг, раҳбарияти Тоҷикистон бепарвойӣ зоҳир намуда, ба ҷои харидории техникаву таҷҳизоти замонавӣ барои артиши кишвар, ба сохтмони қасру кушкҳо машғул аст. Тавре аз аксҳои маҳворавии замин метавонед бубинед, ҳамин ҳоло раҳбарияти Тоҷикистон ба сохтмони ҳашт меҳмонхона, қасри 120-метраи ҷадид дар бустонсарои ҳукуматӣ ва комплекси Истиқлолият машғул аст. Ғайр аз ин дар бустонсарои беруназшаҳрии ҳукуматӣ сохтмони бинои 180-метра барои дилхушии Раисҷумҳур ҷараён дорад. Дар маҷмуъ барои сохтмони биноҳои номбурда аз буҷаи кишвар зиёда аз 300 миллион доллар ҷудо гардидааст.

Суол ин аст, ки Худо накарда, агар фардо ҷанги бузургтар сар шавад, артиши куҳнапӯши Тоҷикистон бо он яроқи куҳнаву техникаи фарсуда чӣ тавр метавонад аз хоки ватан ҳимоя кунад? Чаро ҷон ва саломатии аскари тоҷик ва шаҳрвандони кишвар назди Раисҷумҳури Тоҷикистон арзонтар аз бустонсарою қасру кушк аст? Шояд сабаби бепарвойии Эмомалӣ Раҳмон дар он бошад, ки дар сафи артиш фарзанду наберагонаш хизмат намекунанд ва ӯ тасмим гирифтааст, ки хоки ватанро бо синаи урёни аскари куҳнапӯши тоҷик ҳифз кунад?

Дарвеш Кӯҳистонӣ

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.