8.9 C
Dushanbe

Муроҷиатномаи маҳбусони сиёсӣ ба мақомоти Тоҷикистон

Гурӯҳе аз зиндониёни сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, парвандаи моро дар ҳузури коршиносон ва нозирони байналмиллалӣ аз нав мавриди баррасӣ қарор диҳед. Дар ғайри он ба Эмомалӣ Раҳмон ҳам гуфтаниҳои зиёде дорем.

Шакли пурраи дастнависи Муроҷиатномаи зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, ки ба идораи Аздо тв расидааст, бидуни таҳрир пешкаши хонандагон мегардонем.

Ба Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амниятии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Аз номи маҳкумшудагони Муассисаи ЯС 3/1 СРИҶҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Розиқов, Ҳикматулло Сайфуллозода, Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад ва Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб

Муроҷиатнома

Пеш аз ҳама хотиррасон мекунем, ки мо собиқ узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (РО ҲНИТ)-ро кормандони КДАМ рӯзи 16.09.2015 с. аз манзилҳои истиқоматиамон бидуни пешниҳод намудани ҳуҷҷат ба боздоштгоҳи муваққатии КДАМ интиқол дода, ғайриқонунӣ ба ҳабс гирифтанд. Баъди чанд рӯз бо вуҷуди надоштани гуноҳ нисбати мо ва дигар аъзои РО ҲНИТ бо моддаи 187 қ. 2 айбдор намуда, парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

Баъди содир кардани ҳукми боздошт аз тарафи Суд парвандаҳое бо санадҳои зиёд мисли онки гӯё моро кайҳо пурсида ва мутақоид карда бошанд, ба моддаҳои 104, 131, 179, 187, 170, 189, 195, 199, 306, 307, 32, 313, 32 КҶҶТ пурсупорс оғоз шуд. Аз ин амалан эҳсос мешуд, ки қазияи парвандаи сохтаву бофтаашонро мураккабтар кардаанд.

Илова бар ин, болои паравандаи пурсарусадои мо муҳри махфӣ ниҳодаанд ва бо ин амал хостанд “сирри” тафтишотро пӯшонанд. Ҳамин тавр Прокуратураи генералӣ парвандаро аз ибтидо то интиҳо воқеъяити ҳолро ба назар нагирифта, кӯркӯрона ба сохтакориҳои зиёд роҳ дода, моро беасос гунаҳгор донистанд.

Вақте, ки мо дар раванди тафтишот барои исботи бегуноҳии худамон далелҳои қотеъона пешниҳод мекардем, муфаттишон бо табассуми муғамбирона ишора менамуданд, ки ба ҷуз зиндонӣ шудан чораи дигар надоред ва фармон аз боло аст.

Прокуратураи генералӣ бидуни далели шайъӣ ҳамин парвандаҳои сохтаро ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд. Раисикунандаи мурофиаи судӣ Сатторзода А. дар раванди мурофиа дар зоҳир аз худ амалҳои демократӣ нишон диҳад ҳам, аммо дар асл далелҳои аз ҷониби мо пешниҳодшударо мешуниду вале онро эътибор намедод. Кӯшиш мекард парвандаҳои ҷаълии Прокуратураи генералӣ бетағйир монад. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ӯ дар ҳалли масъала мустақил набуд ва зери фишор қарор дошт. Ҳатто дар ҳолати шунидани далелҳои қотеъи бегуноҳони “гунаҳгор” даст ба сӯи боло бардошта ишора мекард, ки ӯ низ бечора аст ва қазия дар ҷойи дигар ҳал мешавад.

Дар ниҳояти сохтакориву саҳнасозиҳо раисикунандаи мурофиа Ҳисайнов Умаралӣ ва Ҳаитов Маҳмадалиро ба ҳабси абад, Розиқов Зубайдуллоро ба муҳлати 25 сол, Ҳикматулло Сайфуллозодаро 16 сол, Муҳаммадалӣ Файзмаҳмадро 23 сол, Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб, Давлатов Абдуқаҳҳор, ва Авазов Қиёмиддинро 28 солӣ ва дигар аъзоёни РО ҲНИТ-ро ба мудатҳои тӯлонӣ маҳкум намуданд.

Бо вуҷуди муҳри махфӣ доштани парванда ва пӯшида нигоҳ доштани он, аз ҷониби дастандаркорон ҳукми суд, ки иборат аз 100 саҳифа буд ба тавари комил дар шабакаҳои интернетӣ роҳ ёфт. Ва инчунин ҷомеаи ҷаҳонӣ аз воқеъият огоҳӣ ёфта моро ба унвони маҳбусони сиёсӣ шинохтанд.

Бояд гуфт, агар моро “гунаҳгор” медонанд, ин ба ҷуз аъзои ҲНИТ будан чизи дигаре нест. Ҳизбе, ки расман дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, ба таври расмӣ фаъолият мекард. Дар давоми фаъолияти худ ба ҳечгуна қонуншиканӣ роҳ намедод. Ҳизбе, ки дар самтҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоии кишвар саҳм дошт ва дар ба даст овардани Истиқлолияти кишвар ва барқарории он талошҳои зиёд ба харҷ дод. Ҳизбе, ки бидуни ҳузури он таҳаммулпазирӣ ва гуногунандешӣ дар ҷомеа тасаввур намешуд. Ҳизбе, ки дар ба даст овардани Сулҳ ва ризоияти миллӣ нақши муассир дошт ва дар меҳварияти як ҷониби Сулҳ қарор дошт.

Ёдовар мешавем, ки мо бегуноҳони “гунаҳгор” 6 сол боз паси панҷараи зиндон азият мекашем. Илова бар ин бо тамғаҳои “экстримизму терроризм”, хоинони миллату ватан таъна мешавем ва баъзе қаламбадастони чоплусу муздур бо номҳои корманди Академияи илмҳо, марказҳои таҳлилӣ, хабарнигорҳои ношинос, кормандони муассисаҳои таълимӣ ва ғайраҳо дар ВАО аз ҳарҷо ба ин нидоҳо садо баланд мекунанд. Дар ҳоле, ки баъзе аз онҳо бо ҲНИТ робитаи наздик доштанд ва ҳатто онро ҳизби зарурӣ барои ҷомеаи Тоҷикистон тавсиф мекарданд. Аз ин ҷорзаниҳои онҳо аслан парвое надорем, зеро мо худро хуб мешиносем. Медонем, ки мо ба ватани азиз ва миллати сарбаландамон хиёнате накардаем ва нахоҳем кард.

Ин тамғазаниҳо танҳо ба хотири он аст, ки мо ба унвони маҳбусони сиёсӣ шинохта нашавем.

Инки моро дар исёни Ҳоҷӣ Ҳалим ташабускор медонанд, бофтаву сохтаи доираҳои манфиатдор аст. Шумо худатон беҳтар медонед, ки маншаъи исён аз куҷост ва ба чӣ хотир роҳандозӣ шуда буд. Ба ин боварем, ки бо гузашти вақт ва ошкор шудани ҷонибҳои ҳаводиси гузашта Шумо ба дарки он расидед, ки ҲНИТ ба ин исён ҳеҷ рабте надорад. Дар тӯли 6 сол бо умеди расидани рӯзе, ки ақли солим боло гирифта ҳақиқат рӯи об мебарояд, аз сабру бурдборӣ кор гирифта, ҳамаи азиятҳои пешомадаро таҳаммул кардем ва мекунем. Вале афсус, ки умеди мо амалӣ нашуд.

Бино бар ин имрӯз дар арафаи Истиқлолияти кишвар, ки худро дар ба даст овардани он саҳим медонем хостем садо баланд карда бо пахши ин муроҷиатнома аз худ дарак бидиҳем.

Ба ин хотир аз Шумо қотеъона талаб менамоем, ки дар мавриди парвандаи мазкур таҷдиди назар намуда, кору кирдори моро агар гунаҳгор медонед, дар ҳузури коршиносон ва нозирони байналмиллалӣ мавриди баррасӣ қарор бидиҳед. Дар сурати бароварда нашудани талаби мо ногузир мешавем, ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намоем ва бо ӯ низ ҳарфҳои гуфтание дорем.

Маҳкумшудагон:  

З. Розиқ

Ҳ. Сайфуллозода

М. Файзмуҳаммад

Р. Р. Ҷобир

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду муҳоҷири дигари тоҷик дар пайи ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”

Ба як муҳоҷири тоҷик дар Русия барои дуруст шуморидани...

Ҳушдори КҲФ аз вазъи нохуби роҳҳои кӯҳӣ дар кишвар

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро аз сафар бо роҳҳои кӯҳӣ ҳушдор додааст.

Исроил ҳайати музокиракунандаи худро аз Қатар фаро хонд

Мақомоти давлатии Исроил тими музокиракунандаи худро, ки 18-уми марти соли ҷорӣ ба Давҳаи Қатар фиристода буд, ба кишвараш фаро хонд.

Ҳабси пешакии чор нафари дигар дар робита ба ҳодисаи хунини Русия

Дар пайи ҳодисаи хунини “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав боз чор анфари дигар, ки се нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, боздошт шуданд.