21.9 C
Dushanbe

Мурофиаи додгоҳии Абдуллоҳи Шамсиддин дар Душанбе

Ба эҳтимоли зиёд рӯзи 28-уми марти соли 2023 мурофиаи додгоҳии Абдуллоҳи Шамсиддин дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Ҳю Виллиамсон, раиси бахши Аврупо ва Осиёи Марказии Cозмони Дидабони Ҳуқуқи Башар (HRW) дар ҳисоби твиттериаш дар ин бора навиштааст, ки “то ҷое ба HRW маълум гашт, 28-уми март Абдуллоҳи Шамсиддин, як фаъоли сиёсӣ, ки ахиран аз Олмон ихроҷ шуда буд, метавонад дар Душанбе ба додгоҳ кашида шавад.”

Ҷаноби Виллиамсон ба далели набудани низоми мустақили додгоҳӣ дар Тоҷикистон, аз нозирони байналмилалӣ даъват кардааст, ки дар мурофиаи Абдуллоҳи Шамсиддин ширкат кунанд.

Дар ҳамин ҳол як манбаъ дар суҳбат ба Azda.tv гуфт, ки мурофиаи ин фаъоли тоҷик ба эҳтимоли зиёд дар Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Сару садоҳо дар бораи эҳтимоли баргузор шудани мурофиаи додгоҳии Абдуллоҳи Шамсиддин дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки аз замони ихроҷаш аз Олмон ба Тоҷикистон беш аз ду моҳ мегузарад, то ҳол мақомоти кишвар расман нисбати ин фаъоли тоҷик айб эълон накардааст ва ҳатто дар боздошт нигоҳ доштани ӯро ягон ниҳоди қудратии кишвар ба дӯш нагирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Олмон 18-уми январи соли ҷорӣ Абудллоҳи Шамсиддин, писари узви аршади ҲНИТ Шамсиддини Саидро ба далели камбуд дар асноди буду бош ва адами ифшои ҳувият аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ кард. Гуфта мешавад, Абдуллоҳ пас аз ихроҷ аз Олмон дар Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе тавассути мақомоти тоҷик боздошт ва ба ҷои номаълум бурда шуд.

Пас аз ихроҷи ӯ то кунун чандин гирдиҳамоӣ ва эътирозҳое аз ҷониби мухолифин ва ҳамкорону дӯстони олмонии Абдуллоҳ сурат гирифт. Борҳо созмонҳои байналмилалӣ, фаъолони олмонӣ ва тоҷик аз мақомоти расмии Тоҷикистон хостанд, ки макони буду боши ӯро эълон намуда, раҳояш кунанд. Аммо мақомоти тоҷик то кунун хомӯшанд, касе аз макони боздошти ӯ ҳарфе намезанад. Ҳатто дар нишастҳои матбуотӣ ҳам ВКД ва ҳам додситонии кул аз куҷо будани Абдуллоҳ изҳори бехабарӣ карданд.

Бино ба хабарҳои ғайрирасмӣ, ҳоло ин фаъоли сиёсии тоҷик дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қарор дорад, вале мақомоти КДАМ инро на рад мекунанд ва на таъйид.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Фишори кишварҳои ғарбӣ болои Исроил натиҷа медиҳад?

Бархе аз кишварҳои аврупоӣ ва ғарбӣ аз омодагии худ барои ҷорӣ кардани таҳримҳо болои Исроил хабар доданд.

Зикри номи рӯзноманигорони зиндонии тоҷик дар нишасте дар Олмон

Рӯзи 20-уми майи соли ҷорӣ мудири расонаи Azda TV...

20 ҳазор ҷавон дар ҷабҳа – шаҳрвандӣ ба ивази иштирок дар ҷанги зидди Украина

Мақомоти Русия эълон карданд, ки 20 ҳазор муҳоҷире, ки шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд, ҳоло дар сафи пеш бо Украина меҷанганд.

Омодагии низомӣ барои қувваҳои захиравӣ дар Тоҷикистон. Сабаб чист?

Дар ноҳияҳои наздимарзии вилояти Хатлон давраҳои омодагии ҳарбӣ барои қувваҳои захиравӣ ва сокинони маҳаллӣ оғоз шудааст.