Мутахассисони рус барои санҷиши вазъи эпидемиологӣ ба Тоҷикистон омаданд

Ирмӯз 16 март ҳайати намояндагони Хадамоти федералии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва шуғли аҳолӣ (Роспотребнадзор)-и Русия ба Тоҷикистон омаданд. Дар ин бора сафорати Русия ба расонаҳо хабар дод.

Гуфта мешавад, ин ҳайат аз се нафар мутахассиси вабошинос иборат буда, муҳаққиқони пажӯҳишгоҳи “Микроб” мебошанд.

Ба иттилои расонаҳо, коршиносони ин ниҳод дар якҷоягӣ бо мутахассисони Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба хотири беҳдошти мардуми Тоҷикистону Русия вазъи эпидемиологии кишварро мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор медиҳанд.

Дар пасманзари эълони Тоҷикистон аз набуди вируси COVID-19 дар кишвар ва баҳсҳо барои бозкушоии марзҳо бо Русия, ин кишвар тасмим гирифт мутахассисонашро барои омӯзиши вазъи эпидемиологӣ ба Тоҷикистон фиристад. Мутахассисон баъд аз омӯзиш ба “Роспотребнадзор” маълумот ироа мекунанд.

Русия ҳам рӯзи 10-уми феврал изҳор дошта буд, ки барои дубора барқарор кардани парвозҳои мустақим миёни ду кишвар, аввал вазъи эпидемиологии Тоҷикистонро месанҷаду баъд тасмимашро эълон хоҳад кард. Ин тасмимро ҳукумати Русия пас аз дархости Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон барои барқарор кардани парвозҳо гирифтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чаро Русия ба муҳоҷирони Осиёи Марказӣ пушт гардонд?

Дар ҳоле, ки Русия шадидан ба қувваи корӣ ниёз...

Баҳси бесобиқа дар футбол: Ҷоми ҷаҳон ё Инфантино?

Иттиҳоди ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА) ва ҳамаи 55 федератсияи...

Чин дар Душанбе корхонаи муосири коркарди партов месозад

Мақомоти Тоҷикистон раванди ҷалби сармоя ва технологияҳои чиниро барои...

Афзоиши норасоии ҷойҳои нишаст дар мактабҳо бо вуҷуди таъсиси 85000 ҷойи нави нишаст

Вазорати рушди иқтисод ҳамроҳ бо ҳукумати Тоҷикистон барои бештар...