38.9 C
Dushanbe

Гузоришгари СММ аз вазъи ҳуқуқи инсон дар ВМКБ нигаронӣ кард

Гузоришгари вежаи Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи ҳомиёни ҳуқуқ Мэри Лаулори аз вазъи ҳуқуқу озодӣ ва вакилони дифоъ дар ВМКБ изҳори нигаронӣ кард.

Ин Гузоришгари вежаи СММ имрӯз, 9-уми декабр дар шаҳри Душанбе аз рафти сафару вохӯриҳояш давоми ду ҳафта бо ҳоимиёни ҳуқуқу рӯзноманигорони зиндонӣ бо гузарондани нишасти матбуотие ба рӯзноманигорон гузориш дод.

Мэри Лаулори зимни ироаи гузориши худ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ҳукумати Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза бо терроризм фишори аз ҳад зиёд болои мардуми Бадахшон ворид кардааст, ки ин амал ба озодии баён таъсири манфии расондааст.

Ӯ мегӯяд, вазъияти ҳуқуқӣ дар ВМКБ бисёр бад аст ва ин дар натиҷаи муомилаи нодурусти Ҳукумат бо мардуми ин вилоят ба вуҷуд омадааст. Ӯ ҳамчунин изҳори нигаронӣ кард, ки натавонистааст бо ҳомиёни ҳуқуқ дар Бадахшон вохурӣ кунад.

Аммо, ӯ шарҳ надод, ки бо кадом сабаб натавонистааст бо мудофеони ҳуқуқи инсон ва ё мардуми оддӣ дар ВМКБ вохӯрӣ кунда. Ба гуфтаи баъзе таҳлилгарон, ба эҳтимоли зиёд барои вохӯрӣ накардани ӯ бо мардум дар ВМКБ худи мақомоти Тоҷикистон монеъ шудаанд.

Гузоришгари вежаи СММ дар хитоб ба мақомоти кишвар таъкид кард, ки Тоҷикистон набояд уҳдадориҳои худро дар назди СММ ва созмонҳои ҳуқуқии дигари баналмилалӣ фаромӯш кунад. Ва аз Ҳукумати кишвар хост мувофиқи талаботи байналмилалӣ бояд ба номаву дархостҳои намояндагони СММ ва созмонҳои ҳомиёни ҳуқуқ сари вақт посух бигӯяд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Фишор болои наздикони фаъолони зодаи Бадахшон

Мақомоти Тоҷикистон фишор болои хонаводаҳои зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки дар хориҷ аз Тоҷикистонанду дар ҷустуҷӯ қарор доранд, сахттар кардааст.

Тазоҳуроти фаъолон дар Олмон: Ҳамкорӣ бо Тоҷикистон қатъ шавад!

Гурӯҳе аз фаъолон дар Олмон бо баргузории тазоҳурот ва дархости озодии Абдуллоҳи Шамсиддин, хостори қатъи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон шуданд.

Муттаҳидони Русия ҳамлаҳои Исроил ба Эрон ва Ғаззаро маҳкум карданд

Раҳбарони кишварҳои узви гурӯҳи БРИКС дар як баёнияи муштарак...

Боздошти ду ҷавони тоҷик дар Русия бо иттиҳоми озори ноболиғон

Пас аз баргузории ҷашнвораи фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Красноярски Русия, ду ҷавони тоҷик бо иттиҳоми озору азияти ду духтари 14-сола боздошт шудаанд.