Нархи гази моеъ дар Тоҷикистон гарон шуд

Нархи гази моеъ дар шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон давоми ду ҳафтаи ахир 35% гарон шудааст. Дар ин бора “Sputnik Тоҷикистон” хабар медиҳад.

Бино ба иттилои ин расона, нархи гази моеъ, ки аз муҳимтарин маводи сӯхти мошинҳо дар Тоҷикистон дониста мешавад, субҳи имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба 5,3 сомонӣ ва дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе ба 5,5 сомонӣ расидааст.

Сабаби гароншавии нархи гази моеъро то ҳол мақомоти кишвар расман шарҳ надодаанд. Аммо тоҷирон гуфтаанд, сабаби “гароншавии қимати газ аз воридот ва нархи дастраскунии он вобаста аст.”

Манобеи ин расона гуфтаанд, ки ширкатҳои яклухтфурӯшӣ пештар ҳар килои газро бар ивази 6 сомонӣ дастрас мекарданд, ҳоло он 7,5 – 8 сомонӣ ва аз ин ҳам зиёдтар шудааст.

Гуфта мешавад, дар баробари гароншавии нархи гази моеъ, нархи сӯзишвории бензину дизел ҳам гарон шудааст. Имрӯз дар тоблуҳои нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ “нархи бензини навъи АИ 92 9,8 – 10 сомонӣ, АИ 95 10, 2 -10, 4 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ ба 9,8 – 9,9 сомонӣ мебошад.”

Ин дар ҳолест, ки 4-уми августи соли ҷорӣ Қурбонзода Сафаралӣ, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон зимни нишасти матбуотие гуфта буд, ки дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ ба ҳудуди кишвар наздики 100 ҳазор тонна маводи сӯзишворӣ ворид карда шудааст.

Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар ин нишаст гуфт, ки дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ 207,8 ҳазор тонна гази моеъ ба маблағи 83,7 миллион доллар ва бо нархи миёнаи 403 доллар барои 1 тонна ворид карда шудааст. Ӯ афзуд, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 114 доллар ё 22% коҳиш ёфтааст. Аммо дида мешавад, ки нарх баракс гаронтар шуда, на ин ки коҳиш ёфтааст.

Гуфта мешавад, аз миқдори умумии гази моеъи воридгашта ба кишвар 73,5% ба Қазоқистон, 24,7% ба Русия ва 1,9% аз Узбекистон рост меояд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шумори қурбониёни ҷанги Ғазза баъд аз эълони оташбас аз 1300 кас гузашт

Вазорати тандурустии Ғазза эълом кард, ки дар 24 соати гузашта дар пайи ҳамлаҳои Исроил 7 кас кушта шуда ва 30 захмии дигар ба бемористонҳо интиқол дода шудаанд.

Раҳмон дар паради низомӣ аз афсарону сарбозон чӣ хост?

Дар майдони "Истиқлол"-и пойтахт рӯзи 7-уми сентябр ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон паради низомӣ баргузор гардид.

Аврупо мехоҳад муҳоҷирони ғайриқонуниро ба кишварҳои сеюм ихроҷ кунад

Баъзе кишварҳои аврупоӣ талош доранд, то охири соли ҷорӣ бо кишварҳои берун аз Иттиҳоди Аврупо барои таъсиси марказҳои бозгардонии муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба созиш бирасанд.

“Роғун” ё нерӯгоҳи офтобӣ, ки бо суръат арзон мешавад? Кадоме беҳтар аст? 

Дар ҳоле ки қимати нерӯгоҳ ва барқи офтобиву бодӣ бо суръат арзонтар мешавад ва суръати сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ низ бамаротиб тезтар аст, оё месазад ба ҷои “Роғун” дар Тоҷикистони офтобӣ нерӯгоҳи офтобӣ сохта шавад?