21.9 C
Dushanbe

Нархи билетҳо аз Русия ба Тоҷикистон арзон мешавад

Масъулони ширкати “Сомон Эйр” гуфтаанд, ки то 31-уми август нархи билети бозгашт аз Русия ба Тоҷикистонро арзон мекунанд, аммо чанд дарсад арзон шудани он маълум нест.

Поин фаромадани нархи билетҳоро дар “Сомон Эйр” ба холӣ нарафтани ҳавопаймоҳои худ аз Тоҷикистон ба Русия рабт додаанд. Ба ширкат иҷоза дода шудааст, ки вақти парвоз ба Русия метавонанд шаҳрвандони Русияро бо худ бибаранд. Дилшод Исматуллозода, раиси ширкати “Тоҷик Эйр” дар як суҳбат боло рафтани нархи билетҳоро чунин шарҳ дода буд:

“Дар сурате ки ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Русия холӣ раванд, ҳангоми бозгашт нархи билет ва хизматрасониҳо 40 дарсад боло мераванд”.

Коршиносон дар робита ба ин масъала мегӯянд, ки арзоншавии қиммати биллетҳо зоҳиран барои муҳоҷирон хуб аст, аммо мутаассифона таҷриба нишон додааст, ки ин амал чандон ба нафъи муҳоҷирон тамом намешавад, зеро дар байн нафароне пайдо мешаванд, ки болои нархҳои муайяншуда чанд баробар илова намуда ба муҳоҷирони корӣ мефурӯшанд.

Cафири Тоҷикистон дар Русия Имомиддин Сатторов пештар гуфта буд, ки нархи билет барои парвозҳои чартерӣ 24 ҳазор рубли русист. Вале як муҳоҷир дар суҳбат ба “Аздо тв” гуфта буд, ки нархи билет на онест, ки сафир мегӯяд. Вақте муҳоҷирон барои хариди билет муроҷиат мекунанд нархи як билет 45-50 ҳазор, ҳатто 70 хазор рубл гуфта мешавад. Муҳоҷир гуфта буд,

“Нархе, ки Сафорат муайян кардааст, яъне 23-24 ҳазор, бо ин нарх аслан билет ёфт намешавад, агар 70 ҳазор рубл диҳӣ дар ҳол билетат медиҳанду саворат мекунанд”.  

Пештар нафареро боздошт карда буданд, ки дар назди сафорат ба фиреби мардум ва фурӯши билет машғул буд. Он замон муҳоҷирон суол дода буданд, ки чаро ходимони амниятӣ ва дар умум кормандони сафорат, ки “билетфурӯш” ҳам худро корманди онҳо ва ҳам дар назди идораи онҳо даст ба мардумфиребӣ задааст, пештар огоҳ нашуданд?

Иззат Амон, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия дар суҳбат бо “Аздо тв” гаронии билетҳо ва вазъияти муҳоҷирони меҳнатиро чунин шарҳ дод:

То ҳол парвозҳои доимӣ байни Тоҷикистон ва Русия аз сар гирифта нашудааст. Парвозҳои маъмулӣ аз моҳи март байни ду кишвар бо сабаби вируси оламгир қатъ шуда буд. То имрӯз ҳазорҳо муҳоҷири точик бо парвозҳои чартерӣ ба Ватан баргаштанд. Вале муҳоҷирини зиёде дар Русия бекор мондаанду аз сабаби қимат будани нархи билет ва надоштани пул наметавонанд билет бихаранду ба Тоҷикистон баргарданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба хотири дашноми пулис зиндонӣ шуд

Додгоҳи шаҳри Қурғани Русия як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро барои "дашном" ва "зӯроварӣ нисбати корманди ҳифзи ҳуқуқ" маҳкум ба зиндон кард.

Ваҳдат ё ваҳшат?

Маросими таҷлил аз 28-умин солгарди ҷашни Рӯзи Ваҳдат бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мешавад.