Наврас барои куштори ронандаи таксӣ зиндонӣ шуд

Додгоҳи вилояти Хатлон як наврасро дар куштори ронандаи 38-солаи таксӣ аз ноҳияи Ёвон Лутфулло Сафаров гунаҳкор дониста, ба 12 соли зиндон маҳкум кардааст.

Бино ба иттилои “Азия-Плюс” ҳукм рӯзи 23-юми июл содир шуда, номи маҳкумшуда ба далели ноболиғ буданаш нашр нашудааст.

Гуфта мешавад, додгоҳ ин наврасро бар асоси моддаи 104, қисми 2-и Кодекси ҷиноятӣ — одамкушӣ бо бераҳмии махсус ва моддаи 249, қисми 4 — роҳзанӣ гунаҳкор эътироф кардааст.

Ҳанӯз маълум нест, ки наврас, пайвандон ё вакили дифои ӯ аз ҳукми додгоҳ шикоят бурдаанд ё не. Назари онҳо ба қарори додгоҳ низ дастрас нест. Пайвандони Лутфулло Сафаров ҳам аз шарҳи ҳукм худдорӣ кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки Лутфулло Сафаров, ки соҳиби чаҳор фарзанд буд дар ширкати таксии “3333” дар ноҳияи Ёвон кор мекард. Ҷасади ӯро сокинон рӯзи 4-уми апрели соли ҷорӣ дар яке аз заминҳои кишоварзӣ пайдо карданд.

Падари марҳум қаблан гуфта буд, ки тақрибан соати 17:30-и 3-уми апрел ба мошини Лутфулло ду нафаре нишастаанд, ки нақшаи куштанашро доштаанд ва аз ӯ хостаанд, ки онҳоро ба деҳаи Дастгирак барад, аммо дар як дашт ба Лутфулло 9 корд, аз ҷумла се корд аз пушти гарданаш задаанд. Ва онҳо мошинашро гирифта, фирор кардаанд, вале пул ва дигар ҳуҷҷатҳояш дар ҷайбаш буданд.

Ин мард бо такя ба иттилои мақомот ҳамчунин гуфтааст, ки дар пайванд ба ин ҳодиса хонандаи синфи 11-и мактаби деҳаи Дастгирак боздошт шудааст. Мақомот мошини писарашро ҳам дар назди хонаи гумонбар ёфтаанд ва гумонбар гӯё гуфтааст, ки танҳо ин қатлро анҷом додааст. Аммо Фатҳулло Сафаров бар ин бовар аст, ки дар қатли Лутфулло ду-се нафар даст доранд.

Мақомот бо вуҷуди эълони ҳукми наврас ҷузъиёти ин ҳодисаро нашр накардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.

Трамп: Ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад, аммо муҳлати мушаххасеро эълон накард.

Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳусиҳо ба Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 14-уми сентябр ҳамлаҳои ҳусиҳо ба зерсохторҳои Арабистони Саудиро маҳкум кард.