3.9 C
Dushanbe

Нигаронии HRW аз марги Саидаъзам Раҳмонов ва дархосташ аз Олмон

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) 11-уми ноябр бо нашри як баёния аз марги Саидаъзам Раҳмонов, шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон, дар боздоштгоҳ изҳори нигаронӣ кард.

Ҳю Вилямсон, мудири бахши Аврупо ва Осиёи Марказии созмон, гуфтааст, қазияи Раҳмонов ба силсилаи парвандаҳое дохил мешавад, ки шаҳрвандони тоҷик баъди бозгашт аз Олмон “бо поймолшавии шадиди ҳуқуқи башар ё ҳатто бо аз ин бадтар” рӯбарӯ шудаанд.

Вилямсон ин ҳодисаро “паёме ба мақомоти Олмон” дониста, аз ин кишвар даъват кардааст, ки “нақши худро дар чунин парвандаҳо ва муносибаташ бо Тоҷикистон бознигарӣ кунад”.

Human Rights Watch дар баёнияи худ гуфтааст, ки ихроҷи шаҳрвандон ба кишварҳое, ки дар он хатари шиканҷа ва зулм вуҷуд дорад, мухолифи қонунҳои байналмилалӣ аст. Созмон аз чанд ҳолати ахири бозгардондани тоҷикон аз Олмон ёдовар шудааст, аз ҷумла Абдуллоҳи Шамсиддин ва Дилмурод Эргашев, ки дар солҳои 2023 ва 2024 ба Тоҷикистон фиристода шуда, мутаносибан ба 7 ва 8 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Ба гуфтаи Вилямсон, “ҳеҷ яке аз онҳо набояд ба Тоҷикистон фиристода мешуданд.” Ӯ афзудааст, ки ба назар чунин менамояд, ки Олмон масъулиятҳои байналмилалии худро нодида мегирад ва бо мақомоти тоҷик дар масъалаи ихроҷи шаҳрвандон ҳамкорӣ мекунад.

Human Rights Watch ҳамчунин ба он ишора кардааст, ки Вазорати корҳои хориҷии Олмон далелҳои Ҳукумати Тоҷикистонро дар бораи риояи ҳуқуқи инсон қобили эътимод хондааст, дар ҳоле ки вазъи воқеии ҳуқуқи башар дар кишвар “ваҳшатбор” арзёбӣ мешавад ва чунин кафолатҳо “боварибахш нестанд”.

Аз ин пеш Созмони Озодӣ барои АвруОсиё (Freedom For Eurasia) низ аз тасмими Олмон барои бозгардондани баъзе паноҳҷӯён ба Тоҷикистон интиқод карда буд.

Ин созмони ҳомии ҳуқуқ гуфтааст, чунин иқдомҳо метавонанд Олмонро ба “кишваре, ки ба дикдатураи бераҳм ёрӣ мерасонад,” табдил диҳанд. Freedom For Eurasia таъкид намудааст, ки идомаи ҳамкориҳои Берлин бо мақомоти Душанбе дар масъалаи бозгардондани паноҳҷӯён, бо арзишҳои ҳуқуқи башар ва уҳдадориҳои байналмилалии Олмон мухолифат дорад.

Ёдовар мешавем, ки Саидаъзам Раҳмонов барои гирифтани визаи (пайванди хонавода) чанд моҳ пеш ба Тоҷикистон баргашта, ҳуҷҷатҳои лозимаро ба сафорати Олмон супорида, интизори виза будааст. Рӯзи 6-уми октябр, ҳангоми талош барои сафар ба Русия барои иштирок дар тӯйи як дӯсти наздикаш, дар фурӯдгоҳи Душанбе аз сӯи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шуда, ба ҷойи номаълум бурда мешавад.

Рӯзи 13-уми октябр, ба хешовандонаш хабар медиҳанд, ки гӯё ӯ худкушӣ кардааст. Ба гуфтаи манобеи наздик, мақомоти амниятӣ, зери назорати шадид ҷасадро ба хок супурда, ба хешовандонаш иҷозати дидани ӯро надоданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ибораи “Ҳама садай” ибораи сол байни ҷавонон эълон шуд. Баҳси доғеро ба вуҷуд овард

Сафорати Олмон дар Тоҷикистон бо нашри як видео дар саҳифаи расмии худ дар шабакаи иҷтимоии Facebook эълон кард, ки калимаи "ҳама садай" ҳамчун ибораи маъмул миёни ҷавонони тоҷик интихоб шуда ва муаллифи пешниҳоди он бо ҷоиза қадрдонӣ гардидааст.

Додгоҳ ҳукми гумонбари куштори як хонавода дар Рудакиро эълон кард

Додгоҳи олии Тоҷикистон яке аз гумонбарони асосӣ дар қатли Шаҳло Назарова ва се фарзанди ноболиғашро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Лукашенко 123 маҳбуси сиёсии дигарро озод кард

Раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко 13-уми декабри соли ҷорӣ, 123 маҳбуси сиёсии дигарро озод кард.

“Коля тоҷик” дар ҷанги Украина кушта шуд

Бино ба иттилои дастрас, блогери маъруфи тоҷик Комрони Шуҳрат маъруф бо лақаби "Коля тоҷик", дар ҷанги Русия алайҳи Украина кушта шуд.