7.9 C
Dushanbe

Нигаронии кишварҳо аз афзоиши танишҳои марзӣ байни Эрону Покистон

Вазорати корҳои хориҷии Ҳукумати сарпарасти Толибон дар Афғонистон аз шиддат гирифтани танишҳо байни Эрон ва Покистон изҳори нигаронӣ кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, 17-уми январи соли ҷорӣ Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон ба манотиқе дар хоки Покистон ҳамла карда, гуфта буд, ки чанде аз мавзеъҳои “терруристон”-ро ҳадаф қарор додааст.

Вазорати корҳои хориҷии Покиситон худи ҳамон рӯз сафири худро аз Теҳрон фаро хонда гуфт, ки то замоне ки ҷонибҳо ба тавофуқ нарасанд, сафири Эрон ҳам ба Исломобод бар намегардад. Инчунин бархе мақомоти ин кишвар ин ҳамлаҳои Эронро маҳкум карда, гуфта буданд, ки Покистон ҳаққи дифоъ аз худро маҳфуз медорад.

Бо вуҷуди он ки мақомоти олӣ, низомӣ ва раҳбарони ҳар ду кишвар эълон кардаанд, ки ба истиқлолият, тамомияти арзӣ ва ҳусни ҳамсоягии якдигар эҳтиром қоил ҳастанд ва ҳам омодаи ҳалли ҳама мушкилот бо роҳҳои дипломатӣ мебошанд, аммо ин танишҳои ба вуҷудомада байни ду кишвар на танҳо ҳамсояҳои онҳоро дар минтақа, балки Чину Русия ва Иттҳоди Аврупоро низ нигарон кардааст.

Гуфта мешавад, рӯзи гузашта Эрон мақаррҳои яке аз гурӯҳҳои ҷудоиталаби худро дар хоки Покистон мавриди ҳадаф қарор дода буду имрӯз ҳам Покистон мақаррҳои ду гурӯҳи ҷудоиталаби худро дар хоки Эрон мавриди ҳадаф қарор додааст. Дар натиҷа 2 нафар кӯдаки эронӣ дар Покистон ва 10 нафар, аз ҷумла 4 кӯдак ва 3 зани покистонӣ дар Эрон кушта шудаанд.

Балучҳои ҳар ду кишвар аз нигоҳи мазҳабӣ аксаран суннимазҳаб ҳастанд ва тафовутҳои қавмӣ, фарҳангӣ ва ҳатто забонии онҳо низ зиёд фарқ намекунанд. Толибони паштун ва бахусус онҳое, ки аз вилоятҳои Фароҳ ва Қандаҳор мебошанд, бо балучҳо ҳаммазҳаб буда, робитаҳои фарҳангӣ ва дар хеле мавридҳо робитаҳои хешутаборӣ ҳам доранд.

Вуҷуди ин танишҳо байни ду кишвари қудратманди исломӣ дар минтақа на танҳо Толибонро дар Афғонистон, балки Русияву Чин, Туркия ва Иттиҳоди Аврупоро сахт нигарон кардааст. Пекин ҳам дар ин робита эълон кардааст, ки омодааст байни ду кишвар ба хотири ҳалли ин танишҳо миёнҷигарӣ кунад.

Вазорати корҳои хориҷии Русия низ бо нашри як баёния гуфтааст, ки шиддат гирифтани танишҳо байни Теҳрону Исломободро бо нигаронӣ дунбол мекунад ва аз ин ду кишвар хостааст, ки тамоми мушкилоти худро бо роҳҳои дипломатӣ ҳаллу фасл кунанд.

Гуфта мешавад, устони Сиистон ва Балучистони Эрон ва иёлати Балучистони Покистон ҳар ду як минтақаи аз нисфҷудошудае байни ду кишвар аст, ки мардумони онҳо аз нигоҳи рифоҳи иҷтимоӣ дар сахтарин шароит нисбат ба дигар минтақаҳои ҳар ду кишвар ба сар мебаранд.

Ҳам иёлати Балучистони Покистон ва ҳам устони Сиистону Балучистони Эрон гурӯҳҳои ҷудоиталаби худро доранд, ки солҳо боз барои таъсиси як давлати воҳид талош мекунанд. Покистону Эрон ин гурӯҳҳои ҷудоиталаби худро гурӯҳҳои “террористӣ” медонанд.

Аммо аз сӯи дигар, балучҳои ҷудоиталаб ин ҳамлаҳоро бехше аз “сиёсатҳои террор” дониста, иддаъо доранд, ки ҳукуматҳои Эрону Покистон миллати балучро аз ҳам ҷудо карда ва дар ҳоли ҳозир Теҳрону Исломобод баъд аз тавофуқоти пуштипардагии худ даст ба наслкӯшии балучҳо мезананд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.