5.9 C
Dushanbe

Нигаронии АНМНТ аз тиҷорати электронии маводи мухаддир

Ожонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон гуфта, ки хариду фурӯши маводи нашъадор тариқи интернет нигаронкунандааст.

Раиси ин ниҳод Ҳабибулло Воҳидзода 4 феврал дар нишасти матбуотии ниҳодаш аз эҳтимоли суръатёбии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тариқи тиҷорати электронӣ ибрози нигаронӣ кардааст.

“Дар соли 2020 дар Тоҷикистон ҳамаги як ҳолати хариду фурӯши маводи нашъовар тавассути интернет ошкор шудааст, аммо ин мавзъу яке аз масъалаҳои ташвишовар мебошад. Дар кишварҳои ҳамсояи мо ин зиёд аст  ва чун тиҷорати электронӣ рӯз то рӯз рушд карда истодааст, эҳтимол дорад ин бахш ҳам зиёд шавад.  Барои ҳамин мо омодагии худро барои пешгирии ин корҳо дида истодаем”, – гуфт Воҳидзода дар нишасти хабарӣ.

Бино ба навиштаи “Asia-Plus” масъули ин ниҳод дар гузоришаш гуфта, ки гардиши маводи мухаддир дар умум дар ҷумҳурӣ соли 2020 кам шудааст, вале – ба қавли ӯ, нагаронкунанда он аст, ки имсол мусодираи моддаҳои психотропии синтетикӣ, ки ба инсон зиёни бештар дорад, 15 кг-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 9 кг ё 2,5 маротиба зиёд аст.

Пештар расонаҳо ва баъзе манобеи огоҳ аз даст доштани наздикони мансабдорони баландпояи кишвар дар тиҷорати маводи мухаддир ҳарф мезаданд. Аммо раиси Ожонсии назорати маводи нашъаовар дар мавриди гурӯҳҳои ҷиноие, ки ба ин кор машғуланд чизе нагуфтааст, танҳо қайд карда, ки онҳоро дастгир кардаанд ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Аммо аз онҳо ном набурдааст.

Шумори нашъамандон – тибқи омори ин ниҳод коҳиш ёфтааст. “Ҳамагӣ 5099 нафар номнавис шудааст, ки 276 нафар камтар аз соли 2019 будааст. Бино ба ҳисоби ин ниҳод бар сари ҳар 100 ҳазор аҳолӣ 55 нашъаманд рост меомадаст, ки дар қиёс бо кишварҳои дигар  нишондиҳандаи хеле паст будааст”, менависад “Asia-Plus”.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Соли 2025 истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон 6,5% афзоиш ёфт, вале “лимит” ҳам сахттар шуд

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 30-юми январ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" қариб 60 дарсад ба анҷом расидааст.

600 донишҷӯи тоҷик аз донишгоҳҳои Русия ихроҷ шудаанд

Дар соли 2025 наздики 600 донишҷӯи тоҷик аз донишгоҳҳои Русия ихроҷ шудаанд.

Боз даргирии мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, шоми дирӯз байни марзбонони тоҷик ва қочоқбарони афғон даргирии мусаллаҳона сурат гирифт.

Ваъдаи навбати мақомдорони тоҷик дар бораи лимити барқ

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки агар боридану барфу борон зиёд шавад, лимити барқ камтар мешавад.