21.9 C
Dushanbe

Номаи саргушодаи ПМТ ба президенти Эрон

Паймони миллии Тоҷикистон бо навиштани номаи саргушода ба Иброҳим Раисӣ, президенти Ҷумҳурии исломии Эрон, аз ӯ хостааст, қазияи зиндониёни сиёсиро дар сафараш ба Душанбе бо Раҳмон дар миён бигузорад.

Рӯзи 6-уми ноябри соли ҷорӣ Салим Суотонзода, сухангӯи ПМТ – эътилофи гурӯҳе аз мухолифони тоҷик дар хориҷ аз кишвар, дар саҳифаи фейсбукияш ин номаи саргушодаро нашр кардааст.

Дар номаи саргушодаи ПМТ гуфта мешавад, ки бо назардошти сафари Раисӣ ба Душанбе, ки қарор аст, фардо, 7-уми ноябр анҷом шавад, ҳангоми мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва дигар мақомоти кишвар чанд нуктаро бояд мади назар дошта бошад.

Аз ҷумла, ПМТ таъкид мекунад, ки Ҳукумати феълии Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмонро ҳукумати қонунӣ ва машруъ намедонад, ба ин далел, ки Раҳмон “ба роҳи кудатои низомӣ дар соли 1992 сари қудрат расидааст, аз он замон то имрӯз талош карда қудратро дар мушташ бигирад ва ҳоло онро ба як ҳукумати комилан хонаводагӣ табдил додааст.”

Инчунин дар нома гуфта мешавад, ки Эрон ҳамчун кишвари зомини сулҳи тоҷикон дар соли 1997, ки бадан Эмомалӣ Раҳмон ин созишномаи Сулҳро яктарафа нақз кард, Эрон бояд пайгири ин масъала бошад, зеро “он ба нафъи ҳар ду кишвар хоҳад буд.

Паймони миллии Тоҷикистон ёдовра шуда, ки Ҳукумати Эмомлаӣ Раҳмон пас аз нақзи созишномаи Сулҳ раҳбарияти ҲНИТ-ро зиндонӣ ва ҳатто бархеро барои умрбод равонаи зиндон кард.

Чун масъалаи онҳо бидуни дахолати шахси Раҳмон ҳал нахоҳад шуд, мо аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун кишвари кафили сулҳ ва шахси шумо ҳамчун раисҷумҳур интизор дорем, ки масъалаи озодии онҳоро бо Раҳмон дар миён бигзоред. Зеро мо барои озодии онҳо аз тамоми васоил истифода хоҳем кард”, омадааст дар номаи саркушодаи ПМТ ба Иброҳим Раисӣ.

Дар нома низ зикр гардида, ки “Ҳукумат бо баҳонаи ҳифзи субот ва оромиш, саркӯби шадиди мухолифонашро идома медиҳад ва ба ҳеч арзише пойбанд нест. Аммо мо бар ин бовар ҳастем, ки амният ва субот дар кишвари мо бидуни як ислоҳоти куллӣ бо озодии зиндониёни сиёсӣ ва баргузории интихоботҳои шаффофе, ки ҳамаи нерӯҳо дар он ширкат кунанд, имконпазир нахоҳад буд.”

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон, сафари расмии Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон ба Душанбе рӯзҳои 7-8-уми ноябр сурат хоҳад гирифт.

Дар назар аст, Иброҳим Раисӣ зимни ин сафараш бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намояд ва дар нишасти палатаи савдои Тоҷикистону Эрон, ки аз 7 то 12-уми ноябр дар Душанбе баргузор мешавад, ширкат кунад.

Ин сафари дувуми Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон аз замони ба курсии президенти Эрон нишастанаш дар соли 2021 мебошад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба хотири дашноми пулис зиндонӣ шуд

Додгоҳи шаҳри Қурғани Русия як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро барои "дашном" ва "зӯроварӣ нисбати корманди ҳифзи ҳуқуқ" маҳкум ба зиндон кард.

Ваҳдат ё ваҳшат?

Маросими таҷлил аз 28-умин солгарди ҷашни Рӯзи Ваҳдат бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мешавад.