Нопадид шудани шуморе аз муҳоҷирони тоҷик дар марзи Белорусу Русия

Гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехостаанд тариқи Белорус вориди Русия шаванд, нопадид гаштаанд. Шумори онҳо ҳудудан 42-45 нафар гуфта мешавад. Дар ин бора ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, Каримҷон Ёров дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод.

Ёров дар суҳбати видеоии худ аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хост дар пайдо кардани шаҳрвандони бедаракшуда кумак кунанд.

“Паём” аз қавли Ёров менависад: “Ҳудуди 42-45 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи 17 май аз Душанбе ба Минск парвоз мекунанд, то тавассути Белорус вориди Русия шаванд. Гурӯҳе аз тоҷикони “корчаллон” ба онҳо мегӯянд, ки шумо наметавонед бо роҳи қонунӣ аз роҳи заминӣ вориди Русия шавед, аммо мо метавонем кӯмакатон кунем то бо роҳи қочоқ вориди Русия шавед.

Ин гурӯҳ аз ҳар нафар 10 000 рублӣ мегиранд ва онҳоро ба мошинҳои сабукрав савор карда, ба шаҳри дигар мебаранд. Дар онҷо онҳоро ба дасти белорусҳо месупоранд. Белорусҳо муҳоҷирони тоҷикро ба минибусҳо савор карда ба бешае назди марзи Русия мебаранд ва дар онҷо ба нафари дигаре аз ҷониби Русяи месупоранд. Ӯ онҳоро дохилтар мебарад ва мегӯяд, ки сабр кунанд, то фурсати мувофиқ расад.

Муҳоҷирон баъди интизории чандсоата тасмим мегиранд ба гурӯҳҳои майда тақсим шуда ба самти Русия ҳаракат кунанд. Як гурӯҳи ҳаштнафара ва ду гурӯҳи сенафара муваффақ мешаванд ба Русия ворид шуда ба шоҳроҳ бароянд. Ду нафарро барои овардани дигарон мефиристанд, аммо онҳо боқимондаҳоро пайдо намекунанд. Дар тамоси телефонӣ мегӯянд, ки онҳоро ба Белорус баргардондаанд”.

Гуфта мешавад, гурӯҳе, ки вориди Русия шуда ба шоҳроҳ баромада буданд, баъди пурсидани роҳ, аз ҷониби кормандони Хадамоти амнияти федеролӣ (ФСБ) дастгир мешаванд. Онҳоро ҷабрдида эътироф карда ҷарима мекунанд ва ба Белорус бармегардонанд. Онҳо бо Каримҷон Ёров тамос мегиранд, аммо тақдири беш аз 30 нафари боқимонда маълум нест.

Ёров аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва мақомоти дипломатии Тоҷикистон дар Белорусу Русия хоҳиш кард дар пайдо кардани ин гурӯҳи шаҳрвандон кумак кунанд. Ӯ ҳамчунин аз муҳоҷирон хост бо роҳи заминӣ аз Белорус ба Русия нараванд, чун ғайриқонунӣ маҳсуб мешавад.

Пештар муҳоҷирон тариқи Узбекистон ва Қирғизистон ба хотири арзон будани билетҳои парвоз ба Русия сафар мекарданд. Аммо бори аввал аст, ки тоҷикон бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба ин кишвар мераванд. Коршиносон ба чунин роҳ рафтани муҳоҷирони тоҷикро дар гаронии аз ҳад зиёди билетҳои парвоз ва оварагию саргардонии шаҳрвандон дар фурудгоҳҳо медонанд.

Ин дар ҳолест, ки гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 10 рӯз буд, ки дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд билетҳо дар даст мунтазири парвоз ба Маскав ва Қазон буданд. Баъзе аз муҳоҷирон то 15 ҳазор сомонӣ билет дарёфт карда буд, аммо ширкати ҳавонавардии Тоҷикистон ба ширкати русии “Северный ветер”, ки муҳоҷирон аз он билет харида буданд, иҷозати парвоз надод ва дар натиҷа муҳоҷирон саргардон беш аз як ҳафта дар фурудгоҳҳо банд монднд. Аммо дирӯз қисме аз онҳо ба Русия бурда шуданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" шикоят кард.