14.9 C
Dushanbe

Нуқтаҳои муҳими Паёми Раҳмон, аз набуди COVID-19 то ёдоварӣ аз “хоинон”

Эмомалӣ Рамҳон раисҷумҳури Тоҷикистон бар хилофи солҳои қаблӣ на дар охири соли 2020 балки рӯзи 26-уми январ соли 2021 дар назди вакилони ҳарду палатаи порлумон аз кори яксолаи ҳукуматаш натиҷагирӣ кард.

Пештар рӯзноманигор Виктория Панфилова дар мақолае, ки мегуфт, Тоҷикистон дар остонаи дефолт қарор дорад навишта буд, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имсол бар хилофи анъанаи солҳои пешин натиҷаҳои соли 2020-умро ҷамъбаст накард. Ва аз қавли манбаъаш дар ҳукумати Тоҷикистон навишт, ки шояд ин кор дар нимаи моҳи январ дар мулоқоти Президент бо вакилон анҷом дода шавад.

Ӯ ҳамзамон аз қавли коршиносон навишт, ки дар ҳар сурат, натиҷаҳо, ноумедкунандаанд. Ва ҳамин тавр ҳам шуд, яъне Раҳмон имрӯз паёми солонаашро дар ҳузури вакилон ироа кард ва ҳамзамон гуфт, ки имсол чӣ корҳоро анҷом хоҳанд дод.

Дар умум, Эмомалӣ Раҳмон паёмашро асосан имсол ба масъалаҳои тандурустӣ, барқ, роҳ ва мактабу маориф бахшид. Раҳмон дар паёми имсолааш дастовардҳои 28 солаи ҳукуматашро асосан бо солҳои 91-ум муқоиса кард. Ӯ гуфт, ки танҳо соли 2020 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

“Дар натиҷа соли гузашта шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2274 расида, тибқи ҳадафҳои муайянгардида дар ҳафт соли оянда ба зиёда аз 3500 расонида мешавад, яъне беш аз 54 фоиз афзоиш меёбад.Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда буд”.

“Дар ин давра зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта, ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ аз 17 миллиард киловатт – соати соли 1991 ба 21 миллиард киловатт – соат дар соли 2019 афзоиш дода шуд”.

Ҳамзамон зикр кард, ки агар соли 1991 дар зинаи аспирантураи Академияи миллии илмҳо ҳамагӣ 148 нафар ҷавонон таҳсил карда бошанд, соли 2020 шумораи онҳо ба 1200 нафар расида, қариб 8 баробар зиёд шудааст.

Шумораи аъзои Академияи миллии илмҳо низ ду баробар зиёд гардидааст. Аммо Раҳмон дар бораи аз кор бозмондани қисме аз корхонаҳо, болоравии қурби асъор ва зиёд шудани шумори сокинони кишвар ва оё ин пешравие, ки Раҳмон иддаояшро дорад ба вазъияти иқтисодии имрӯзаи Тоҷикистон мувофиқ ҳаст ё не, чизе нагуфт.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ моҳи июли соли 2020 гуфта буд, ки танҳо тайи соли охир 124 корхонаи саноатӣ дар Тоҷикистон аз фаъолият бозмонданд. Ин ниҳод ҳамзамон гуфта буд, ки дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 2216 корхонаҳои саноатӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ин нуктаҳои паёми Раҳмон боиси пурсиши фаъолон шудааст, ки чаро бо вуҷуди ин ҳама ба мисли солҳои 91 сокинон дар кишвар кор пайдо карда наметвонанду аз мушкилии норасоии барқ ҳамасола дар фасли сармо ранҷ мекашанд?

Раҳмон дар паёмаш ҳамзамон ёдовар шуд, ки барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ аз 1 –уми сентябри соли 2020 нафақа, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва стипендияҳо 15 фоиз, маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд гардида, нафақаи гурӯҳи маъюбоне, ки ба нигоҳубин ниёз доранд, 50 фоиз зиёд карда шуд.

Чизе, ки пештар сокинон чанд дафъа шикоят карданд, ки ин тағйирро дар нафақаҳояшон эҳсос накарданд.

Ҳамзамон ӯ зикр кард, дар ҳафт соли охир ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз 14,6 миллиард сомонии соли 2014 то 23,6 миллиард сомонӣ дар соли 2020 афзоиш ёфт. Иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид.

Ӯ ҳамчунин дар Паёми соли 2019-аш гуфта буд, ки суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфтааст.

Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд. Аммо аз оне ки қурби пули миллӣ ҳам чанд дарсад поин рафт чизе нагуфт.

Бояд гуфт, ки буҷаи соли 2014 ба ҳисоби доллар 3 миллиарду 100 миллион буд. Дар ҳоле буҷаи соли 2020 бо доллар танҳо 2 миллиарду 200 миллионро ташкил медиҳад.

Раҳмон ин бор ҳам дар ҳузури ҳади ақал 4 фарзанди маснабдораш аз солҳои навад ва ба қавли худаш “хоинон” ёдовар шуд.

“Таъкид месозам, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 –ум доштанд, даст накашидаанд.

Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.

Тавре, ки ман борҳо таъкид карда будам, фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштаракро талаб менамояд.

Бо мақсади идомаи корҳо дар ин самт, Прокуратураи генералӣ вазифадор карда мешавад, ки лоиҳаи нави «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021 – 2025»–ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намояд”.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар соли 2020 бо сабаби баста будани роҳҳо, ҳудуди 80 дарсади муҳоҷирони тоҷик натавонистаанд ба хориҷ раванд. Ба иддаои Раҳмон, аз 460 ҳазор муҳоҷири тоҷик, танҳо 111 ҳазори онҳо тавонистанд барои кор ба хориҷ бираванд. Чунин вазъ нишон медиҳад, ки дар дохили кишвар метавон муҳоҷиронро дар соҳаи саноат ва кишоварзӣ ба кор таъмин кард. Чизе, ки коршиносон ба ягон нуктаи он мувофиқ нестанд.  

Нуктаҳои муҳими дигар дар Паёми Президент озод кардани кишоварзон аз андози ягонаи замин ва авфи амвол дар соли равон буд. Ва нуқтаи аз ҳама баҳсбарангези суханронии раиси ҷумҳур дар мавриди набудани COVID-19 дар кишвар аст.

Эмомалӣ Раҳмон бо қатъият гуфта, ки “Тоҷикистон имрӯз бе COVID-19 аст”. Изҳори назаре, ки ба навиштаи Озодӣ бисёриҳо дар Тоҷикистон ва берун аз он бо шубҳа менигаранд.

Дар охири паёми 2, 5 соаташ расиҷумуҳр гуфт мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст.

Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000 – сола дорад. Ва ин далел низ боиси ифтихори мост, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гардидааст.

Фаъолон ин нуктаи паёми раисҷумуҳрро ба шухӣ кашида гуфтаанд, ки аз имрӯзи Тоҷикистон ба чизаш мешавад фахр кард, маҷбурем бо ҳамон 5000 ҳазору 6000 ҳазор соли пеш фахр кунем.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон шомили кишварҳои олудатарини ҷаҳон шуд

Созмони швейтсариягии IQAir, ки сифатнокии ҳаворо дар кишварҳои ҷаҳон таҳқиқ мекунад, дар гузориши тозааш Тоҷикистонро шомили кишварҳои олудатарини дунё кардааст.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз боздошту шиканҷа

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Ҳабси пешакии гумонбарон дар ҳамлаи хунини Русия

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳоле" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкориҳои худ ва аз он ҷумла дар бораи масоили амниятӣ суҳбат карданд.