Ҳукумати Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон тайи ду даҳсолаи ахир муборизаҳои ғайриқонунии худ алайҳи ҳиҷоби исломиро шиддат бахшид ва ҳоло мехоҳад, ба онҳо ҷомаи қонунӣ бипӯшонад, аммо ҳоло вақти ин корҳо нест, чун агар дар ҳамин шароит як таркиши иҷтимоӣ дар ҷомеа рух бидиҳад, шояд ҳама тару хушкро бисӯзонад. Роҳи ҳал чист?
ТАХЪРИХ
Ҳукумат 19 сол шуд ба сурати ошкоро ва дар айни замон ғайриқонунӣ алайҳи ҳиҷоби исломӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон мубориза мебарад. Дар ин муддат садҳо нафар занону духтарони ҳиҷобпӯши мусалмон тавассути раҳбарияти давлат ва бахусус худи Эмомалӣ Раҳмон, ки онҳоро “бесавод” ва Орумбек Шамсиддинзода, собиқ вазири фарҳанг, ки онҳоро “бӯгин” гуфта буданд, мавриди тавҳину таҳқир қарор гирифта буданд. Дар ин раванд кор то ҷое расида буд, ки ҳатто тавассути бархе кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар пойтахт бархе бонувони сатрпӯш ба мисли Нилуфар Раҷабова ҳам мавриди шиканҷаҳои равонӣ ва ҳам шиканҷаҳои ҷисмонӣ қарор гирифта буданд.
АСОСГУЗОР
Мубориза бар зидди ҳиҷоби исломиро вазири маорифи вақт Абдуҷаббор Раҳмонов (ҳоло Раҳмонзода, сафири ҶТ дар ҶӮ) соли 2005 аз долонҳои факултаи Журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон оғоз карда буд. Ёд дорам, устодони се факултет аз байни наздик ба 2 ҳазор дошниҷӯдухтар як духтареро пайдо накарда буданд, ки ба гуфтаи худашон бар асоси расми “фарҳанги момоӣ” як “рӯймоли тоҷикӣ” дар сари худ баста бошад…
САБАБҲО
Оммавӣ кардани мубориза бо ҳиҷоби исломӣ, бо риши мардҳо, бо масҷид, ва ё дар умум бо дигар мазоҳири исломӣ дар Тоҷикистон агар аз як сӯй дар зоҳир бадбинӣ нисбат ба ислом ва мусалмонон талаққӣ карда шавад, аз сӯи дигар бархе мақомдорони давлатӣ ба хотири дур кардани афкори ҷомеа аз мушкилоти рӯз ин муборизаҳоро замоне байни мардум густариш медиҳанд, ки ҳукумат ба ягон буҳроне гирифтор шавад.
ФАРЁДИ ЗАНОН
Аммо имсол вақте ҳукумат хост, ки бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи ҷашну маросими миллии Тоҷикистон” ин муборизаҳои худ алайҳи ҳиҷоби исломиро аз нав ба сурати қонунӣ байни мардум роҳандозӣ кунад, дарҳол ба вокунишҳои тунди мардум рӯ ба рӯ шуд.
Аз як сӯ дар ба вуҷуд овардани афкори омма дар ҷомеа нақши хеле аз кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар муассисаҳои давлатӣ, ки ҳанӯз ин иқдом ҳукми қонунӣ нагирифта, дарҳол вориди амал шуданд, хеле таъсиргузор буд. Аз сӯи дигар, бо баракати шабакаҳои иҷтимоӣ ин иқдоми ҳукумат дар ҳол расонаӣ ва вокуниши мардумро ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар ба вуҷуд овард. Фарёди кумакхоҳии иддае аз занони ҳиҷобпӯш дар ҷомеа ҳам то ҳол хеле таъсиргузор будааст. Ин ҳама боис шуда, ки дар хориҷ бархе созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва созмонҳои исломӣ низ аз минбарҳои мухталиф ин иқдоми ҳукуматро маҳкум кардаанд.
ИҚДОМИ МУТТАҲИДКУНАНДА
Дар камтар аз се моҳе, ки хабари ин иқдоми ҳукумат расонаӣ ва хеле аз кормандони давлатӣ вориди амал шудаанд, мухолифони ҳукумат, ки худро садои мардум медонанд ва низ дар хеле мавридҳо аз ҳар фурсате мехоҳанд ба нафъи худ истифодаҳои сиёсӣ бикунанд, ин кор барои онҳо як “фурсати тиллоӣ” дониста мешавад. Инчунин ин иқдоми ҳукумат аз нигоҳи фикрӣ тавониста, ки онҳоро дар гӯшаҳои мухталифи дунё алайҳи ҳукумати феълӣ бо ҳам муттаҳид кунад.
Дар ин раванд, ба назар мерасад, ки ҳам мухолифони сиёсӣ ва ҳам мухолифони силоҳбадасти ҳукумат ҳоло ба ин натиҷа расидаанд, ки ба ҳар қимате бошад, пеши роҳ ин иқдом гирифта шавад ва дар ғайри он бояд ҳукуматро сарнагун бикунанд. Иддае аз мардум ва бархеҳои фурсатталаб дар дохили худи ҳукумат низ ошкору пинҳон дар канори онҳо паҳлу гирифта, мухолифонро бо факту рақамҳо таъмин мекунанд.
ЭЪЛОНИ ҶИҲОД
Агар як гурӯҳ аз мувофиқони ҳуқуқи инсон ва мусалмон хостори он шудаанд, ки бояд пеши роҳи ин иқдоми ҳукумат аз роҳҳои қонунӣ ва мусолиматомез гирифта шавад, гурӯҳи дигаре, ки худро ҷабрдида медонанд, ошкоро алайҳи ҳиҷоби исломӣ мубориза кардани ҳукуматро “куфр” дониста, дар Тоҷикистон “эълони ҷиҳод” кардаанд.
Бинобар ин, дида мешавад, ки агар мухолифони сиёсӣ дар ин мубориза тавассути расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ камар баста бошанд, мухолифони силоҳбадаст, ки қисме дар Афғонистону Сурия ва Ироқ ва яке аз мубаллиғони фикрии онҳо ба мисли шайх “Маданӣ”, ки дар Бритониё қарор дорад, ошкоро алайҳи ҳукумат эълони муборизаҳои мусаллаҳонаро матраҳ кардаанд. Маҳз ана ҳамин эълони онҳо ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро ба ларза овардааст.
ТАБЛИҒОТИ НОДУРУСТ
Вақте ҷонибдорони ҳиҷоби исломӣ бо далелҳои раднопазир аз Қуръон ва суннати Паёмбари Худо (с) ва фактҳои воқеъӣ аз ҳаёти бонувони ҷабрдида дар дохили Тоҷикистон бо аксу наворҳо суҳбат мекунанд, мутақоъид кардани онҳо бо таблиғоти пӯч, нодуруст, гапҳои хом ва дигар сафсатаҳои ину он короӣ надоранд! Ин ҳама на танҳо бефоида, балки натиҷаи баръакс ва боиси дар ҷомеа беш аз ин ҳам шуълавар кардани мавзуъро дар пай доранд.
МАҒЗУБИ ҲУКУМАТ
Маҷбур кардани бархе рӯҳониёни “мағзуби ҳукумат”, ки солҳо пеш аз минбарҳои масҷидҳо ронда шуда буданд, ба мисли Ҳоҷи Мирзо ва домулло Абдурраҳими Қазоқонӣ, ҳеч дардеро даво намекунад. Инчунин бархе блогерҳо ва баъзе пиру кампирҳои дигар натиҷаи баръакс дода, вазъиятро бадтар мекунад ва беҳтар не!
ЁРОНИ ПАЁМБАР (с)
Ба фарзи мисол, дар ҳоли ҳозир ва дар ана ҳамин масъала мақомоти Тоҷикистон агар тавони онро дошта бошанд, ки надоранд, ёрони Паёмбари Худо ба мисли Абубакри Сиддиқ ва Умари Форуқро низ аз қабрҳо зинда карда биёранд, то дар амри мубориза алайҳи ҳиҷоби исломӣ аз ҳукуматдорони кишвар ҳимоят кунанд, фоида надорад!
ИШТИБОҲ
Худонохоста, агар дар ҳамин шабу рӯзе, ки “тарафҳои низоъ” дар рӯбарӯи якдигар сафороӣ карда, алайҳи якдигар дандон тез кардаанд, як кормандони мақомоти давлатӣ дар рафти корҳои “фаҳмондиҳӣ” дар байни бонувони ҳиҷобпӯш тавассути яке аз наздикони онҳо ё ягон марди хундарҷӯши дигар мавриди ҳамлаи физикӣ қарор бигирад, оташи ин ҷанг афрӯхта хоҳад шуд. Дар он замон гар, хабари онҳо расонаӣ шавад, дониста бошем, ки дар як муддати кӯтоҳ вазъи хеле аз кормандони давлатӣ ва бахусус онҳое, ки тӯли ин 19 сол алайҳи ҳиҷоби исломӣ дар кӯчаву хиёбонҳо мубориза карданд, хеле бад хоҳад шуд.
ҚИСОС
Мардум ва бахусус ҷабрдидаҳоро кару кӯр ва ё содаву фаромӯшхотир тасаввур кардан, кори ғалат аст. Зеро, дар ин шароит ва ин шабу рӯзҳо аз як сӯ фишорҳои зиндагӣ ва аз сӯи дигар фишорҳои мақомот хелеҳоро аз ҷони худ “сер” кардааст. Ба ҳамин хотир, ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки ба хотири рӯзи мабодо ва “қисос” гирифтан, шояд хелеҳо аксари онҳоеро, ки дар кӯчаву хиёбонҳо алайҳи ҳиҷоби исломӣ мубориза кардаанд, шиносоӣ кардагӣ бошанд, вақте оташи кинаву ғазаб афрӯхта шуд, аҳволи онҳо хеле бад хоҳад шуд…
ПЕШНИҲОДИ УЗРХОҲӢ
Пешниҳод ин аст, ки агар мақомоти олии кишвар фикри оромиши ҷомеа ва осоиши зиндагӣ ва курсиҳои равғанину намакини худро дар сар дошта бошанд, барои ин ҳама ноадолатиҳо бояд самимона аз мардум УЗРХОҲӢ кунанд.
КИБРУ ҒУРУР
Ҳоло ки кор ба ин ҷо кашида шудааст ва мушкилот даҳчанд гаштааст, яке аз роҳҳои таъсиргузори дигар ин аст, ки бояд оилаи ҳукмрон раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмонро мутақоъид кунанд, ки аз болои дарахти кибру ғурур пойин шавад.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Президенти Тоҷикистон бояд бобати ин ҳама 19 соли муборизаҳои ғайриқонунии зердастонаш аз мардум ва бахусус он идда аз бонувони кишвар, ки барои ҳиҷоби исломиашон тайи ин ҳама солҳо мавриди озору азияти мақомоти интизомӣ ва дигар кормандони давлатӣ қарор гирифтаанд, худи Эмомалӣ Раҳмон расман УЗРХОҲӢ кунад.
НАМОИШКОРОНА
Инчунин ба хотири он ки ин УЗРХОҲӢ муваҷҷаҳ ва самарабахш сурат бигирад, НАМОИШКОРОНА, бале НАМОИШКОРОНА раиси Кумитаи дин (маъруф ба Кумитаи зиддиисломӣ), раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ, вазири корҳои дохилӣ ва раиси КДАМ-ро ба бемасъулиятӣ, камкорӣ ва надодани машваратҳои дуруст ва додани иттилооти ғалат муттаҳам карда, аз вазифа барканор кунад.
ТАНБЕҲ
Ҳамзамон вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистонро, ки дар ин рӯзҳо сабабгори асосии ин ҳама бебандубории фикрӣ, тақсими ҷомеа ба ду-се гурӯҳ, ки дар воқеъ амнияти кишвар ва миллатро дар хатар гузоштаанд, танбеҳ ва муҷозот карда, лоиҳаи тағйиру иловаҳо ва такмили Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон”-ро бекор кунад.
Амруллоҳи НИЗОМ