7.9 C
Dushanbe

Оғози даъвати баҳорӣ наваскарон ба артиш

Аз 1-уми апрели соли ҷорӣ мавсими даъвати баҳории наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз шуд.

Тавре Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод, бо қарори раисҷумҳури кишвар аз аввали моҳи апрел то моҳи майи соли ҷорӣ марҳила ба марҳила сарбозоне, ки муддати ду соли хидматро ба поён расониданд, “ба эҳтиёт рухсат дода” мешаванд ва дар зимн ҷавонони солҳои таваллуди 1997-2006 барои адои хидмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд.

Ба иттилои Вазорати мудофиаи кишвар, шуруъ аз рӯзи 1-уми апрели соли ҷорӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар даъвати навбатии ҷавонписарон ба сафи ҷузъу томи Артиши миллии Тоҷикистон оғоз шуд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон дар ду мавсим – баҳору тирамоҳ даъвати ҷавонписарони аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз мешавад. “Аз ҷумла, даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз гардида, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шуруъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.”

Аммо ба гуфтаи таҳлилгарони тоҷик, бо оғози ин мавсимҳо мавсими “одамшикор”-и мақомот ва мавсими “пулкоркунӣ”-и масъулини комиссариятҳои ҳарбӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ оғоз мешавад. Дар ҳар мавсим даҳҳо наворҳои видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мегардад, ки дида мешавад, кормандони комиссариятҳои ҳарбӣ ҳамроҳи мақомоти амният ва интизомӣ ба хонаҳои мардум зада медароянд ва ё дар кӯчаҳо ба зӯр аз дасту бозуи ҷавонон дошта, онҳоро кашо-кашон ба мошинҳои худ савор мекунанд. Чунин рафтори ғайриқонунии мақомоти дахлдор ҳамасола мавриди интиқоди шадиди ҷомеа қарор мегирад, вале давоми 30 сол боз ҳеч ниҳоде наметавонад пеши роҳи чунин рафтори авбошонаи масъулини ҳарбӣ ва амниятиро намегирад.

Гуфта мешавад, қаблан ҷавонон барои фирор аз хидматии ҳарбӣ ба донишгоҳҳо шомил мешуданд, вале ҳоло ки хидмати ҳарбии пулакӣ ҷорӣ шудааст, аксари ҷавонон бо пардохти 50 ҳазор сомонӣ санади ҳарбиро ба даст меоранд ва бо ҳамин аз адои хидмат маъоф мешванд. Бино бар ин, тибқи оморҳои расмӣ, тайи ду-се соли ахир шомилшавии донишҷӯён ба донишгоҳҳо ба таври чашмрас, то 40 дарсад коҳиш ёфтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.