22.9 C
Dushanbe

Оё Толибон дар ҳамкорӣ бо Русия ҳукумати Ғаниро сарнагун кард?

Акс аз “shahraranews” гирифта шудааст

Фарзияи вуҷуди радди пойи Русия дар фирорӣ додани Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, собиқ президенти Афғонистон аз Кобул то рафт рӯшантар мешавад.

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, ки рӯзи 15-уми август баъди нисфирӯзӣ Арг (қаср)-и раёсати ҷумҳурии Ағонистонро тарк ва Толибон Кобулро ишғол карданд, 18-уми август дар як навори видеоӣ аз мавҷуд будани худ дар Амороти Муттаҳидаи Араб дарак дода, гуфт:  “Толибон ва чеҳраҳои ношинос, ки ба забони кишвари Афғонистон ошно набуданд, вориди Арг (қасри Президент) шуда, утоқ ба утоқ гашта, ӯро ҷустуҷӯ мекарданд…”

16-уми август, Никита Ишенко, котиби матбуоти сафорати Русия дар Кобул ба “РИА Новости” гуфта буд, “чор мошин пур аз пул буд, онҳо (Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва ҳамроҳонаш) қисми дигари пулро ба чархбол пур карданӣ шуданд, аммо на ҳамааш ғунҷида буд. Ва як қисми пул дар майдони ҳавоии Кобул боқӣ монд.”

Хабар дар бораи бо пул хориҷ шудани Ашраф Ғаниро сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Зоҳири Ағбар низ баъдтар таъйид карда, 18-уми август дар суҳбат ба расонаҳо эълом кард, ки президенти фирории ин кишвар бо 169 миллион доллар Кобулро тарк кардааст.

Ҳамзамон шабакаи хабарии Эронинтернешнал бо нашри феҳристи мусофирони як парвози Кобул дар шоми 15-уми август эълом кард, ки зоҳиран Муҳаммад Ашраф Ғанӣ тавассути ҳавопаймои яке аз ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ Афғонистонро тарк кардааст. Зеро номи президенти фирории ин кишвар дар охирин сатри ин лист таҳти рақами 52 сабт шудааст.

Инчунин дар замони фирорӣ додани Ашраф Ғанӣ бо Толибон киҳо буданд ва аз соати 14:00 баъд аз зуҳр то замони парвоз, ки соати 21-и шаб гуфта мешавад, президенти фирории Афғонистон дар куҷо нигаҳдорӣ мешуд, суолест, ки то ҳол посухи худро наёфтааст…

Ба навиштаи расонаҳо, афғонҳо дар аввал бо дидани ин лист гумон карданд, ки чун овоза буд Муҳаммад Ашраф Ғанӣ нахуст ба Тоҷикистон фирор кардааст, ин лист бо забони форсӣ-тоҷикӣ ва бо хатти крилӣ тартиб дода шудааст, аммо акнун мефаҳманд, ки лист бо забони русӣ таҳия шуда, Ашраф Ғанӣ ва ҳамроҳонаш бо ҳавопаймои русӣ Кобулро тарк кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба қавли хабаргузории “Форс” ба нақл аз шабакаи хабарии Алҷазира масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Бурл эълом кард, “масъалаи муҳим ин аст, ки иҷоза надиҳем Чин ва Русия контроли Афғонистонро дар даст бигиранд. Чин ва Русия акнун гомҳои дипломатики худро бо Толибон бардоштаанд ва ин тавозуни қувваро тағйир хоҳад дод ва бояд барои муқобила бо он фикр кунем.”

20-уми агвуст, Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия таъкид кард, ки Муҳаммад Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон фирор кард ва ӯ масъули вазъияти феълӣ аст. Ба гуфтаи Захарова, Ғанӣ гуфтугӯҳои байналафғониро натавонист дар муддати се сол ба натиҷа бирасонад, то як давлати фарогир бо мушорикати ҳама нерӯҳои сиёсӣ ҳосил шавад, аммо ин фурсатҳо аз даст рафт.

Мақомоти Русия пеш аз ин ҳам аз замони суқути Кобул ба дасти Толибон дар рӯзи 15-уми августи соли ҷорӣ то кунун ба ҳисоби миёна ҳар рӯз бо шаклҳои мухталиф аз ҳукумати Ашраф Ғанӣ, ки онро дастнишондиҳандаи Амрико медонанд, интиқод ва аз ҳаракати Толибон истиқбол мекунад, ҳатто кор то ҷое расид, ки сафорати Русия дар Афғонистон шаби аввали ҳузури Толибон дар Кобулро амнтар аз замони Ашраф Ғанӣ эълон кард, ҳол он, ки Русия Толибонро ҳаракати террористӣ мешиносад.

Коршиносон мегӯянд, яке аз иллатҳои аслӣ дар хусуси фаъол шудани сафорати Русия дар Кобул ва иддаъои фошкориҳо дар робита ба ғорати 4 мошин пул тавассути президенти собиқи Афғонистон, ки Ашраф Ғанӣ ин иддаъои пулдуздиро рад кард,  дар он тахмин зада мешавад, ки дипломатҳои рус чун дар ин қазия даст доранд, ҳамзамон дар такя ба халабонҳои мавҷуд дар парвози зикр шуда хостанд пеш аз дигарон иттилоърасонӣ кунанд.

Пеш аз ин собиқ сухангӯи Толибон Абдулманнон Ниёзӣ дар як навори видеоӣ иддаъо карда буд, ки Русия “ба хотири задани Амрико дар Афғонистон” бо Толибон ҳамкорӣ мекунад ва тавассути Тоҷикистон ба ин ҳаракат кумакҳои молии худро мерасонад.

Таъкиди Вазорати хориҷаи Русия бар ин, ки Ашраф Ғанӣ фирор кардааст, ин тахмини коршиносонро тақвият медиҳад. Инчунин гуфтаҳои президенти Афғонистонро, ки иддаъо мекунад “Толибон ва чеҳраҳои ношинос, ки ба забони кишвари Афғонистон ошно набуданд*” фарзияи даст доштани русҳо ҳамроҳи Толибон дар сарнагун кардани ҳукумати Афғонистонро қаввитар мегардонад.

*Забони муоширати байналмилалӣ дар Афғонистон англисӣ аст. Ашраф Ғанӣ таҳсилкардаи Амрико ва бо ин забон хуб балад аст. Ӯ форсӣ, пашту, урду ва англисиро медонад.  Нерӯҳои НАТО низ дар Афғонистон бо англисӣ суҳбат мекунанд. Ғанӣ русиро намедонад ва ин забон барои аксари афғонҳо низ ноошност. Ғанӣ мехоҳад бигӯяд, ки ҳангоми суқут додани Кобул дар Арг ҳамроҳи Толибон на эрониву покистонӣ ва на аз нерӯҳои НАТО, ки бо англисӣ суҳбат мекунанд, касе ҳузур надошт…

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.