25.9 C
Dushanbe

Олмон ду нафарро бо иттиҳоми ҷосусӣ барои Русия боздошт кард

Мақомоти Омлон ду нафарро бо иттиҳоми ҷосусӣ барои Русия боздошт карданд. Дар ин бора рӯзномаи олмонии Шпигел (Der Spiegel) 18-уми апрел хабар дод.

Ин рӯзнома ба нақл аз Додситонии кулли Олмон хабар дод, ки рӯзи чоршанбе 17-уми апрел пулиси вежаи зидди ҷосусии ин кишвар дар шаҳри Байройти иёлоти Байерн ду шаҳрванди Русияро, ки ҳамзамон шаҳрвандии Олмонро низ доштанд, бо иттиҳоми ҷосусӣ барои Русия дастгир карданд.

Олмон ин ду нафари боздоштшударо ба он муттаҳам карда, ки гӯё аз пойгоҳҳои амрикоии дар ин кишварбуда иттилоотро барои Русия ҷамъоварӣ карда, барои амалиёти харобкорона ҳангоми ҳамлу нақли низомии ин пойгоҳҳо барномарезӣ кардаанд.

Додситонии Олмон аз боздоштшуда Дитр ва Александр ном бурда, мегӯяд, аз ҷумла Дитри 39-сола маъмури сервиси махфии Русия аст ва барои аҳдофи харобкорона ва аксбардорӣ аз таъсисоти низомӣ дар Олмон аз сӯи Русия барои ҷосусӣ гуморида шудааст.

Ба иттилои расонаҳои олмонӣ, ин фард эътироф карда, ки барои оташсӯзӣ ва таркондани зерсохторҳои низомӣ, корхонаҳои аслиҳасозӣ ва дигар таъсисоти санъатӣ дар Олмон барномарезӣ карда ва ҳадафи ин барномаҳо “заъиф сохтани ҳимояти Олмон аз Украина” будааст.

Аммо нафари дуюм, ки аз ӯ Александи 37-сола ёд мешавад ва ӯ низ шаҳрвандии русӣ-олмонӣ доштааст, ӯро ба хотири ҳамроҳӣ кардан аз Дитр, ки аз пойгоҳҳои низомии Амрико акс гирифта, ба русҳо фиристодааст, боздошт кардаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Олмон дар робита ба боздошти ин ду нафар дирӯз сафири Русия дар ин кишварро ба вазорат эҳзор кардааст.

Дар ҳамин ҳол Дмитри Песков, сухангӯи Кремлин дирӯз ҳамкории ин ду нафарро бо сервиси истихбороти кишвараш рад кард ва гуфт, ки аз ҷузъиёти он огоҳӣ надорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чархаи 7-уми НБО-и “Норак” фаъол шуд. Оё “лимит” аз байн меравад?

Рӯзи 24-уми апрели соли 2026 чархаи 7-уми Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" бо ҳузури раисҷумҳури кишвар Эмомлаӣ Раҳмон ба кор оғоз кард.

Бонкҳои Тоҷикистонро аз рӯйхати сиёҳи ИА берун карданд

Иттиҳоди Аврупо бонкҳои марбут ба наздикони Эмомалӣ Раҳмонро аз рӯйхати сиёҳаш берун кард.

Суръати интернет дар Тоҷикистон беҳтар шуд?

Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии ҷаҳонии суръати интернет беҳтар кард.

Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: барканориҳо ва таъйиноти нав дар чанд ниҳод

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон тағйироти кадриро дар сохторҳои гуногуни давлатӣ анҷом дод.