25.9 C
Dushanbe

Олмон: Ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддин ба Тоҷикистон кори хато буд

Ба иддаои Шамсиддини Саид, падари Абдуллоҳи Шамсиддин, вазири корҳои хориҷии Олмон ихроҷи писараш ба Тоҷикистонро кори хато ва иштибоҳи мақомоти ин кишвар хондааст.

Имрӯз, 16-уми июни соли 2023 ҷамъе аз фаъолони олмонӣ ҳамроҳ бо иддае аз фаъолони сиёсии Тоҷикитсон дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Берлин ва назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар пойтахти ин кишвар тазоҳуроти эътирозӣ баргузор карданд.

Дар рафти ин тазоҳурот, ки бо ҳузури даҳҳо нафар сурат гирифт, Шамсиддини Саид, падари фаъоли ихроҷшуда Абдуллоҳи Шамсиддин дар суҳба AZDA TV гуфт, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеролии Олмон (ВКХ ҶФО) ба вакилони ин кишвар дар парлумон гуфтааст, ки ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддин ба Тоҷикистон як кори хато ва иштибоҳи мақомоти ин кишвар будааст.

Шамсиддин Саид дар идома афзуд, ки иқрори ин иштибоҳ дар сатҳи Вазорати корҳои хориҷии Олмон, ки ҳам дар парлумон ва ҳам бархе расонаҳои ин кишвар садо додааст, ин паёмро ба ҳам расонда, ки мо низ “эҳсоси хато кардан аз мақомоти олмониро ҳис кардем.”

Аммо таъйиди ин хабар аз забони Вазорати корҳои хориҷӣ ва ё дигар ниҳодҳои расмии ин кишвар ба AZDA TV муяссар нушудааст.

Гуфта мешавад, 18-уми январи соли ҷорӣ мақомоти Олмон фаъоли сиёсии тоҷик Абдуллоҳи Шамсиддинро аз тариқи Туркия ба Тоҷикистон ихроҷ карда буданд ва дар фурӯдгоҳи Душанбе мақомоти тоҷикистонӣ билофосила ӯро боздошт ва сипас бо ҳукми додгоҳ ба 7 соли зиндон маҳкум шуд.

Аз он замон то ҳол фаъолони олмонӣ ҳамроҳ бо хеле аз фаъолони сиёсии тоҷикистонӣ, ки муқими кишварҳои мухталифи узви Иттиҳоди Аврупо ҳастанд, зиёда аз 16 маротиба ҳамоишҳои эътирозӣ барпо карда, барои раҳоӣ ва бозгардандони ӯ ба назди ҳамсару фарзандон ва дигар аъзои хонаводаашон, ки муқими ин кишвар ҳастанд, дархости кумак кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Таркиш: Беш аз 300 кушта ва захмӣ дар Қарбоғи Кӯҳӣ

Бар асари як таркиш дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ зиёда аз 300 нафар кушта ва захмӣ шудааст.

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷӣ

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Узбекистон бо нашри "изҳороти матбуотӣ"-и муштарак аз баргузории ҷаласаи як ҳафтаинаи мақомоти ду кишвар хабар доданд.

Пулиси нозири роҳ ронандаро зад

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуда, ки дида мешавад,...

Тазоҳуроти мухолифон дар Олмон алайҳи сафари Раҳмон ба ин кишвар

Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" эълон кардааст, ки рӯзи 28-уми сентябр дар шаҳри Берлини Олмон алайҳи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар гирдиҳамоии эътирозӣ барпо хоҳанд кард.