Оташбас дар Ғазза барқарор шуд

Рӯзи якшанбе, 19-уми январ соати 8:30 субҳ ба вақти маҳаллӣ оташбас дар Ғазза барқарор шуд ва мардум барои изҳори шодӣ ба кӯчаҳо баромаданд.

Исроил 471 рӯз Ғаззаи кӯчакро бо сангинтарин силоҳҳо бомброн кард, ки ҳоло, ба хусус дар минтақаи шимол ҳеч хонае вуҷуд надорад ва ҳама ба саҳро ва талутеппа мубаддал шудааст.

Қарор аст, марҳилаи аввали оташбас 42 рӯз идома ёфта, дар ин муддат 33 асири исроилӣ ва 1900 асири фаластинӣ озод шаванд. Аллакай дирӯз, 3 асири исроилӣ ва 90 зиндонии фаластинӣ озод шуда, ба хонаҳои худ баргаштанд.

Тибқи тавофуқоти дуҷониба, дар ин миён наздики 300 нафар аз зиндониёни фаластиние, ки дар зиндонҳои Исроил барои якумра маҳкум шуда буданд, озод мешаванд, аммо 230 нафари онҳо ба шарти берун шудан аз хоки Фаластин озод мешаванд ва ҳаққи ворид шудан ба хоки кишвари худро надоранд.

Ва ҳамчунин расонаҳо хабар медиҳанд, тибқи бандҳои оташбас дирӯз барои бори аввал 600 мошин кумакҳои башардӯстона вориди Ғазза шудааст. То ин дам ворид шудани шудани мошинҳои ҳомили кумакҳои башардӯстона, хусусан ба шимоли Ғазза мамнуъ буд ва ё хеле кам ворид мешуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Ғазза мегӯяд, аз дирӯз танҳо дар минтақаи Рафаҳ 97 ҷасадро аз кӯчаҳо ва аз зери овораҳо берун овардаанд. Ин ниҳод мегӯяд, ба сабаби бомборонҳои Исроил 99 корманд ҳангоми корҳои кумакрасонӣ ҷони худро аз даст дода, беш аз 350 нафар боздошт шудаанд, ки то ҳол тақдири онҳо маълум нест.

Дар ҳамин ҳол Доналд Трамп, ки имрӯз ҳамчун президенти 47-уми Амрико бояд қасам ёд кунад, оташбаси Ғаззаро “бузургтарин дастовард” хонад ва афзуд, ки ин оғози сулҳи доимӣ дар Ховари Миёна аст.

Аммо Бинёмин Натанёҳу, сарвазири Исроил мегӯяд, тамоми асирон баргардонида мешаванд, вале ин оташбас муваққатӣ аст ва бояд ҲАМОС дар Ғазза аз байн бурда шавад.

Ёдовар мешавем, ки Исроил бо кумаки кишварҳои абарқудрат аз 7-уми октябри соли 2023 Ғаззаро ба хоку хун кашид ва дар ин минтақаи кӯчак, ки беш аз 2 миллион нафар зиндагӣ мекунанд, даст ба наслкушӣ зад. То кунун 157 ҳазор нафар кушта ва захмӣ баҷо гузошт, ки беш аз 70% онҳоро занону кӯдакон ташкил мекунанд. Ба гуфтаи масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Ғазза, ҳоло беш аз 11 ҳазор ҷасад зери овораҳо мондааст, ки натавонистаанд онҳоро берун бароранд. Инчунин дар пайи бомборонҳои шадид ва дар ҳоли гуруснагӣ нигоҳ доштани аҳолии Ғазза низ даҳҳо кӯдаку пиронсол ҷони худро аз даст додаанд, ки инро фоҷеаи бузурги инсонӣ дар дунё номиданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Роғун” ё нерӯгоҳи офтобӣ, ки бо суръат арзон мешавад? Кадоме беҳтар аст? 

Дар ҳоле ки қимати нерӯгоҳ ва барқи офтобиву бодӣ бо суръат арзонтар мешавад ва суръати сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ низ бамаротиб тезтар аст, оё месазад ба ҷои “Роғун” дар Тоҷикистони офтобӣ нерӯгоҳи офтобӣ сохта шавад?

Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Душанбе аз таҳримҳои зидди Эрон ҳимоят намекунад

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ гуфт, Душанбе мухолифи таҳримҳои зидди Эрон аст ва чунин маҳдудиятҳоро ба нафъи ҳеҷ кишвар намедонад.

СММ: Дар се соли охир наздик ба шаш миллион муҳоҷири афғон ба ватанашон баргаштаанд

Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) мегӯяд, дар давоми наздик ба се соли охир тақрибан шаш миллион шаҳрванди Афғонистон аз кишварҳои хориҷӣ ба ватанашон баргаштаанд.

Боз марги як сарбоз дар артиш. Чаро касе сабаби маргашро шарҳ намедиҳад?

Солеҳ Файзиеви 19-сола, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, дар шароити номаълум ба ҳалокат расидааст.