1.9 C
Dushanbe

Оё байни Исроилу Лубнон оташбас мешавад?

Ба иттилои расонаҳо, рӯзи панҷшанбе сарвазири Исроил Бинёмин Натанёҳу Вошингтонро аз омодагии худ барои музокирот дар мавриди барқарории оташбаси муваққатӣ дар Лубнон хабар додааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки шоми рӯзи чоршанбе, 25-уми сентябр раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден дар як суханронӣ аз хатари оғози як ҷанги фарогир дар Ховари Миёна ҳушдор дод ва аз Исроил хост барои оташбас иқдом кунад.

Ҳамзамон вазири корҳои хориҷии Амрико Антони Блинкен зимни таъкиди ин ки эҳтимоли як ҷанги фарогире дар тамоми Хоаври Миёна хеле зиёд аст, гуфт, ки бо роҳҳои дипломатӣ ва музокирот метавон шиддати онро коҳиш дод.

Дар ҳамин ҳол бархе расонаҳои исроилӣ хабар додаанд, ки эълони омодагӣ барои музокирот бо “Ҳизбуллоҳ” аз ҷониби Натанёҳу ҳақиқат надорад.

Қабалн расонаҳои исроилӣ аз қавли мақомоти ин кишвар хабари изҳори омодагии Натанёҳуро барои музокирот бо “Ҳизбуллоҳ” нашр карда буданд. Гуфта мешуд, ки ҷониби “Ҳизбуллоҳ” ҳам аз ин эълон истиқбол карда ва аз музокирот хушбин ҳастанд. Аммо соате пас мақомоти исроилӣ инро рад карданд ва эълон карданд, ки чунин чизе вуҷуд надорад ва ҳамлаҳои низомӣ тибқи нақшае, ки аз ҷониби Натанёҳу пешниҳод шудааст, идома хоҳад ёфт. 

Мақомоти Исроил мегӯянд, ки изҳороти Байден танҳо ҷанбаи пешниҳодӣ дорад ва чунин пешниҳодро Фаронса низ кардааст, вале ҷанг бояд идома ёбад. Ба ин изҳороти мақомоти Исроил бархе аз кишварҳои ғарбӣ вокуниш нишон доданд.

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки ҳукумати Байден дар қиёс ба ҳукуматҳои қаблӣ дар идораи буҳрони пешомада дар Ховари Миёна заъифтар аст ва наметавонад болои ҳукумати Исроил таъсир расонад.

Ёдовар мешавем, ки аз рӯзи панҷшанбе, 19-уми сентябр Исроил ҳамлаҳои худро ба минтқаи ҷанубии Бейрут, пойтахти Лубнон шиддат бахшид. Тибқи иттилои мақомоти ин кишвар, танҳо дар ҳамлаҳои дирӯзи Исроил ба Лубнон дасти кам 140 нафар кушта шуда, ҳудуди 200 нафар захмӣ шуданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон заифтар аз соли гузашта ва дар ҷои 108- ум аз лиҳози қудрати низомӣ

Дар соли 2025 Тоҷикистон дар радабандии солонаи Global Firepower (GFP) аз миёни 145 кишвар дар ҷои 108-ум қарор гирифт.

Оё Туркия нафти Озарбойҷонро ба Исроил мерасонад?

Гузориши нави созмонҳои Progressive International ва Stop Fuelling Genocide...

Ғалабаи нави Нурулло Алиев дар UFC

Размикори тоҷик Нурулло Алиев дар нахустин мусобиқаи UFC дар соли 2025, ки дар Лас-Вегаси ИМА баргузор шуд, бар рақиби худ пирӯз гашт.

Сайфиддин: “Дар омадани ман ба Сурия ҲНИТ даст надорад”

Сайфиддин Тоҷибоев дар мусоҳибае ҷузъиёти ҳаёт ва ба мақоми баланди низомӣ расиданашро дар Сурия мегӯяд.