Оё раводиди байи Эрон ва Тоҷикистон пурра бекор шуд?

Зимни сафари раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз лағви пурраи низоми раводид байни ду кишвар хабар дод.

Дар мулоқотҳои якҷоя Масъуд Пизишкиён хабари лағви пурраи раводидро тасдиқ кард. Дар ҳамин ҳол расонаи тоҷикии “Asia Plus” дар истинод ба манобеи худ хабар медиҳад, ки рӯзҳои ахир чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни раводид аз Туркия вориди Эрон шудаанд.

Таҳлилгарон бар асоси баёнияҳои мустақим ва ғайри мустақими раисҷумҳурони кишварҳои Тоҷикистон ва Эрон мегӯянд, ин ду кишвар раводид байни ҳамдигарро пурра лағв кардаанд. Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ин хабарро рад ё тасдиқ накардаанд. 

16-уми январ, дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо ҳамтои эронии худ Масъуд Пизишкиён гуфт: “Раводидро аз байн бардоштам, ҳоло шаҳрвандони Эрон метавонанд ҳар вақт, ки хоҳанд, бо аҳли оилаашон ба Тоҷикистон сафар кунанд”.

Дар ин бора Масъуд Пизишкиён ҳам дар Душанбе гуфт, ки пеш аз сафар ба Тоҷикистон низоми раводидро миёни тамоми шаҳрҳо лағв кардааст. Ӯ гуфт: “Баҳси раводид қабл аз омадани мо ҳал шуд. То ҷое, ки битавонем, раванди рафту омад байни Эрон ва Тоҷикистонро соддатар мекунем. Ин барои ҳарду кишвар судманд хоҳад буд”.

Пешниҳоди лағви раводид ба тамомии шаҳрҳо бори аввал аз ҷониби Тоҷикистн матраҳ шуд, ки ҷониби Эрони равиши эҳтиёткоронаеро пеш гирифта, шарт гузошт, ки дар навбати аввал низоми бераводид танҳо аз парвозҳои байни Душанбев ва Теҳрон ва баръакс анҷом дода шавад ва шаҳрвандони ду кишвар, ки аз дигар маконҳо парвоз анҷом диҳанд, ин низом барои онҳо ҷорӣ намегардад.

Ёдовар мешавем, ки бори нахуст Иброҳим Раисӣ, собиқ раисҷумҳури Эрон моҳи ноябри соли 2023 ба Тоҷикистон сафар дошт, ки зимни он байни ду кишвар Ёддошти тафоҳум дар мавриди лағви раводид ба имзо расид.

Бештар аз 9 моҳ тӯл кашид то масъулони кишварҳо санадҳои лозимаро тартиб дода, дар парлумони кишварҳо тасдиқ кунанд ва ниҳоятан аз 10-уми августи соли 2024 низоми раводид ба ҳамон қарордоди аввала миёни Тоҷикистону Эрон лағв шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Роғун” ё нерӯгоҳи офтобӣ, ки бо суръат арзон мешавад? Кадоме беҳтар аст? 

Дар ҳоле ки қимати нерӯгоҳ ва барқи офтобиву бодӣ бо суръат арзонтар мешавад ва суръати сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ низ бамаротиб тезтар аст, оё месазад ба ҷои “Роғун” дар Тоҷикистони офтобӣ нерӯгоҳи офтобӣ сохта шавад?

Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Душанбе аз таҳримҳои зидди Эрон ҳимоят намекунад

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ гуфт, Душанбе мухолифи таҳримҳои зидди Эрон аст ва чунин маҳдудиятҳоро ба нафъи ҳеҷ кишвар намедонад.

СММ: Дар се соли охир наздик ба шаш миллион муҳоҷири афғон ба ватанашон баргаштаанд

Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) мегӯяд, дар давоми наздик ба се соли охир тақрибан шаш миллион шаҳрванди Афғонистон аз кишварҳои хориҷӣ ба ватанашон баргаштаанд.

Боз марги як сарбоз дар артиш. Чаро касе сабаби маргашро шарҳ намедиҳад?

Солеҳ Файзиеви 19-сола, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, дар шароити номаълум ба ҳалокат расидааст.