26.9 C
Dushanbe

Панҷсолагӣ пурра шуд. Як гурӯҳ озодагон 5 сол боз дар зиндонҳои Э.Раҳмон

Ҷашед Ёров, бародари вакили мудофеи маъруфи тоҷик ва зиндонии сиёсӣ, Бузургмеҳр Ёров дар саҳифаи фейсбукаш ба баҳонаи панҷсолагии маҳкумияти зиндонёни сиёсӣ матлабе навишта, ки мегӯяд, 16 сентябри соли 2015 як гурӯҳ аз аъзоёни фаъоли ҲНИТ ба хотири фаъолияти сиёсияшон ғайриқонунӣ дастгир ва ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд. Ба гуфтаи Ёров, агарчи Ҳукумат онҳоро зиндонии сиёсӣ ном намебарад, вале ҳамаи он дастгиршудаҳо зиндонии сиёсӣ мебошанд.

Дар расонаҳо борҳо хабари мавриди озору азият ва ҳар навъ фишор қарор гирифтани ин зиндониён нашр мешавад. Вобаста ба ин, пайвандони маҳбусони сиёсӣ ду маротиба расман ба Прократураи генералии Тоҷикистон нома ирсол намуда, талаб намуда буданд, ки падарон ва бародаронашон дар зиндонҳо мавриди шиканҷа қарор доранд, қазияро баррасӣ намуда, пеши роҳи ин қонуншиканиро бигирад.  

Аммо Прократураи генералӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бори аввал рӯзи 7 июл ва бори дуюм рӯзи 14 сентябри соли ҷорӣ ба номаи онҳо ҷавоб гардонида, шиканҷа шудану мавриди фишор қарор гирифтани зиндониёни сиёсиро рад кард. Аммо коршиносон ва огоҳони умур мегӯянд, таҷриба нишон додааст, ки мақомот дар чунин ҳолат ҳечгоҳ ҳақиқатро намегӯянд ва шиканҷа шудани маҳбусони сиёсӣ, ки маҳз бо дастури худи онҳо сурат мегирад, таҳқиқ намекунанд.

16.09.2015 – 16.09.2020Имрӯз расо панҷ сол мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон гуруҳе аз фаъолони ҲНИТ- ро ғайриқонунӣ…

Gepostet von Чамшед Ёров am Dienstag, 15. September 2020

Матлаб бидуни таҳрир аз саҳифаи Ҷамшед Ёров:

Имрӯз расо панҷ сол мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон гуруҳе аз фаъолони ҲНИТ- ро ғайриқонунӣ ҳабс ва ба маҳкама ба муддатҳои тулонӣ кашидаааст. Ҳарчанде, ки намояндаҳои ҳукумат ва мақомотҳои интизомӣ дар баромадҳо ва вохуриҳояшон ҳамеша иддаои онро доранд, ки дар Тоҷикистон маҳбусони сиёсӣ вуҷуд надоранд ва ин ашхос дар асоси ҳукми одилонаи судӣ ҷазо гирифтаанд, таҳлили ҳаматарафа ва беғарази қазияи мазкур зидди суханони онҳост.

16 сентябри соли 2015 аз тарафи мақомоти қудратии Тоҷикистон Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович, Ҳаитов Маҳмадали Раҳмонович, Ҳикматулло Сайфуллозода, Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб, Давлатов Абдуқаҳор Абдукаримович, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Каримов Саттор Самадович, Розиқов Зубайдулло, Авазов Қиёмиддин Қурумҷонович, Хуҷаева Зарафо Раҳмоновна ва Қосидинов Воҳидхон бо дағалона вайрон кардани тамоми меъёрҳои мурофиавӣ боздошт карда шудаанд. Рустамов Саъдиддин Темурович, Набиев Шариф Маҳмадалиевич ва Ғайратов Абдусамад Исмоилович бошанд дар дигар рӯзҳо боздошт шудаанд.

Дар рафти ҳабс, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ ва мурофиаи судӣ ҳуқуқ ва озодиҳои ин ашхос ҳаматарафа ва дағалона вайрон карда мешуд. Лату кӯб, таҳқир, маҳрум сохтан аз ёрии ҳуқуқӣ, дар муддати тӯлонӣ умуман бе ному нишон будан, ки ҳатто на адвокатҳою хешу таборон дар кадом ниҳод боздошт шудани онҳоро намедонистанд, маҳрум кардан аз ҳуқуқи пешниҳоди далел, радди даъвати шоҳидон, далелҳои сохта ва фишор ба шоҳидон ин фақат қатраест аз баҳри бепоёни ҳуқуқвайронкуниҳои мақомоти қудратӣ дар рафти баррасии мурофиаи ҷиноятии ин маҳбусони сиёсӣ. Маҳз ҳамин маҳдудиятҳои бешумори мурофиавӣ, муносибати махсуси кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва узвияти боздоштшудаҳо ба ҲНИТ (ҳизби расмии мухолифи онвақта) шаҳодати онро дорад, ки баррасии парвандаи ин ашхос на аз руи меъёрҳои муқаррар кардашудаи қонун, балки бо истифодаи усул ва роҳҳои мамнуъ гузаронида шудааст.
Дар бораи ин қонуншиканиҳо мақомотҳои қудратӣ на фақат огоҳӣ доштанд, балки шарик ва таҳриккунандаи онҳо низ буданд. Ва маҳз ҳамин ҳолат асоси пурраи он шуда метавонад, ки мо ин нафаронро МАҲБУСОНИ СИЁСӢ номем.

Хотиррасон бояд намуд, ки Гурӯҳи кории Созмони Миллалӣ Мутаҳҳид оид ба боздоштҳои худсарона моҳи феврали соли ҷорӣ парвандаи ин маҳбусонӣ сиёсии Тоҷикистонро дида баромада, ба хулосае омад, ки ҳукумати Тоҷикистон ӯҳдадориҳои байналмилалии ҳуқуқи инсонро вайрон кардааст. Тибқи хулосаи СММ, “хеле возеҳ аст, ки асоси ҳабс ва зиндонии минбаъдаи 11 узви ҲНИТ дарвоқеъ истифодаи онҳо аз ҳуқуқи озодии сухан ва озодии ҷамъомадҳо буд.”

Аммо дар ҷавоби Қарор ва даъватҳои СММ, корпусҳои дипломатӣ, ташкилотҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар ва шахсони алоҳида оид ба раҳоии маҳбусони сиёсӣ, намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти интизомӣ такя ба он мекунанд, ки андешаҳои ниҳодҳои СММ хусусияти машваратӣ доранд ва Тоҷикистон вазифадор нест, ки онҳоро иҷро кунад. Мақомоти Тоҷикистон инчунин изҳор доштанд, ки қонунгузории кишвар механизмҳои раҳоии маҳбусонро бо қарорҳои сохторҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бо қарорҳои СММ пешбинӣ накардааст.

Бояд гуфт, ки Гурӯҳи кории СММ қарори худро дар натиҷаи таҳлил ва муқоисаи иҷроиши уҳдадориҳои ба зиммаи худ гирифтаи Тоҷикистон вобаста ба ҳуқуқуи инсон тибқи шартномаҳои байналмиллалӣ, аз қабили Паймони байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ, Эъломияи ҳуқуқи башар ва дигар санадҳои меъёрии умумиҷаҳонӣ баровардааст. Ва аз ин лиҳоз, иддаои мақомоти Тоҷикистон оиди он, ки онҳо вазифадор нестанд, ки қонуншиканиҳо ва хатогиҳои рухдодаро ислоҳ кунанд хело аҷиб ва нигаронкунанда аст. Чунин рафтор аҳамияти умумии шартномаҳои байналмиллалиро оид ба ҳуқуқи инсон ночиз мегардонад.

Чунин мешуморам, ки вақти он расидааст, ки СММ мақоми қарорҳои худро дар соҳаи иҷроиши уҳдадориҳои давлатҳо-узвҳои ин созмон вобаста ба ҳуқуқи инсон аз нав баррасӣ карда ба онҳо мақоми “ҳатмӣ барои иҷроиш” диҳанд. Бояд аз тарафи СММ ва дигар давлатҳои демократӣ мунтазам ва то озодшавии тамоми маҳбусони сиёсии Тоҷикистон амалҳои мушаххас анҷом дода шавад.

Чи хеле, ки дар боло гуфта гузаштем ашхоси дар боло овардашуда дар ҳақиқат маҳбусони сиёсии Тоҷикистон мебошанд ва инак аллакай панҷ соли расо мешавад, ки онҳо гайриқонунӣ ва бе исботи гуноҳашон ба муддатҳои тулонӣ ба маҳкама кашида шудаанд. Мо, хешу табори маҳбусони сиёси, ташкилотҳои байналмиллалӣ ва дохилии ҳифзи ҳуқуқи башар ва тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳони дидани Ватанро чун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд дорем, бояд тамоми кӯшишамонро ба он сарф намоем, ки адолати судӣ нисбати ин ашхос барқарор шавад.

Умедворам, ки Ҳукумати Тоҷикистон низ мавқеъи худро нисбати ҳабс ва қарори судии ноодилона тағйир дода ба наздикӣ мо ин маҳбусони сиёсиро дар озодӣ хохем дид.

Ҳуқуқшинос
Ҷамшед Ёров

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.