Парлумони Аврупо дар мавриди Осиёи Марказӣ қатънома қабул кард

Парлумони Аврупо бо аксари оро дар бораи Осиёи Марказӣ қатънома қабул кард, ки дар он аз кишварҳои ин минтақа даъват шудааст, уҳдадориҳои байналмилалии худро дар мавриди ҳуқуқи башар риоят кунанд ва бо Иттиҳоди Аврупо ҳамкории зич дошта бошанд.

Ин санад, ки “Гузориш дар бораи арзёбии стратегияи ИА дар Осиёи Марказӣ” ном дорад, дар овоздиҳии ҷаласаи умумии парлумони Аврупо рӯзи 17 январ қабул шуд. Дар овоздиҳӣ 629 вакил иштирок карда, 543 нафар ба ҷонибдории санад ва 42 вакил муқобили он раъй дода, 44 вакил аз овоздиҳӣ худдорӣ карданд.

Дар ин қатънома, аз беҷазоии васеъ барои нақзи ҳуқуқи башар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон изҳори нигаронӣ шуда, ҳамчунин ба таҳқиқи мустақил ва ҳамаҷонибаи шиканҷа ва дигар навъи нақзи ҳуқуқи башар даъват шудааст.

Инчунин аз таъқиби рӯзноманигорон, блогерҳо, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бо иттиҳоми “ифротгароӣ”, “паҳн кардани маълумоти бардурӯғ” ва “барангехтани кинаву адоват” изҳори нигаронӣ шудааст.

Дар ин санад аз мақомоти панҷ кишвари Осиёи Марказӣ даъват шуда, ки тамоми “маҳбусони сиёсӣ”, аз ҷумла Фаромуз Иргашев, Улфатхоним Мамадшоева, Хурсанд Мамадшоев ва Хушрӯз Ҷумаевро озод кунанд.

Илова бар ин аз ҳайатҳои Иттиҳодияи Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хоста шудааст, ки вазъро дар маҳалҳо фаъолона назорат кунанд, дар мурофиаҳо ширкат кунанд, бо ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳамкорӣ кунанд ва ба нақзи ҳуқуқи башар ва таъқиботи сиёсӣ вокуниш нишон дода, бо махбусони сиёсӣ мулоқот кунанд.

Дар баробари ҳуқуқи башар дар ин санад низ ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ бо ИА, аз ҷумла дар масъалаҳои иқтисодӣ, таҳримҳо болои Русия, муҳоҷирон ва ғайра қайд гардидааст.

Гуфта мешавад, 28-уми ноябри соли 2023 Кумитаи равобити хориҷии порлумони Аврупо бо аксарияти ороъ ба ҷонибдорӣ аз тарҳи қатънома, ки бознигарии стратегияи Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказиро “бо мақсади таҷдиди он” дар партави тағйироти геополитикӣ дар минтақа пешниҳод мекунад, раъй дод.

Бори охир ИА стратегияи худро барои Осиёи Марказӣ моҳи июни соли 2019 қабул карда буд. Дар қатънома қайд карда мешавад, ки аз замони қабули стратегия ба минтақа “омилҳои муҳими беруна, аз қабили ҷанги ғайриқонунии таҷовузкоронаи Русия алайҳи Украина, тасарруфи ҳукумат аз ҷониби Толибон дар Афғонистон, ҳадафҳои ҷаҳонии Чин ва инчунин бесуботии дохилӣ” таъсир расонидааст.

Инчунин дар ин санад аз ҳодисаҳои хунини моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон, боздошту саркӯбиҳо пас аз эътирозҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2021 ва майи соли 2022, ҳодисаҳои моҳи июли соли 2022 дар Ҷумҳурии худмухтори Қарақалпоқистон дар дохили Узбекистон ва ҳамчунин аз даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ёдовар шудаанд.

Гуфта мешавад, кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон худро давлатҳои демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд эълон мекунанд ва мегӯянд, дар кишварашон маҳбусони сиёсӣ вуҷуд надоранд. Аммо бар асоси гузориши Freedom House дар бораи вазъи озодӣ дар ҷаҳон, ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар сатҳи паст ё поинравии демократия арзёбӣ шудаанд ва онҳо дорои режимҳои худкома тасниф шудаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оё муҳоҷирон дар Лаҳистон бояд ҳамеша бо худ шиноснома дошта бошанд?

Хориҷиён дар Лаҳистон вазифадор нестанд, ки ҳамеша шиносномаро бо худ гардонанд, аммо ҳангоми санҷиш Хадамоти марзбонӣ ҳақ дорад нусхаи аслии ин санадро талаб кунад.

Қарори нав: ВКД-и Русия даромади муҳоҷиронро месанҷад

Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия тартиби нави санҷиши даромади муҳоҷирони кориро таҳия кардааст.

“Кохи тамаддуни ориёӣ” дар Душанбе: таърихи тоҷикон ё ривояти Э.Раҳмон?

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди наве дар робита ба ҳувиятсозии тоҷикон дар сархати расонаҳои давлатӣ қарор гирифт.

Кувайт сафорати худро дар Душанбе боз кард ва Истиқлоли Тоҷикистонро табрик гуфт

Давлати Кувайт сафорати худро дар шаҳри Душанбе расман ифтитоҳ карда, Муҳаммад Рошид Ал-Амириро ба ҳайси нахустин сафири худ дар Тоҷикистон таъин намуд.