Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16-уми июн дар ҷаласаи навбатияш қонун “Дар бораи авф”-ро баррасӣ карданд.
Тавре сомонаи расмии Маҷлиси намояндагони кишвар хабар додааст, имрӯз таҳти раёсати раиси ин ниҳоди қонунбарор Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Ба тиилои манбаъ, дар ин ҷаласа вакилон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф”-ро баррасӣ намуда, қарори дахлдор қабул карданд. Аммо дар бораи чӣ гуна қабули он ва ҷузъиёти ин қонун, ки киҳоро шомил мешавад, чизе оварда нашудааст.
Ҳамзамон зикр шуда, ки масъалаи рӯзномаро ба вакилони Маҷлиси намояндагон Додситони кулли кишвар Воҳидзода Ҳабибулло, раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҳмудзода Насрулло ва чанде дигар аз намояндагон шарҳ додаанд.
Гуфта мешавад, баррасӣ ва ё имзои Қонуни “Дар бораи авф” дар чорчӯби омодагӣ ба 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон қабул мешавад.
Радиои Озодӣ бо такя ба як манбаи муътамад хабар дод, ки бо қабули қонуни авф эҳтимол 18 ҳазор зиндонӣ ва касоне, ки парвандаҳояшон дар ҳоли баррасӣ аст, шомили он мешаванд. Манбаъ таъкид карда, ки “Қисми зиёдашон, албатта, занон ва ноболиғон хоҳанд буд”.
Баъдтар сомонаи Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон ҳам хабар дод, ки раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон пас аз қабул шудани қонун дар парлумон худи рӯзи 16-уми июн зери он имзо гузоштааст.
Дар робита ба тафсилоти ин қонун Дстгоҳи Президент хабар дод, ки қонуни авф ба 18038 зиндонӣ татбиқ мегардад. “Аз ҷумла, аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ, аз муассисаҳои сукунатӣ ва ҷазоҳои дигари ба маҳрумӣ аз озодӣ алоқаманднабуда 11305 (ёздаҳ ҳазору сесаду панҷ) нафар озод мешавад. Муҳлати адонагардидаи ҷазои 6733 (шаш ҳазору ҳафсаду сию се) нафар кам карда мешавад.”
Низ гуфта мешавад, ки қонуни мазкур нисбат ба занон ва ноболиғон имтиёзҳои бештарро пешбинӣ мекунад. Аз 507 зани зиндонӣ, ки адои ҷазо менамоянд, 248 нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод мегарданд ва нисбат ба 259 нафар муҳлати адои ҷазо кам карда мешавад. Инчунин аз 134 ноболиғе, ки адои ҷазо менамояд, 99 нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод гардида, нисбат ба 35 нафар муҳлати боқимондаи адои ҷазо кам карда мешавад.
Ҳамзамон қайд гардида, ки Қонун “Дар бораи авф” инчунин нисбат ба шахсоне, ки парвандаи онҳо дар ҳоли баррасӣ аст, татбиқ мегардад. Гуфта мешавад, мақомоти дахлдор муваззаф шудаанд, ки дар давоми ду моҳ ин қонунро иҷро кунанд.
Одатан пеш аз ҷашнвораҳои бузурги давлатӣ дар Тоҷикистон чунин қонуне қабул мешавад ва бархе зиндониён ё муҳлати ҷазояшон кам карда мешавад ва ё озод мегарданд. Вале қонуни авф ҳечгоҳ шомили зиндониёни сиёсӣ, озодандешон ва рӯзноманигорон нашудааст.
