7.9 C
Dushanbe

Пирӯзии чаҳор паноҳҷӯи тоҷик дар парвандаи Додгоҳи Аврупо

Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо кишвари Лаҳистонро барои паноҳ надодани чор шаҳрванди Тоҷикистон ба хоки худаш ҷарима кард.

Ин додгоҳ эълом кард, ки Лаҳистон паноҳҷӯёни тоҷикеро, ки дар кишварашон таҳти таъқиб буданд, ба Украина фиристод ва Украина метавонист онҳоро ба Тоҷикситон ихроҷ кунад. Додгоҳ мегӯяд, Лаҳистон бо сарпечӣ аз қабули паноҳандагони тоҷикистонӣ муқаррароти Конвенсияи Аврупо марбут ба ҳуқуқи башарро нақз кардааст.

Гуфта мешавад, ин чаҳор паноҳҷӯи тоҷикистонӣ баъд аз рад шудани дархости паноҳангияшон дар солҳои 2016 ва 2017 ба Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар дар Страсбург шикоят мекунанд. Онҳо аз моҳи декабр то феврал чаҳор маротиба кӯшиши убури марзи Лаҳистону Украинаро карда буданд, вале Лаҳистон онҳоро рад кардааст.

Ин афрод иддао кардаанд, ки дар Тоҷикистон зери фишору таъқиб қарор доранд ва дар гузаргоҳҳои марзии Лащистон дархости паноҳандагӣ кардаанд. Аммо Нерӯҳои марзбонии Лаҳистон ин дархосташонро қабул накарданд ва онҳоро ба Украина бозпас фиристоданд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон Лаҳистонро муттаҳам карданд, ки онҳо дастрасӣ ба расмиёти дархости паноҳандагӣ надоранд ва мақомоти лаҳистонӣ онҳоро дар ҳоле ба Украина баргардонданд, ки дар он ҷо низ худро дар амн эҳсос накарданд, зеро хатари ихроҷ ба Тоҷикистон онҳоро таҳдид мекарад.

Ин чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон дар парвандаи инчунин изхор доштанд, ки Лаҳистон қоидахои Конвенсия дар бораи манъ кардани ихроҷи дастаҷамъии хориҷиёнро вайрон кардааст ва таъкид кардаанд, ки ба онҳо фурсати шикоят кардан аз болои қарорҳои Нерӯҳи марзбонии ҷиҳати рад кардани иҷозати ворид шудан ба Лаҳистонро надоранд, зеро онҳо фавран иҷро карда шуданд.

Яке аз ин паноҳҷӯёни тоҷик Лаҳистонро боз ба як иттиҳоми дигар мувофиқ ба банди 8-и Конвенсия “Дар бораи ҳуқуқ ва эҳтиром ба ҳаёти шахсӣ ва оилавӣ” муттаҳам кардааст. Ин паноҳҷӯи тоҷик изҳор дошта, ки Нерӯҳои марзбонии Лаҳистон ба ӯ иҷозат надоданд, ки бо зан ва фарзандонаш, ки дар Лаҳистон қарор доштанд, бипайвандад.

Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар дар Страсбург қарор қабқл кардааст, ки ба ҳар яке аз паноҳҷӯёни тоҷик ба маблағи 13.000 евроӣ ҷуброни зарар пардохт кунад. Гуфта мешавад, ин паноҳҷӯён аллакай дар кишварҳои Лаҳистон ва Утриш паноҳанда шудаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.