ПМТ: Тоҷикистон набояд ба Қазоқистон нерӯ фиристад, вале парлумон иҷозат дод

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) бо нашри як изҳорот аз Ҳукумати Тоҷикистон хоста, ки барои саркӯб кардан тазоҳургарон ба Қазоқистон нерӯи низомӣ нафиристад.

Ин эътилофи гурӯҳҳои мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар хориҷ аз кишвар амал мекунад, дар ин изҳороташ мегӯяд: “Паймони Миллии Тоҷикистон бори дигар аз тазоҳуроти мусолиҳатомез ва талабҳои одилонаву қонунии мардуми қазоқ пуштибонӣ намуда, ҳамзамон истифодаи хушунат ва қатлу ғорат аз тарафи бархе нерӯҳои номаълум ва мақомоти давлатии Қазоқистонро маҳкум менамояд.”

ПМТ фиристодани нерӯи низомӣ ба Қазоқистон мухолифи қонунҳои амалкунанда ва манофеи миллии кишварамон дониста меафзояд: “Ҳузури сарбозони тоҷик дар амалиётҳои хориҷи кишвар бояд тибқи меъёрҳои байналмилалӣ, қонунгузории кишвар ва манфиатҳои миллии мо сурат бигирад. Ин қарор ба ҳеҷ кадоме аз ин талаботҳо ҷавобгӯ нест.”

Ба таъкиди Паймони Миллии Тоҷикистон “ҳузури сарбозони мо дар чунин шароит метавонад аз тарафи миллати дӯст ва бародари қазоқ ҳамчун ширкати тоҷикон дар амалиётҳои саркӯбгароёна алайҳи мардуми ин кишвар ва як амали душманона қабул гардад. Ин метавонад барои ҳазорҳо муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон хатарзо бошад ва инчунин ба муносибатҳои ду кишвар дар оянда латма ворид кунад.

Бинобар ин, Паймони Миллии Тоҷикистон талаб менамояд, ки Ҳукумати кишвар аз ин тасмими ғайриқонунӣ ва мухолиф ба манфиатҳои миллӣ ҳарчӣ зудтар даст бикашад ва ба миллати бародари қазоқ барои пайдо кардани роҳҳалҳои сиёсӣ кумак намояд.”

Пеш аз ин гурӯҳе аз шаҳрвандони Қирғизистон дар Бишкек, пойтахти ин кишвар бо баргузории як тазоҳурот аз раҳбарияти ин кишвар хостанд, ки барои саркӯб кардани эътирозгарони Қазоқистон ба он кишвар нирӯи саркӯбгар нафиристанд. Ҳукумати Қирғизистон ҳам эълом кард, ки барои саркӯби қазоқҳо дар доираи фарохони Созмони Паймони Аҳдномаи дастаҷамъӣ (СПАД) нерӯи низомӣ намефиристад.

Аммо Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) Ховар иттилоъ дода, ки имрӯз ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. “Дар иҷлосияи якҷоя танҳо як масъала баррасӣ шуда, барои истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди кишвар барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ризоият дода шуд.”

Аммо хабаргузории “Азия-Плюс” баргузории ҷаласаи муштараки Парлумонро зери суол бурда, иттилоъ медиҳад, ки “дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон субҳи имрӯз ба “Азия-Плюс” баргузории ҷаласаро рад ё тасдиқ накард. Аммо аз ин ниҳод гуфтанд, ки имрӯз баргузории ҷаласае дар назар нест.”

Гуфтанист, Қазоқистон баъд аз Русия дувумин кишварест, ки даҳҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатии тоҷик кору фаъолият мекунанд ва фиристодани нерӯи саркӯбгари эътирозгарон метавонад ҳама ҷону моли даҳҳо ҳазор тоҷику тоҷикистониро дар он кишвар ба хатар мувоҷеҳ кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" шикоят кард.