Поёни ҷаласаи гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон

Вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар пойтахт баргузор шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки рӯзҳои 10-16-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, анҷом ёфт.

Ба қавли манбаъ, ин вохӯрӣ тибқи нақша ва дар асоси мувофиқаи қаблан бадастомадаи тарафҳо сурат гирифтааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи ҷузъиёти ин нишасти 7-рӯза чизе нагуфтааст, вале таъкид карда, ки “аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид. Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд. Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад.”

Дастгоҳи диплумосии Тоҷикистон дар ҳоле мегӯяд, ки ин “Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд”, ки рӯзе пеш ҷониби Қирғизистон ба шаҳрвандонаш ҳушдор дода буд, ки аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.