Покистон дар камтар аз як моҳ 120 ҳазор афғонро ихроҷ кард

Дар як моҳи ахир давлати Покистон ихроҷи шаҳрвандони Афғонистонро бештар кард, ки ин боиси шиддат гирифтани танишҳо байни мақомоти ду кишвар гаштааст.

Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон эълом кард, ки аз аввали моҳи апрели соли ҷорӣ то кунун наздики 120 ҳазор муҳоҷири афғон аз Покистон ихроҷ шудаанд.

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, дар байни ихроҷшудаҳо ҳазорон зану духтар вуҷуд дорад, ки аз ояндаи худ дар Афғонистоне, ки таълими духтарон мамнуъ аст, нигаронанд.

Арафот Ҷамол, раиси Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон дар Афғонистон, ки аз раванди ихроҷи муҳоҷирони афғон дар гузаргоҳи Турхам боздид кардааст, мегӯяд, афғонҳое, ки аз Покистон ихроҷ мешаванд, хеле аз онҳо дар ин кишвар ба дунё омада, онҷо бузург шудаанд ва таҷрибаи зиндагӣ дар Афғонистонро надоранд ва ҳатто дар ин кишвар маконе барои зиндагӣ низ надоранд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи ниҳодҳои байналмилалӣ, феълан зиндагии нисфи аҳолии Афғонистон ба кумакҳои башардӯстона вобаста аст ва бозгашти ҳазорон муҳоҷири бесарпаноҳ боз ҳам шароити иқтисодиро дар ин кишвар вазнинтар мекунад.

Рӯзи якшанбе Вазорати корҳои дохилии Покистон дар як изҳороте эълом кард, ки аз аввали моҳи апрели соли ҷорӣ беш аз 100 ҳазор афғонро ихроҷ кардааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, дар ҳоли ҳозир тақрибан се миллион муҳоҷири афғон дар он кишвар зиндагӣ ва кор мекунанд.

Вазири корҳои дохилии Покистон Талол Чудҳурӣ рӯзи ҷумъа ба расонаҳо гуфт, ки тамоми муҳоҷирони сабтшудаи Афғонистон бояд то 30-юми июни соли ҷорӣ Покистонро тарк кунанд ва дар акси ҳол ихроҷи қонунии онҳо шуруъ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки пас аз сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон дар соли 2021 кам кам танишҳо байни ҳукумати Покистон бо Толибон оғоз шуд. Ҳарду ҷониб якдигарро дар пуштибонӣ аз гурӯҳҳои террористӣ муттаҳам мекунанд. Покистон дар посух ба мақомдорони Толибон ихроҷи муҳоҷирони афғонистониро пеш гирифт. Ин кишвар мегӯяд, солҳои тӯлонист, ки миллионҳо афғон дар ин кишвар бидуни асноди будубош кору зиндагӣ мекунанд ва акнун хоки Покистонро бояд тарк кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

На исломӣ ва на демократӣ: Сиёсати паёмрасонии Душанбеву Теҳрон дар ҷанозаи Хоманаӣ

Баргузории ҷаноза дар рӯзи ҷашни 250-солагии истиқлоли Амрико низ ба чолиш кашидани ин кишвар ҳади ақал дар ҷанги иттилоъотӣ буд.

Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия ба Тоҷикистон низ таъсир расонд

Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои паҳподии Украина ба корхонаҳои коркарди нафт ба вуҷуд омад, ба Тоҷикистон низ таъсири худро расондааст.

Баҳс сари бозии Аргентина ва Миср идома дорад

Баҳсҳо перомуни бозии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии 2026 байни дастаҳои мунтахаби Аргентина ва Миср, ки бо ҳисоби 3:2 ба нафъи мунтахаби Аргентина анҷом ёфт, то ҳанӯз идома дорад.

Вазири маориф ба қазияи латукӯби омӯзгор посух дод. Чи посухе!

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, ҳам омӯзгори латукӯбшуда ва ҳам донишомӯз гунаҳкор дониста, ҷарима шуданд.