Поёни анъанаи сисолаи муҳоҷират

Сӣ сол аст тамоми системаҳои иқтисоди Тоҷикистон — аз буҷаи хонавода то иқтисоди миллӣ — дар асоси як фарзия сохта шудаанд: Муҳоҷир ҳамеша метавонад ба Русия биравад.

Беш аз 30 аст муҳоҷират ва кор дар Русия ба воқеъияти зиндагии тоҷикон табдил шудааст. Ин раванд таъсири амиқе ба иқтсиоду сиёсат ва ҳатто иҷтимоъу фарҳанг дар Тоҷикистон гузоштааст, ки омӯзишаш на танҳо аз фоида холӣ нест, балки аз воҷиботи дорулулумҳои кишвар аст. Яъне, агар ин раванд зуҳур намекарду фарогир намешуд ва ин қадар сол вуҷуд намедошт, ҳамаи бахшҳои ҳаёти кишвар комилан ба самти дигаре мерафт ва рангу намуди бисёр мутафовите аз имрӯз медошт.
Дар ин се даҳсола муҳоҷират ва ҳарчи аз он бармехезад он қадар ба ҳаёти кишвар ва мардумаш омехта шуда, ки дар зеҳнҳо чун як раванди табиӣ нақш баста ва то ҳол камтар ниҳоде ё ҳатто афроде дар бораи ояндаи он меандешанду ҳарф мезананд. Зоҳиран, ояндаи онро низ табиӣ мебинанд – яъне, гуфтану фикр кардан ва нақша кашидан дар ин мавзӯъ аслан фоидае надорад, чун табиӣ аст. Ҳатто дар ҳоле, ки ҳаводиси чанд соли охир бо сароҳат аз тағйироте бунёдӣ дар ин раванд ҳушдор медиҳанд, ҳеҷ таҳлилу баҳсу баррасие дар самт дида намешавад.

Ҳаводиси ахир мегӯянд: ин фарзия, яъне муҳоҷир ҳамеша метавонад ба Русия равад, дигар коромад надорад. Муҳоҷир дигар наметавонад ҳар вақт хост ба Русия биравад, пул кор кунад, қарзи хонаводаро бипардозад, қудрати харидории онро боло бараду бо ин кор дар афзоиши ММД кишвар саҳм гузорад. Дар натиҷа, бузургтарину боварбахштарин бимаи хонаводаҳо ва ҳатто давлат дар ҳоли аз ҳам пошидан аст.

Тағйирот як сабаб ё омил надоранд (масалан ҷанги Укроин), ки бишавад умед баст дар сурати бо фалон натиҷа расидан ё дар фалон муддат поён ёфтани ин ҷанг вазъ ба шакли пештара бармегардад. Тағйирот аз чанд самт, ки бастагии камтаре ба ҳамдигар доранд, мерасанд ва агар натиҷаи бо сенориёи муайяне ҷараён гирифтани яке аз онҳо метавонад вазъи муҳоҷиратро ба шакли пештара баргардонад, сенориёҳои дигари ин самт ва кулли сенориёҳои самтҳои дигар мегӯянд, вазъ ҳатман ва ба таври бунёдӣ тағйир хоҳад кард.

Ҳоло мепардозем ба омилҳое, ки ҳар кадом дар алоҳидагӣ қодир аст вазъи муҳоҷират ба Русияро комилан тағйир диҳад:

Ҷанги Укроин ва тазъифи иқтисоди Русия

Ду соли аввали ин ҷанг, бинобар ҷаҳиши якбораи бахши муҷтамаъи низомӣ-саноъии (военно промышленный комплекс – ВПК) Русия боиси рушди бахшҳои дигари иқтисоди ин кишвар шуд. Ин бар хилофи таҳлилҳои аксари коршиносон буд, ки ба зону задани иқтисоди Русияро пешбинӣ мекарданд. Аммо вақте маълум шуд ончи ВПК Русия истеҳсол мекунад дигар дархӯри ҷангҳои нав нест, на танҳо ин бахши иқтисод, балки кулли бахшҳои он рӯ ба танназзул ниҳоданд, ки дар натиҷа ҳатто баста шудани тангаи Ҳурмузу афзоиши камсобиқаи содироти нафту гози Русия иқтисоди ин кишварро наҷот дода натавонист. Ҳоло камбуди буҷаи ин кишвар дар панҷ моҳи аввали соли 2026 ба беш аз 6 триллион рубл расидааст ва пешбинии коршиносон мабнӣ ба тазъифи иқтисоди Русия дар ҳоли амалӣ шудан аст.

Ҳамлаҳои нерӯҳои укроинӣ ба умқи Русия ва дар ин авохир таҳти назорати паҳподӣ гирифтани тамоми роҳҳои пайвасткунанда ба нимҷазираи Қрим аз ҳақиқати нави ин ҷанг рӯнамоӣ мекунад: ҳар қадар ин ҷанг тӯлонитар шавад, ҳамон қадар боиси афзоиши масорифи давлати Русия дар бахши низомӣ ва камтар шудани пул дар бахшҳои дигар мегардад, ки бӯҳрони иқтисодиро амиқтар месозад.

Бӯҳрони сохтмон

Аслитарин бахши фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ – сохтмон рӯ ба таназзул ниҳода ширкатҳои сохтмонӣ яке паси дигар муфлис мешаванд. Тибқи иттилоъи расонаҳои русӣ ҳудуди 67 дарсади биноҳои навсохт нофурӯхта боқӣ мемонанд.
Ин бӯҳрон мустақиман ба ҷангу заъфи иқтисодӣ дар Русия бастагӣ надорад, ҳарчанд аз таъсири он амиқтар шудааст. Бӯҳрони сохтмон дар кулли ҷаҳон мушоҳида мешавад ва аз тағйироти ҷиддие дар ин самт гувоҳӣ медиҳад. Яъне, агар Русия вориди ҷанг набуд ҳам ин бӯҳрон ба вуҷуд меомад, ҳарчанд бо шиддати камтар.

Тағйири муносибати мақомоти русӣ бо муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ

Бо вуҷуди норасоии шадиди қувваи корӣ, мақомоти рус мавқеъи тунду саркӯбгароёнае алайҳи муҳоҷирон аз ОМ гирифтаанд, ки аз тағйири сиёсатҳо ва нигоҳҳои ин кишвар хабар медиҳанд. Дар ҳоле, ки муҳоҷирон аз ОМ бинобар тасаллут ба забони русӣ ва ҳамзистии беш аз садсола бо русҳо барои Русия арзонтару роҳаттар тамом мешавад, мақомоти ин кишвар даст ба иқдомоти бесобиқае барои ҷалби муҳоҷирон аз Ҳинд задаанд. Ва сухан аз вуруди 5 миллион муҳоҷири ҳиндӣ ба ин кишвар меравад, ки бидуни шубҳа ҷои муҳоҷирон аз ОМ-ро барои солҳо тангтар хоҳад кард.
Ҳадафи мақомоти рус аз танг кардани ҷои муҳоҷирони ОМ-у ба ҷои онҳо овардани 5 миллион ҳиндуе, ки як калима ҳам русӣ намедонад, маълум нест, аммо як чиз мусаллам аст, ки дигар муҳоҷирон аз ОМ дар Русия берақиб нестанд. Гузашта аз он рақиби навашон бинобар сиёсатҳои Ҳинд дар пуштибони аз муҳоҷиронашу “вазнаш” дар сатҳи ҷаҳонӣ, вобастагии Русия аз тавоноии харидории нафту гоз аз сӯи ин кишвар, ҷолибтар будани бозори якуниммиллиардаи Ҳинд аз бозори 100-миллионии ОМ, мавқеъи қавитаре хоҳанд дошт.

Забти ҷойҳои корӣ аз тарафи ҳуши маснӯъӣ

Ҳуши маснӯъӣ дар кишварҳои пешрафта аллакай миллионҳо ҷои кориро забт кардааст ва рӯзе нест, ки хабари аз кор ронда шудани ҳазорон нафарро нахонем. Дар Русия ҳам ин раванд шурӯъ шудааст ва бо ҳар рӯз қавитар шудани ҳуши маснӯъӣ суръати забти ҷойҳои кор низ бештар хоҳад шуд. Барои ҷойҳои кории муҳоҷирон албатта ҳанӯз ҳуши маснӯъӣ таҳдид намекунад, аммо вақте он ҷойҳои кории миллионҳо идоранишину кормандони заводи фабрикаро, ки аз мардуми мулкӣ иборатанд, гирифт, онҳо на танҳо ба ҷойҳои кории муҳоҷирон “чашм ало хаҳанд кард”, балки нисбати муҳоҷирон бадбинтар хоҳанд шуд.

Афзоиши бегонаситезӣ дар Русия

Шикаст ё ҳади ақал адами пирӯзӣ дар ҷанги Укроин, бӯҳрони иқтисодӣ, камбуди ҷои кор, ҳузури ҳазорон маслуқи ҷанг ва ғайра бегонаситезӣ дар Русияро ҳар рӯз бештар месозад. Камтарин нишонае, ки ин раванд рӯ ба коҳиш биёварад ё ҳади ақал афзоиш наёбад, вуҷуд надорад – баръакс факту оморҳо аз афзоиши рӯзафзуни раванди бегонаситезӣ дар Русия дарак медиҳанд.

Ин омил миллионҳо муҳоҷир ва фарзандони онҳоро ба хатарҳои пешбининашвандае мувоҷеҳ хоҳад сохт, ки дар натиҷа на танҳо онҳо, балки мақомоти кишварҳои мабдаашон, яъне кишварҳои ОМ ҳам маҷбур мешаванд назару мавқеъ ва сиёсаташонро дар қиболи муҳоҷират ба Русия тағйир диҳанд.

Азҳампошии як раванд, ба хусус агар он даҳсолаҳо идома кардааст, ҳамеша тағйироти ҷиддии иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоиро дар пай дорад. Ин тағйирот метавонад манфӣ ё мусбат бошад. Мусбат ё манфӣ тамом шудани он бештар ба омодагӣ ва амалкардҳои субъектҳои он бастагӣ дорад.

Имрӯз суоли асосӣ дигар ин нест, ки муҳоҷират тағйир мекунад ё на. Суоли асосӣ ин аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, то чӣ ҳад ба ин тағйирот омодаанд? Зеро нишонаҳо мегӯянд: давраи муҳоҷирати оммавии тоҷикон ба Русия, ки сӣ сол идома дошт, вориди марҳилаи нави таърихии худ шудааст.

Агар мақомоти кишварҳои муҳоҷирсодиркунандаи ОМ ва худи муҳоҷирон бо омодагӣ вориди ин тағйирот шаванд, метавонанд онро ба як фурсат табдил диҳанд. Вале агар мунтазир бимонанд то худи ҳаводис тақдири ояндаи муҳоҷирон ва раванди муҳоҷиратро муайян созанд, паёмадҳои он метавонанд манфӣ тамом шаванд ва зарбаҳое ба иқтисод ва ҳатто вазъи сиёсии ин кишварҳо ворид намоянд.

Абдуманнон Шералиев

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Баҳсбарангезтарин Ҷоми ҷаҳонии футбол оғоз шуд

Рӯзи 11-уми июн Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки пеш аз оғозаш баъзе тимҳои миллӣ, доварон ва варзишгарон бо мушкилот рӯ ба рӯ шуданд расман оғоз гардид.

Боздошти як навраси муҳоҷир дар Русия бо гумони куштор ва сӯиқасд ба ҷони дигарон

Мақомоти тафтишотии Русия аз боздошти як шаҳрванди хориҷии 16-сола бо гумони куштор ва сӯиқасд ба ҷони ду нафар дар вилояти Маскав хабар доданд.

Олмон мехоҳад боз як паноҳҷӯйи дигари тоҷикро истирдод кунад

Мақомоти Олмон рӯзи 8-уми июн паноҳҷӯйи тоҷик, узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушд Асадулло Бобоевро ҳамроҳ бо писараш Муҳаммад Бобоев дар шаҳри Крайс Клеве боздошт карданд.

Табдили алифбо баробар бо табдили қудрат аст

Ҳазфи вожаи "форсӣ" аз Қонуни забон ва маҳдуд кардани омӯзиши хатти форсӣ натавонист онро ба фаромӯшӣ бисупорад ва ё пеши роҳи омӯзиши онро аз миллати тоҷик бигирад.