Сооронбай Жээнбеков аз вазифаи президенти Қирғизистон истеъфо дод. Дар муроҷиати Жеенбеков, ки рӯзи 15 октябр нашр шуд, гуфта мешавад, ки вазъ дар Бишкек пас аз интихоботи баҳсбарангези парлумонӣ, ки натиҷаҳои онро мухолифин қабул надорад, шадид боқӣ мондааст.
“Аз як тараф эътирозгарон аз тарафи дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҷбуранд, ки барои ҳимояи манзили давлатӣ аз силоҳ истифода баранд. Дар ин ҳолат, хун рехта мешавад, ин ногузир аст. Ман ҳарду ҷонибро даъват мекунам, ки ба иғвоҳо дода нашаванд. Барои ман сулҳ дар Қирғизистон, тамомияти кишвар, ваҳдати мардуми мо ва оромии ҷомеа аз ҳама чиз болотар аст.
Барои ман аз ҳаёти ҳар як ҳамватанам чизи азизтаре нест. Ман дар қудрат боқӣ монданӣ нестам. Ман намехоҳам дар таърихи Қирғизистон ҳамчун президенте, ки хун рехта, ба сӯи шаҳрвандони худ тир холӣ кардааст, сабт шавам. Аз ин рӯ, ман тасмим гирифтам, ки истеъфо диҳам.”
Истеъфои Жээнбековро сарвазири нав Содир Жапаров хостааст. Жапаров як рӯз пеш бо Жээнбеков мулоқот карда буд, аммо Сооронбой Жээнбеков аз тарки вазифа худдорӣ кард.
Субҳи рӯзи чоршанбе Жээнбеков, Жапаровро сарвазири ҳукумат таъин кард. Дарҳол пас аз таъйини Жапаров ба сарвазирӣ, ӯ дубора дар бораи истеъфои Жээнбеков сухан гуфт.
“Истеъфои президенти Қирғизистон талаби мардум аст. Имрӯз ман ба назди президент меравам ва мо ин масъаларо ҳал хоҳем кард” – гуфта буд Жапаров ба хабарнигорон.
Дар Қирғизистон рӯзи 4 октябр интихоботи парлумонӣ баргузор гардид. Дар он 16 ҳизб иштирок намуда, танҳо 4 ҳизби наздик ба ҳукумат вориди парлумон шуданд.
Дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон эътирозҳо рӯзи 5 октябр бо иштироки ҷонибдорони ҳизбҳое шурӯъ шуд, ки дар интихоботи маҷлиси қонунгузории кишвар садди ҳафтфоизаро нагузаштанд ва вориди парлумон нашуданд. Ин эътирози мардум ба задухурд бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ печид.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Қирғизистон, дар задухӯрдҳо тақрибан 1200 нафар маҷрӯҳ шуда, як нафар ба ҳалокат расидааст.
Наздиктар ба шаби 6 октябр, эътирозгарон тавонистанд ба Кохи Сафед, ки дар он ҷой парлумони Қирғизистон ва маъмурияти президент ҷойгираст, ворид шаванд. Баъдтар, дар бино сӯхтор ба амал омад. Ба гуфтаи тазоҳургарон, шахсони номаълум як идораро оташ задаанд, сипас оташ ба дигар биноҳо паҳн шудааст.
Қисми дигари эътирозгарон ба бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ омаданд, ки дар он ҷо президенти пешин Алмосбек Отамбоев, ки дар СИЗО нигоҳдорӣ мешуд, ва бо иттиҳоми фасод ба 11 соли зиндон маҳкум шуда буд, дарвозаҳои биноро шикаста, президенти собиқро аз боздоштгоҳи муваққатӣ озод карданд. Бо дархости тазоҳургарон, собиқ сарвазири ҷумҳурӣ Сапар Исаков ва собиқ депутат Содир Жапаров низ озод карда шуданд.
Рӯзи 6 – и октябр КМИ ҶҚ дар натиҷаи фишори эътирозгарон натиҷаҳои интихоботи парлумониро беътибор эълон кард. Рӯзи 9 октябр эътирозҳо дар Бишкек дигарбора оғоз шуд. Дар майдони марказӣ миёни тарафдорон ва мухолифони сарвазир Содир Жапаров задухӯрд ба амал омад. Ҳафт нафар, аз ҷумла раҳбари оппозисиюн Тилек Токтогазиев маҷрӯҳ шуданд.
Рӯзи 9 октябр Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков бо фармони худ дар Бишкек вазъи фавқулодда ҷорӣ кард ва рӯзи 13 октябр бо дастгирии ҳамаи вакилон вазъи фавқулодда то рӯзи 21 октябр тамдид карда шуд.
Баъд аз чанд рӯзи озод шудани Отамбаев ӯро рӯзи 10 октябр боз боздошт карданд. Ӯро ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ дар Бишкек гунаҳкор медонанд. Дирӯз 14 октябр порлумони Қирғизистон, Содир Жапаровро расман ба мақоми сарвазир интихоб карда, инчунин ҳайат ва барномаи ҳукуматро тасдиқ кардааст.
Сарвазири тозаинтихоби Қирғизистон дар масъалаи боздошти Алмосбек Отамбоев гуфтааст, ки мешавад Ӯро аз ҳабс озод намуд ва то охири тафтиш ба ҳабси хонагӣ супоранд. Аммо инро додгоҳ бояд ҳал кунад. Субҳи 14 октябр дар назди деворҳои хонаи ҳукуматӣ дар маркази пойтахти Қирғизистон як занозании хурд рух дод, хабар медиҳад хабарнигори РИА Новости.
Пештар хабар дода шуд, ки тазоҳургарон дар назди бинои ҳукумат дар маркази Бишкек ҷамъ омада, истеъфои президенти кунуниро талаб доранд. Суол ба миён меояд, ки ин нооромиҳо дар Қирғизистон чи таъсире дар вазъи минтақа хоҳад дошт ва коршиносону нозирон чи мегӯянд?
Баъзе нозирон нисбати ҳаводиси Қирғизистон мавқеи бетарафиро ишғол карданд. Ба назари бисёриҳо, чунин менамояд, ки Қирғизистон симои “ҷазираи демократия дар Осиёи Марказиро” аз даст медиҳад ва ҳоло ҳамчун як кишвари ноороми сиёсӣ ва бо бӯҳрони ҳукуматӣ дида мешавад.