26.9 C
Dushanbe

Путин аз муҳоҷирон хост қонунҳои Русияро риоят кунанд

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин аз муҳоҷирон хост қонунҳои ин кишварро риоят кунанд ва ба анъанаҳои русӣ эҳтиром гузоранд.

Ба гуфтаи ӯ афроде, ки барои кор ба Русия меоянд, бояд на танҳо забони русӣ, балки анъана ва қонунҳои ин кишварро донанд, балки “ботинан барои риояти онҳо” омода бошанд. Президент қайд кард, ки ин ба коҳиш додани норозигии шаҳрвандони Русия нисбати муҳоҷирон мусоидат мекунад.

Ин гуфтаҳоро Путин рӯзи 7-уми ноябри соли ҷорӣ зимни суханронияш дар шаҳри Сочии Русия гуфт.

Президент зимни суханрониаш таъкид кард, ки вазифаи аввалиндараҷаи давлат ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандони Русия боқӣ мемонад. Аммо ӯ возеҳ нагуфт оё онҳое, ки нав шаҳрвандии ин кишварро дарёфт кардаанд ба ин гурӯҳи шаҳрвандон дохил мешаванд ё на. Зеро чанд моҳи охир мақомоти Русия бо баҳонаи дар қайди ҳарбӣ нагузоштан, афродеро, ки нав шаҳрвандии ин кишварро гирифтаанд, шиносномаҳояшонро бекор карда истодаанд.

Дар ҳамин ҳол, Путин қайд кард, ки муҳоҷирон низ бояд ба шароити зиндагии шоиста дастрасӣ дошта, аз имтиёзҳои оддии иҷтимоӣ, аз қабили маориф ва тандурустӣ бархурдор бошанд. Вале вазъи имрӯзаи муҳоҷирон дар Русия акси гуфтаҳои Путин аст.

Гуфта мешавад, чанд моҳи охир мақомоти Русия фишор болои муҳоҷирони кориро бештар карда, барои маҳдуд кардани фаъолияти онҳо қонунҳои зиёдеро қабул карда истодаанд. Ҳатто кори муҳоҷирон бо баҳонаи амниятӣ дар баъзе соҳаҳо, аз ҷумла таксиронӣ дар аксар минтақаҳои ин кишвар манъ шуда, нархи иҷозатномаи корӣ ҳам гарон шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Падару писар дар Душанбе чанд биноро ба истифода доданд

Имрӯз, 20-уми июн, дар шаҳри Душанбе чанд иншооти нав...

Танҳо дар панҷ моҳ Русия аз муҳоҷирон 805 миллион доллар фойда ба даст овард

Дар панҷ моҳи аввали соли 2025 муҳоҷирони корӣ ба...

Нигаронии СММ аз ташдиди танишҳо байни Эрону Исроил

Созмони Милали Муттаҳид аз паёмади ҷанги Исроилу Эрон ва афзоиши шумори оворагону муҳоҷирон изҳори нигаронӣ кард.

Иштироки намояндаи Тоҷикистон дар САҲА

Рӯзи 17-уми июни соли ҷорӣ нишасти Кумитаи амнияти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Вена баргузор гардид.