Рӯзи тӯяш домодро аз ҳавлӣ ва аз бари арӯсаш “Облава” бурд

Наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, ки гуфта мешавад, маъмурони комиссарияти ҳарбӣ як ҷавонро маҷбуран аз дохили мошин ва аз бари арӯсаш ба хидмати ҳарбӣ мебаранд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди ин навор навиштаанд, ки ҳодиса рӯзи 2-юми ноябр дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон рух додааст. Зӯран бурдани домод ба хидмати ҳарбӣ рӯзи тӯйи арӯсияш, ҳангоми баргаштан аз хонаи арӯс ва ворид шудан ба хонаи домод сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, баъд аз “Облава” шудани писар ва бурдани ӯ, модараш ба сакта дучор шуда, вазъи саломатияш вахим арзёбӣ мешавад.

То ҳанӯз дар мавриди ҷузъиёти ҳодиса иттилои расмие вуҷуд надорад. Аммо ин бори аввал нест, ки кормандони ҳарбӣ бо шиддат ва дар ҳолатҳои хос ба хонаи мардум ҳуҷум карда, писаронро ба артиш мебаранд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки 2-уми октябр расонаҳои ҳукуматӣ аз иҷрои пурраи нақшаи даъват дар 9 ноҳияи вилояти Хатлон, аз ҷумла Фархор, Ховалинг, Левакант, Бохтар, Норак, Хуросон, Данғара, Муъминобод, Дӯстӣ ва Ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара хабар дода буданд.

Ёдовар мешавем, ки даъвати тирамоҳӣ ба артиш аз 1-уми октябр оғоз шуда, то 30-уми ноябри соли ҷорӣ идома хоҳад кард ва ҷавононе, ки солҳои таваллудашон 1998-2007 мебошад, ба артиш бурда мешаванд.  

Мақомоти кишвар пурра иҷро шудани нақшаро дар минтақаҳои гуногуни кишвар дар рӯзҳои аввал ба зиёд шудани шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ва ба корҳои фаҳмондадиҳии комиссияҳои даъватӣ рабт медиҳанд.

Аммо хабару гузоришҳо аз дохили кишвар акси гуфтаҳои мақомотро нишон дода, дар рӯзи аввали оғози давъвати тирамоҳӣ ҳадди ақал ду навори ҷалби иҷбории ҷавонон ба артиш нашр шуда буд.

Қаблан сокинон аз рафтори хашини маъмурони комиссариятҳои ҳарбӣ шикоят мекарданд. Ҳатто ҳолатҳое буда, ки мақомот барқи сокинонро дар баъзе деҳаҳо пурра қатъ карда ва бар ивази додани барқ сарбоз ё пул талаб кардаанд.

Инчунин гуфта мешавад, мақомот аз роҳҳои дигар низ, ба мисли додани ҳуҷҷати ронандагӣ бар иваз хидмат ва асир гирифтани наздикони сарбозон, истифода бурда истодаанд.

Ба назари таҳлилгарони маҳаллӣ, яке аз сабабҳои гурезон шудани ҷавонон аз хидмати низомӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, ин бадрафторӣ бо сарбозон ва кушта шудани ҷавонон бар асари латтукӯб дар қимсҳои низомӣ гуфта мешавад.

Ва мақомоти Тоҷикистон барои пур кардани сафи артиши кишвар аз усули “облава” ё ҳамон сарбозшикор истифода намуда, ҷавононро аз хонаву кӯчаҳо ва ҳатто донишҷӯёнро аз назди донишгоҳҳо ва баъзе нафарони бемору маъюбро низ боздошт карда, зӯран ба артиш мебаранд.

Чанд соли охир масъулони Вазорати дифои кишвар ғайричашмдошт вуҷуди мушкилотро дар ростои хидмати артиш ва “облава” эътироф карда, аз зердастони худ хоста буданд, ки зимни даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш даст ба қонуншиканӣ назананд.

Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки то дар системаи Вазорати дифоъ тағйироти куллӣ сурат нагирад, бо дастуру супоришҳо ин мушкилот бартараф нахоҳанд шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Роғун” ё нерӯгоҳи офтобӣ, ки бо суръат арзон мешавад? Кадоме беҳтар аст? 

Дар ҳоле ки қимати нерӯгоҳ ва барқи офтобиву бодӣ бо суръат арзонтар мешавад ва суръати сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ низ бамаротиб тезтар аст, оё месазад ба ҷои “Роғун” дар Тоҷикистони офтобӣ нерӯгоҳи офтобӣ сохта шавад?

Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Душанбе аз таҳримҳои зидди Эрон ҳимоят намекунад

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ гуфт, Душанбе мухолифи таҳримҳои зидди Эрон аст ва чунин маҳдудиятҳоро ба нафъи ҳеҷ кишвар намедонад.

СММ: Дар се соли охир наздик ба шаш миллион муҳоҷири афғон ба ватанашон баргаштаанд

Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) мегӯяд, дар давоми наздик ба се соли охир тақрибан шаш миллион шаҳрванди Афғонистон аз кишварҳои хориҷӣ ба ватанашон баргаштаанд.

Боз марги як сарбоз дар артиш. Чаро касе сабаби маргашро шарҳ намедиҳад?

Солеҳ Файзиеви 19-сола, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, дар шароити номаълум ба ҳалокат расидааст.