Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик мегӯяд, ба 7.5 соли зиндон маҳкум шудани Абдуллоҳи Ғурбатӣ кори дасти додрасу доситонҳо набуда, балки кори дасти “марказҳои қабули қарор дар Душанбе” аст.
Раҷаби Мирзо дар саҳифаи фейсбукаш навишта, ки рӯзноманигорон ифротгаро нестанд ва меафзояд, ки “ба марказҳои қабули қарор фаҳмонанд, ки журналистика ва ифротгароӣ ду чизи аз ҳам ҷудо, балки ба ҳам мухолифанд.”
Ба 7.5 соли зиндон маҳкум шудани Абуддлоҳи Ғурбатӣ вокуниши аксари рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро ба бор овардааст.
Дар зер матлаби комили Раҷаби Мирзоро мутолиа кунед:
СУДЯ БЕҲРӮЗ ШАФО БОЗ КИРО МЕТАВОНАД ПАСИ ПАНҶАРА БАРАД?
7. 5 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОН ГИРИФТАНИ АБДУЛЛО ҒУРБАТӢ ДАҲШАТЗОСТ!
Солҳои 2015 – 16 хабари муҳимтарини шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ин буд, ки дар кадом ноҳияи кишвар боз як парчами овехтаи ДОИШ (дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнӯъ) дарёфт шудааст.
Вале дар ягон шабакаи иҷтимоӣ он вақт оё боре дида будед, ки террористон насб кардани байрақи худро “таблиғ” карда бошад? Шахсан ман надидам.
Вале, мантиқан, террористҳо, агар ин байрақро часпониданд, мебоист онро сабт мекарданду дар шабакаҳои дастрасашон “таблиғ” менамуданд. Чун медонистанд, ки умри ин байрақҳо ҳамагӣ чанд лаҳза аст. Аз ҷониби дигар, онҳо тибқи тактикаву стратегияи хоси барояшон кашидашуда бояд хеле ҳадафмандона ва барои нишон додани ҷонибдоронашон дар ин ё он минтақа ин байрақҳоро овезон мекарданд.
Хулоса, мо дар Тоҷикистон ин байрақҳоро надидем, аммо овозаашро шунидему баъди чанд рӯз мақомот аз боздошти ҷинояткорон хабар додаву ба зудӣ онҳоро пушти панҷара бурданд. Дар Норак, Кӯлоб, Шаҳритус…ва ҳатто Душанбе.
Аз ҳама ҷолиб, балки даҳшатзо ин ҳодиса буд, ки ҳамон замон дар Гипроземи Душанбе, наздик ба пойгоҳи низомии Россия болои як баландошёна сурати байрақи террористии ДОИШ бо даст (!!) кашида шуда буд. Тасаввур мекунед, ки барои кашидани ин акс чӣ миқдор фурсат, имкон ва аз ҳама муҳимаш боварӣ зарур аст ва он ҳам дар як баландошёнаи назди пойгоҳи низомии як абарқудрат?!
Ҳамон шабу рӯз навишта будам, ки намедонам таҳти хабарҳои барзиёди овехтани байрақи як созмони террористӣ дар Тоҷикистон чӣ ниҳон аст, аммо маънии аз нигоҳи стратегӣ бад ва ҳатто хеле бад барои Тоҷикистон дошта метавонад. Чунин хабарҳоро оё дар марказҳои таҳлилии хадамоти махсуси абарқудратҳо, ки созмонҳои ифротӣ аксаран ҳосили дасти онҳост, ба тарзи худ намефаҳманд ва истифода намекунанд? Масалан ба ин маъно намефаҳманд, ки модоме ин созмони ифротӣ дар ин кишвар ин қадар ҷонибдор дорад, пас чаро “худро насанҷад”?
Воқеан, хабарҳои овехтани ин гуна байрақҳо ва боздошти ҷинояткорон пас аз ин кам шуд. Шояд чунин ҳодисаҳо ҷо доштанд, аммо дигар “овоза” намешуд.
ЧАРО ИН ҲАРФҲОРО ДАР РӮЗИ 7.5 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУДАНИ АБДУЛЛОҲИ ҒУРБАТӢ МЕГӮЯМ?
Дар марказҳои қабули қарор дар Душанбе оё дар ин бора фикр намекунанд, ки бо маҳкум кардани чандин журналистону блогерҳои номвар ва ҳунарманд бо гуноҳи ифротгароӣ ба даҳони марказҳои таҳлилии хадамоти махсуси хориҷӣ луқма додаанд?
Оё ин тасаввуротеро ҳосил намекунад, ки агар дар ин кишвар журналистону огоҳони ҷомеа ифротгаро ҳастанд, пас мардуми одӣ шояд бештар аз онҳост?
Фаромӯш намекунем, ки Осиёи Миёна ҳоло дар маркази таваҷҷӯҳи сиёсатҳои ҷаҳон қарор дорад ва дар сатҳи баланди роҳбарияти Тоҷикистон низ дар ин бора гоҳ – гоҳ сӯҳбат мекунанд. Вазъ воқеан пешгӯинашаванда мебошад. Маълум аст, ки ҳар қадами санҷида дар ин росто хеле муҳим бояд бошад…
Ман таваҷҷӯҳро ба марказҳои қабули қарор дар Душанбе махсус равона мекунам, на ба суд ва судя Шафо Беҳрӯз Назаралӣ. Ростӣ аз ин судя, ки қаблан дар бахши робита бо ВАО -и Суди Олӣ кор мекард, умеди дигар доштем. Шояд аз ӯ дигар чизе вобаста набуд. Дар матлаби чанд рӯз пеш дар ин маврид навиштаам гуфта будам, ки мутмаин нестам ин ҳукм ақаллан дар рӯзҳои таҷлили 70 солагии Президенти Тоҷикистон эълон мешавад. Зеро маънии дигар ба бор меорад…
Аммо…
Виҷдон азоб медиҳад, ман агар ин ҳарфҳоро нанависам. Дигарон худашон донанд.
Аммо ҳади ақалл судя метавонист, агар гуноҳи Ғурбатӣ ин қадар исботшуда аст, ки аз дархости прокурор ҳамагӣ ним солашро кам карда метавонад, пас бояд мурофиаи ошкор анҷом медод ва барои ҳама исбот менамуд.
Ҳоло, ки чунин нест, пас гуфтан мумкин бошад, ки ҳар журналистро акнун метавонанд барои гуфтани дилхоҳ камбуди ҷомеа, ё нишон додани гуноҳи мансабдорони бемасъулият, бо иттиҳоми “мувофиқ омадани мӯҳтавои матлабаш бо гуфтаҳои гурӯҳҳои мамнӯъ” паси дарҳои баста зиндон кунанд?
БОЗ ҲАМ ФАРОМӮШ НАМЕКУНЕМ, КИ ИН СОЗМОНҲОИ ИФРОТӢ НАВ ПАЙДО ШУДААНД, АММО ЖУРНАЛИСТИКАРО МЕДОНЕД ЧӢ ҚАДАР УМР ДОРАД ВА ВАЗИФАВУ ТАЪИНОТАШ ЧИСТ?
Фикр мекунам ҷомеа ва созмонҳои журналистии Тоҷикистон бояд ин ҳукми судя Беҳрӯз Шафоро ҷиддӣ бигиранд ва ба марказҳои қабули қарор фаҳмонанд, ки журналистика ва ифротгароӣ ду чизи аз ҳам ҷудо, балки ба ҳам мухолифанд.
Агар инро фаҳмидан намехоҳанд, пас беҳтар нест журналистону расонаҳои хабарии Тоҷикистон аз ин пас дигар ҳеҷ гуна матолиби интиқодӣ нашр накунанд ва мисли расонаҳои ҳукуматии хабарӣ танҳо ба таърифу тавсиф, “урагӯиҳо”, “матолиби мусбат ва оптимистона” (ҳукуматиҳо амалкардҳои худро чунин унвон доданӣ мешаванд) машғул шаванд?
Виҷдон азоб медиҳад? Аз ҳамаро?
Дар ин сурат, агар виҷдон воқеан азоб медиҳад, дар болои ҳар матлаб мешавад ин гуна навишт:
“ДАР ДОИРАИ ИМКОНЕ, КИ ИМРӮЗ ДОРЕМ. ПРОПАГАНДА!”
Бознашр аз саҳифаи фейсбукии Раҷаби Мирзо