2.9 C
Dushanbe

Радиои Озодӣ соҳибони Net Solutions-ро дар Тоҷикистон ошкор кард

Санадҳои ёфтаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нишон медиҳанд, ки аз сабти пулакии IMEI (рақами байнулмилалӣ)-и телефону планшетҳо дар Тоҷикистон, ки аз моҳи октябри соли 2023 ҳатмӣ шуд, ду ширкати вобаста ба “Авесто Гурӯҳ” (Avesto Group) низ манфиат мегиранд.

Муҳаммад Мирзо, мудири кулли “Авесто Гурӯҳ”, бародари Хуршед Мирзо, ноиби аввали Рустами Эмомалӣ дар Федератсияи футболи Тоҷикистон аст. Рустами Эмомалӣ, писари калонии раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, президенти Федератсияи футбол, раиси Маҷлиси Миллӣ ва аз моҳи январи соли 2017 шаҳрдори Душанбест.

АНДОЗ, БОҶ ВА 50 СОМОНӢ

Ҷараёни сабтиноми IMEI-ро дар Тоҷикистон “Нет Солюшенс”, ширкати тобеи “Авесто Гурӯҳ”, бар уҳда дорад. Ҳаққи хидмати онро “Душанбе Сити Бонк” қабул мекунад. Бар асоси Феҳристи ягонаи шахсони ҳуқуқӣ, ҳарду ширкат аз тарафи “Авесто Гурӯҳ” таъсис ёфтааст.

Сабти IMEI ё шумораи байнулмилалии ҳар телефон дар Тоҷикистон 50 сомонӣ аст, муодили беш аз 4,5 доллари Амрико. Инчунин, аз ҳар телефон ва дастгоҳе, ки бо симкорт кор мекунад, ду навъи дигар “ҳақ” ситонда мешавад:

  • 15 дарсад молиёт (андоз) аз арзиши иловашуда (НДС) аз нархи асосии телефон;
  • 10 доллар боҷи гумрукӣ.
Азим Турсунзода (нафари аввал аз тарафи рост)
Азим Турсунзода (нафари аввал аз тарафи рост)

Азим Турсунзода, муовини аввали раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, рӯзи 7-уми августи соли 2024 дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки аз замони ҳатмӣ ва пулакӣ шудани сабтиноми IMEI аз хориҷа (аз моҳи октябри соли 2023 то июли соли 2024) беш аз 757 ҳазор телефон оварда шудааст.

Аз ин теъдод, ба қавли ӯ, “зиёда аз 231 ҳазор телефон ба таври имтиёзӣ ва бепул ва беш аз 525 ҳазор дастгоҳ бидуни имтиёз ба расмият дароварда шуд.” Турсунзода афзуд, дар ин муддат аз ҳисоби пардохтҳои гумрукии телефонҳо ба буҷаи Тоҷикистон беш аз 11 миллион доллар фоида расид.

Масъулони ширкати “Нет Солюшенс” то ҳанӯз даромади гирифтаи худро эълон накардаанд.

“Аммо аз рӯйи омори Хадамоти гумрук, агар соҳибони беш аз ним миллион дастгоҳ панҷоҳ сомонӣ ҳаққи сабти IMEI-ро низ супорида бошанд, пас, зиёда аз 26 миллион сомонӣ, муодили беш аз ду миллион доллар, ба даст омадааст,” – гуфт таҳлилгар Амони Асрор. Ӯ дар гузашта дар яке аз ниҳодҳои молии Тоҷикистон кор кардааст ва ҳоло дар Аврупо қарор дорад.

Ба иллати набуди шаффофият ин маблағ дақиқ ва ниҳоӣ нест. Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар ин замина ба “Душанбе Сити Бонк” нома фиристод, аммо посух нагирифт.

Ҷамъияти Масъулияташ Маҳдуди “Нет Солюшенс” (Net Solutions, Network Solutions ё Nets) дар соли 2016 ба бозори мухобиротии Тоҷикистон роҳ ёфтааст. Номаш дар баҳори соли 2023 дар пайванд ба сабти IMEI оммавӣ шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон, ки пайваста ба худкомагӣ танқид мешавад, далели сабтиноми IMEI-ро амниятӣ ва пешгирӣ аз телефонҳои қочоқӣ ба бозори Тоҷикистон гуфт. Шарофиддин Гадоев, раиси Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар Амстердам, мегӯяд, “ҳадафи асосӣ пул кор кардан аст.”

Шарофиддин Гадоев
Шарофиддин Гадоев

“Ин маъракаро ба тиҷорат табдил додаанд. Агар ҳадаф амният мебуд, тамоми ин маблағро ба буҷаи давлат мегузаронданд. “Нет Солюшенс” як ширкати хусусӣ аст ва он ҳам наздик ба шарҳдори Душанбе,” – афзуд ӯ.

Намояндагони давлат се сол номи ширкати масъули сабтиноми IMEI-ро нагуфтанд. Мансабдорони Хадамоти алоқа дар моҳи феврали соли 2021 хабар доданд, ки “масъалаи ҷалби сармоя барои сабтиноми IMEI ҳал шуд ва барои иҷрои кор як ширкати хусусӣ пешбинӣ шудааст”. Илҳомҷон Атоев, муовини вақти раиси Хадамоти алоқа, танҳо рӯзи 28-уми апрели соли 2023 эълон кард, ки “дар ин самт ширкати “Нет Солюшенс” хидмат мерасонад”.

Ҷустуҷӯйи маълумот дар бораи “Нет Солюшенс” дар Интернет одамонро ба торнамои “nets.tj” мебарад. Дар ин торнамо дастрас кардани Интернет ва хидматрасониҳои дигари вобаста аз он дар Тоҷикистон таблиғ шуда, дар бораи моликони ширкат ва рисолаташ чизе гуфта нашудааст.

Ҳарчанд номи ширкатро ба тарзҳои гуногун – Net Solutions, Network Solutions ё Nets – навиштаанд, баъзе аз санадҳо баёнгари онанд, ки ҳамаашон як ширкатанд. Барои мисол, дар қарордоде байни “Нет Солюшенс” бо Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз 30-юми сентябри соли 2021 дар бораи қабули таҷрибаомӯзон муҳре гузоштаанд, ки дар онҷо ба “nets” ишора шудааст.

Дар ин созишнома номи мудири кулли “Нет Солюшенс”-ро Бахтовар Абдусатторов навиштаанд, вале аз моҳи феврали соли 2024 раёсати ширкатро Фирдавс Маъсумов бар уҳда дорад. Бино ба маълумоти манбаъҳои боз, Маъсумов пеш аз он ки ба “Нет Солюшенс” биояд, мудири тиҷоратии Zet-Mobile будааст. Zet-Mobile тамғаи тиҷоратии ширкати “Таком” аст ва бунёдгузораш Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси президенти Тоҷикистон ва раиси “Ориёнбонк”.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар моҳи майи соли 2024 барои посух гирифтан ба суолҳояш ба ширкати “Нет Солюшенс” нома бурд, вале то ин дам ҷавоб нагирифт.

“НЕТ СОЛЮШЕНС” Ё “АВЕСТО ИНТЕРНЕТ”?

Тибқи ҳуҷҷатҳое, ки Радиои Озодӣ гирд овард, Ҷамъияти Масъулияташ Маҳдуди “Нет Солюшенс” (Net Solutions) рӯзи 30-юми апрели соли 2016 дар Феҳристи ягонаи давлатии андозсупорандаҳо номнавис шудааст. Дар онҷо низ дар бораи ширкат ва муассисонаш маълумоти зиёд нест. Ба ҷуз рақами мушаххаси андозсупоранда.

Ин рақам бар асоси қонунҳои Тоҷикистон ба як нафар ё ширкат як дафъа дода мешавад. Радиои Озодӣ санадеро пайдо кард, ки бо ҳамин рақами мушаххаси андозсупоранда номи “Авесто Интернет” сабт шудааст. Санаи сабтиноми ин ширкат ба мисли “Нет Солюшенс” рӯзи 30-юми апрели соли 2016 аст ва муассисаш “Авесто Гурӯҳ”.

Худи “Авесто Гурӯҳ” дар соли 2016 дар Кумитаи андоз номнавис шуда, он замон Ҳабибов Файзалӣ Муҳибуллоевич ягона муассис номбар шудааст. Cаҳмдорони ҳозираи он рӯшан нест ва “Авесто Гурӯҳ” ба дархости мо дар бораи моликонаш посух надод.

Дар пойгоҳи номнавсии доменҳои TJ барои фаъол кардани вебсайти “nets.tj” номи масъули фаннӣ ва маъмурии онро Сангинзода Беҳрӯз Бахтиёр навиштаанд. Тибқи Феҳристи ягонаи шахсони ҳуқуқӣ, ӯ дар соли 2016 раиси ширкати “Авесто Интернет” буд. Дақиқ нест, номи ширкатро аз “Авесто Интернет” ба “Нет Солюшенс” тағйир додаанд ё аввалӣ ҳамчун номи асосӣ хидмат мекунаду дигаре бренд ё тамғаи тиҷоратии ин ширкат аст.

Номи “Авесто Интернет” дар аввали соли 2020 барои Радиои Озодӣ маълум шуда буд. Он вақт созмони Ripe Network Coordination Centre дар гузорише гуфт, ки ин ширкат ба Тоҷикистон Интернет меорад. Дар ҳоле ки воридоти Интернетро “Тоҷиктелеком”, ширкати вобаста ба Хадамоти алоқа (раҳбараш Бег Сабур, қудои президенти Тоҷикистон) зери инҳисор ё монополияи худ дароварда буд.

“ҲАМКОРИИ ДАВЛАТ БО БАХШИ ХУСУСӢ”?

Илҳомҷон Атоев, собиқ муовини аввали раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дар моҳи январи соли 2024 ҳангоми дар вазифа буданаш супурдани масъулияти сабти IMEI-ро ба “Нет Солюшенс” “ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ” номид.

Вай гуфт: “Нет Солюшенс” ин ширкати хусусии ватанӣ аст. Мо барои бахши хусусӣ тендер эълон кардем, ҳамин ширкат ба талаботи мо посухгӯ шуд. Таҳҷизотро харидорӣ карда, дар тамоми система насб кард.” Атоев он замон дар бораи моликони ширкат ва ё шахсони баҳрагирандаи он ҳарфе нагуфт.

Таҳлилгари тоҷик Амони Асрор дар Аврупо “сирри” комёбии чунин ширкатҳоро ба наздикияшон бо доираҳои ҳукмрон вобаста донист, на ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ.

“Ширкатҳое, ки барои мо нав ҳастанд, барои тасмимгирандаҳо аз қабл ошноянд. Одатан дар тарҳҳои ояндадор, тарҳҳое, ки сармоягузории он қадар зиёд талаб намекунанд, вале даромади пайваста ва бокафолат доранд, ҳузури чунин ширкатҳои худӣ густарда аст. Барои мисол, “Авесто Гурӯҳ” молики “City Card” аст. Он хадамоти пардохти пули роҳкироро дар Душанбе ва шаҳри Хуҷанд бар уҳда дорад. Ширкати “Мармарӣ” чорвову мурғ мепарварад ва забҳ мекунад. Ин тарҳҳо ҳар рӯз пул меоранд,” – шарҳ дод вай.

Дар зимн, соҳиби сердаромадтарин соҳаҳои иқтисод бо харҷи кам аз тарафи “Фароз” ва даҳҳо ширкати марбути он низ аз тарафи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин намунаи ҳамкории муваффақи давлат бо бахши хусусӣ унвон шудаанд.

Олтиной Мирзобекова, мушовири созмони Transparency International (Шаффофияти Байнулмилал) дар умури Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, мегӯяд, “агар дар мавриди шаффофии фаъолият ва равобити ширкати “Нет Солюшенс” бо мансабдорони давлатии Тоҷикистон нигарониҳо вуҷуд дорад, бояд тибқи меъёрҳои миллӣ ва байнулмилалӣ мавриди таҳқиқи ҳамаҷониба қарор гирад.”

“БАЧА”-ҲОИ “АВЕСТО-ГУРӮҲ”

“Авесто Гурӯҳ” дар моҳи декабри соли 2016 дар Кумитаи андози Тоҷикистон сабт шуда, дар ҳоли ҳозир молики ҳабдаҳ ширкату тарҳҳои иқтисодист. “Сиёма”, “Мармарӣ”, “City Card”, “Чилтан”, “Муосир” ва “Арвис” аз ҷумлаи онҳост.

Ин ширкатҳо орду гӯшт ва мусофирбару маводи таркандаи эмулсионӣ истеҳсол карда, хидматрасонии бонкиву коркарди сангро анҷом медиҳанд. “Сиёма” аксар ниҳодҳои давлатӣ ва нишастҳои байнулмилалиро дар Тоҷикистон бо оби шишаӣ таъмин мекунад. Дар оғози кораш дар даруни сарпӯши шишаҳои обаш калимаи “Рустам” бо ҳарфҳои лотинӣ навишта шуда буд, ки ин ҳадяи соҳибони ширкат ба Рустами Эмомалӣ дониста мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳашт соли охир ба ширкатҳои тобеи “Авесто Гурӯҳ” чанд дафъа имтиёз додааст. Барои мисол, ширкати “Мармарӣ” дар соли 2021 барои парваришу забҳи чорво ва мурғ аз пардохти андоз аз фоида; андози роҳ; андози замин; андоз аз арзиши иловашуда дар раванди истеҳсол (кор ва хидматрасонӣ) ва таҳвили маҳсулот дар ҳудуди Тоҷикистон озод карда шуд. Даромади умумии ин ширкат ё аудити он низ ягон бор расонаӣ нашудаанд.

Муҳаммад Мирзо (рост) бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ. Ҳангоми ифтитоҳи корхонаи "Сиёма", моҳи августи соли 2019
Муҳаммад Мирзо (рост) бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ. Ҳангоми ифтитоҳи корхонаи “Сиёма”, моҳи августи соли 2019

СИРРИ САХОВАТИ ПАЙВАСТА ДАР ЧИСТ?

Мудири кулли “Авесто Гурӯҳ” (Avesto Group) Муҳаммад Мирзо (Файзуллозода), муовини пешини президенти Кумитаи олимпии Тоҷикистон аст. Бародараш, Хуршед Мирзо (Файзуллозода), аз соли 2013 боз ноиби аввали Рустами Эмомалӣ, писари калонии президент Эмомалӣ Раҳмон, дар Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад.

Бино ба навори тӯйи Рустами Эмомалӣ, ки дар соли 2013 ба воситаи “Телевизиони К+” пахш шуд, Хуршед Мирзо дар қатори дӯстони бисёр наздики ӯ, ба монанди Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати корҳои дохилии Душанбе, тасвир ёфтааст. Ба ин тӯй танҳо хешовандон, мансабдорони баландпоя ва шахсони бисёр наздики оилаи президент даъват шуда буданд.

Хабаргузории “Азия-Плюс” дар як матлаб моҳи январи соли 2024 Хуршед Мирзоро “узви муҳими командаи Рустами Эмомалӣ” номбар кард. Ҳамин расона дар моҳи декабри соли 2023 ӯро яке аз номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми муовини сарвазири Тоҷикистон тахмин зада буд. Ҳарчанд ин фарзия амалӣ нашуд, Хуршед Мирзо дар моҳи январи соли 2024 бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон раиси Оҷонси инноватсия таъйин гардид.

Хуршед Мирзо дар гузашта дар мақоми мудири ширкати “Ориён-Фарм”, мудири телевизиони “Варзиш” ва муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ низ кор кардааст. “Авесто Гурӯҳ” баъзе аз созишномаҳои муҳимро дар замони дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ будани ӯ ба даст овард.

Хуршед Мирзо бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Соли 2015, шурӯи сохтмони ду варзишгоҳ дар Кӯлоб
Хуршед Мирзо бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Соли 2015, шурӯи сохтмони ду варзишгоҳ дар Кӯлоб

МИҚЁСИ КОР АЗ КУҶО ТО БА КУҶО?

Ҳукумати Тоҷикистон ба ҷуз сабти IMEI-и телефонҳо, гузоштани дурбинҳои назоратӣ дар кӯчаҳои Душанбе (қоидавайронкунии мошинҳоро сабт мекунанд), ташкили таваққуфгоҳҳои пулакӣ ва нуқтаҳои барқдиҳӣ ба мошинҳои барқиро ҳам ба ихтиёри ҶДММ “Нет Солюшенс” ва ҶСП “Душанбе Сити Бонк” додааст.

Созишномаи миёни ҳукумат ва ин ду ширкати зертобеи “Авесто Гурӯҳ” дар моҳи сентябри соли 2023 имзо шуда, порлумон онро моҳи ноябри ҳамон сол тасдиқ кард. Бар асоси ин созишнома, “Авесто Гурӯҳ”, барои ташкили таваққуфгоҳҳои пулакӣ, нуқтаҳои барқдиҳӣ барои электромобилҳо ва низоми бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар Душанбе аз 5 то 10 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад.

Ғиёсиддин Ашӯрзода, вакили порлумони Тоҷикистон, моҳи ноябри соли 2023 гуфта буд, ки “қабули созишнома ба низом даровардани таваққуфи воситаҳои нақлиёт, воридоти маблағ ба буҷаи давлатӣ, бунёди рақобати солим дар соҳа ва ташкили ҷойҳои нави кориро амалӣ менамояд.” Аммо тибқи қарори ҳукумат, ки Радиои Озодӣ нусхаашро дорад, нисфи ҷаримаҳо ба ширкатҳои зертобеи “Авесто Гурӯҳ” ва нисфи дигараш барои ҳукумат мегузарад, ки далели бартарӣ додан ба буҷаи давлатиро рад мекунад.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин кафолат додааст, ки “Авесто Гурӯҳ” ба мубодилаи озод ба ҳама гуна асъор ҳақ дорад ва метавонад фоидаи софашро ба хориҷи кишвар интиқол диҳад.

Ин дар ҳолест, ки аз моҳи ноябри соли 2013 дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе камераҳои “Шаҳри бехатар” насб шудааст. Пули ҷаримаҳо аз ин тарҳ ба буҷаи ҷумҳурӣ меравад. Танҳо дар соли 2017 аз ҳисоби қонуншиканиҳои нақлиёт, ки камераҳои “Шаҳри бехатар” сабт кардаанд, буҷаи кишвар 30 миллиону 400 ҳазор сомонӣ (қариб 3 миллион доллар ба ҳисоби онвақта) фоида гирифта буд.

Камераҳои гузоштаи ду ширкати зертобеи “Авесто Гурӯҳ” аз 20-уми июни соли 2024 фаъол шуданд.

Бар асоси созиш миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ду ширкати зертобеи “Авесто Гурӯҳ”, аз ҳисоби маблағи таваққуфгоҳҳои пулакӣ низ 50 дарсадаш ба ин ширкат ва ними дигараш ба шаҳрдории Душанбе мегузарад. Баъд аз оғози низоми камераҳо, таваққуфгоҳҳои пулакӣ ва нуқтаҳои барқдиҳии мошинҳои барқӣ, “Нет Солюшенс” ва “Душанбе Сити Бонк” барои ин кор ба муддати панҷ сол аз пардохти ними андоз аз даромад озод ҳастанд.

Истгоҳи пулакии худравҳо дар Душанбе
Истгоҳи пулакии худравҳо дар Душанбе

Олтиной Мирзобекова аз созмони Шаффофияти Байнулмилалӣ мегӯяд, “вазъияти ширкати “Нет Солюшенс” дар Тоҷикистон таҳлили муфассалро тақозо мекунад”, аммо ҷанбаҳои асосиеро, ки бояд ба назар гирифта шаванд, ӯ чунин номбар кард:

“Шаффофияти раванди тендер: Меъёрҳои байнулмилалӣ талаб мекунанд, ки маълумот дар бораи тендер барои ҳама ҷонибҳои манфиатдор боз ва дастрас бошад, бо меъёрҳои возеҳ ва одилонаи интихоб;

Рақобат: Рақобати солим калиди таъмини сифат ва арзиши хидматрасонӣ барои ҳукумат ва шаҳрвандонаш аст. Сарфи назар ё маҳдуд кардани рақобат метавонад баёнгари хатари фасод бошад;

Бархӯрди манфиатҳо: Ҳама гуна робитаҳои байни ширкат ва мансабдорони давлатӣ, ки метавонанд ба натиҷаи тендер таъсир расонанд, бояд ба таври возеҳ ошкор ва тибқи қонун ва меъёрҳои ахлоқӣ танзим карда шаванд;

Масъулият ва гузоришдиҳӣ: Таъмини масъулият ва гузоришдиҳӣ барои ҳамаи ширкатдорони раванди тендер, аз ҷумла имкони шикоят ва баррасии қарорҳо муҳим аст.”

Маълумот дар бораи сабти IMEI дар Тоҷикистон

Бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2020, IMEI-и дастгоҳҳои электронӣ бояд дар махзани ягонаи давлатӣ сабт шаванд. Дар сурати сабт накардани рақами байнулмилалӣ телефон ва дастгоҳҳои дигар ба таври худкор хомӯш карда мешаванд. Ин кор то моҳи октябри соли 2023 ихтиёрӣ ва ройгон (бепул) буд ва тавассути ширкатҳои мобилӣ сурат мегирифт. Одамон то моҳи августи соли 2024 ҳақ доштанд, ду телефонро барои туҳфа ё истифодаи худ бепул сабтином кунанд, аммо “ба сабаби печида шуданаш ба фасод” бекор шуд.

Дар таҳияи таҳқиқ хабарнигорони РАО/РО Карл Шрек ва Рийн Аляс саҳм гирифтанд

Бознашр аз Радиои Озодӣ

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Омили террори генерали рус аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ будааст

Мақомоти Русия аз боздошти як шаҳрванди узбекистонӣ хабар доданд, ки дар террори генерли 54-солаи рус гумонбар мешавад.

Набераи раисҷумҳури Тоҷикистон дар 9-солагӣ аз Дубай хона харид. Бо кадом маблағ?

Набераи 9-солаи Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи соҳилибаҳрии Дубай як хонаи сеҳуҷрагӣ харидааст, ки арзиши он 1,3 миллион доллар аст.

Фишор болои пайвандони узви фаъоли “Гурӯҳи 24”

Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти беш аз як моҳ аз ирсоли Лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи афв" ба Дастгоҳи риёсати ҷумҳрӣ ҳанӯз онро имзо накардааст.

Таъхири Эмомалӣ Раҳмон дар имзои қонуни афв

Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти беш аз як моҳ аз ирсоли Лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи афв" ба Дастгоҳи риёсати ҷумҳрӣ ҳанӯз онро имзо накардааст.