6.9 C
Dushanbe

Раиси пулис бо иттиҳоми таҷовуз ба номус боздошт шуд

Сардори милисаи ҷамоати Ромити шаҳри Ваҳдат аз ҷониби маъмурони Додситонии кулли Тоҷикистон боздошт шудааст.

Тавре Радиои Озодӣ аз манобеи худ хабар медиҳад, Фирдавс Кабутов, сардори Шуъбаи милисаи ҷамоати Ромит бо иттиҳоми “таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ” гумонбар мешавад. Аммо то ҳол Вазорати корҳои дохилӣ ва ё Додситонии кулли кишвар боздошти ӯро расман шарҳ надодаанд.

Ин расона тибқи иттилои манобеаш менависад, ки Фирдавс Кабутов дар ҳафтаи аввали моҳи октябр боздошт шудааст. Ва “Ӯ ҳоло дар Боздоштгоҳ аст ва нисбаташ бо гумони “таҷовузи такрорӣ нисбат ба духтари ноболиғ” (моддаи 138, қисми 2, банди “д”-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз шудааст”.

Моддаи мазкур барои шахсе, ки ҷинояташ дар додгоҳ собит шавад, аз 7 то 12 соли зиндон ва инчунин якумра маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайянро пешбинӣ мекунад.

Инчунин манобеъ афзудаанд, ки духтаре, ки аз ҷониби сардори пулиси Ромит таҷовуз шудааст 17-сола буда, Кабутов бо ӯ дар шаҳри Душанбе чунин кардааст. Худи духтар “ба додситонӣ шикоят кардааст, ки Фирдавс Кабутов ӯро бо таҳдид аз 16-солагӣ таҷовуз мекард.”

Вобаста ба қазияи мазкур назари худи сардори пулис маълум нест, аммо як хеши Кабутов гуфта, ки ин кор дар ҳаққи ӯ туҳмат аст ва худи духтар бо Фирдавс Кабутов тамос дошта ва синни воеқиашро пинҳон доштааст. “Ин нафар иддао карда, ки гӯё духтар аз Кабутов пул хоста, бо шунидани ҷавоби рад ба зидди ӯ ба додситонӣ шикоят кардааст.”

Ҳамчунин назари духтар ва пайвандонаш дар ин бора дастраси расонаҳо нест. “Вале афроде, ки аз қазия хабар доранд, мегӯянд, ҷабрдида ба додситонӣ гуфтааст, беш аз як сол Кабутов ӯро тарсондааст, то ба касе шикоят накунад.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷойивазкунии навбатии мақомдорон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон дар чанде аз сафоратхонаҳои кишвар дар хориҷ ва як вазорат тағйироту ҷойивазкунии мақомдоронро анҷом дод.

Пулиси Душанбе дар 15 мактаб корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронд

Пас аз муноқишаи гурӯҳии ноболиғон, ки ян наврас кушта ва як каси дига захмӣ шуд, мақомоти пулиси пойтахт чораҳои зиддиҷиноятиро роҳандозӣ карданд.

Ин мушкили барқ кай ҳал мешавад? Шикояти сокинон аз бебарқӣ

Баъзе сокинон аз вилояти Суғд ва Хатлон аз он шикоят доранд, ки аз ҳоло барқ надоранд ва дар як шабонарӯз тақрибан аз 2 то 4 соат барқ дода мешавад.

Дар Тоҷикистон “WhatsApp” ва “Telegram” маҳдуд мешаванд?

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз фаъолияти як паёмрасони нави миллӣ бо номи "ОРИЗ" хабар дод.