13.9 C
Dushanbe

Раиси САҲА бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Кадом масъалаҳо баррасӣ шуда?

Анн Линде, вазири корҳои хориҷии Шветсия ва раиси Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон рафта буд, рӯзи 15-уми апрел бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуд. Ин мулоқот дар Қасри Миллат баргузор шуд.

Бино ба иттилои Дафтари матбуоти Президент, “дар мулоқот вазъи кунунии робитаҳои Тоҷикистон бо САҲА дар бахши сиёсию низомӣ, иқтисодию экологӣ ва инсонӣ муҳокима карда шуд.”

Анн Линде пеш аз вохӯрӣ бо Раҳмон, бо вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот анҷом дода буд.

Тибқи барнома роҳбари САҲА бояд шоми 15-уми апрел бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон вохӯри анҷом медод. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ба ин мулоқот танҳо панҷ намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват шуда, хабарнигорон ба ин нишаст даъват нашуданд.

Раиси САҲА дар ҳоле ба Тоҷикистон сафар мекунад, ки Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва маҳсубони сиёсӣ аз ӯ даъват карда буд, ки дар мулоқот бо мақомоти тоҷик “раҳоии фаврии Иззат Амон”, ҳомии ҳуқуқи шинохтаро талаб кунад.

Маълум нест, ки Анн Линде дар суҳбатҳояш бо Раҳмонов ва Сироҷиддин Муҳриддин то куҷо паёми созмонҳои ҳомии ҳуқуқро расондааст.

Ба ҷуз аз хабарҳои расмии нашршуда, маълум нест дар ин мулоқотҳо боз кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд.

Масъулини САҲА ҳам дар Душанбе дар бораи сафари ӯ ҳеч шарҳ надодаанд. Худи Анн Линде низ аз суҳбат бо хабарнигорон худдорӣ кард.

Коршиносон бар ин назаранд, ки аз сафари роҳбари САҲА ба Тоҷикистон наметавон мунтазири натиҷаҳои зиёд буд.

Аз ҷумла Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сафари Анн Линде ба Тоҷикистон, як чизи маъмулӣ аст.

Муллоҷонов иброз дошта, ки, “Ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, ки САҲА дигар зиёд Тоҷикистонро танқид накунад ва рейтинги байналмилалии кишвари моро паст назанад. Чунки ҳукумат бовар дорад, ки бар асари ин танқидҳо имиҷ ё обрӯи Тоҷикистон паст мешавад ва сармоягузорӣ ҳам коста мегардад.”

Дар навбати худ ба гуфтаи ин коршинос, САҲА мехоҳад, Душанбе пойбанди “қоидаҳои воҷиб” ба монанди риояи ҳуқуқи башар, таъмини озодии баён ва таъмини ҳуқуқи зиндониён бошад.

Ин сафари нахустини як раҳбари баkадпояи созмони ҳомии демократия ба қаламрави Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар чанд соли охир аст.

Сафар дар ҳоле баргузор мешавад, ки Тоҷикистон дар ҷаласаи соли гузаштаи САҲА барои тасдиқи дубораи номзадии Ҳарлем Дезир ба мансаби намояндаи ин созмон дар умури озодии матбуот низ мухолифат нишон дод.

Ҳамчунин баъд аз соли 2016 Тоҷикистон салоҳиятҳои ин созмонро, ки дар дуртарин қаламравҳои Тоҷикистон намояндагӣ дошт, кам кард.

Як интиқоди Тоҷикистон аз САҲА ин аст, ки дар баробари мақомоти расмии кишварҳои узв, ба намояндагони мухолифон ҳам минбари баробар медиҳад.

Дар гузашта мақомоти амниятии Тоҷикистон бо ҷалби шаҳрвандон дар назди бинои САҲА дар Душанбе гирдиҳамоиҳо бо шиори “САҲА пуштибони террористон” анҷом дода буд. Худи мақомоти қудратӣ даст доштанаш дар ин гирдиҳамоиҳоро рад мекунад.

Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз соли 1994 оғоз гардид. Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон 17 феврали соли 1994 ифтитоҳ гардидааст. Қарор оид ба таъсиси миссияи САҲА дар Тоҷикистон ҳанӯз 1 декабри 1993 зимни мулоқоти шӯрои вазирони корҳои хориҷии САҲА дар Рим қабул гардида буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.