23.9 C
Dushanbe

Раҳматиллоҳ Зоиров бо чанд далел интихоботи президентиро байкот кард

Рҳматиллоҳ Зоиров раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон ва ягона ҳизби мухолифи ҳукумат донисташуда дар саҳифаи фейсбукаш навишта, ки номзадияшро бо чанд далел дар интихоботи президентӣ монданӣ нест.

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби мухолифи сосиал-демократи Тоҷикистон бо пахши як изҳорот рӯзи 24 август дар сафҳаи фейсбукии худ эълом кардааст, ки ба ҳайси номзад дар интихобот ширкат нахоҳад кард:

“Ман ҳамчун шаҳрванд,фарзанди халқи Тоҷикистон ва раиси ҲСДТ номзадии худро ба мақоми  Президенти Тоҷикистон пешбарӣ намекунам ва нияти ширкат дар интихобот ва машруият бахшидан ва ё қонунманд кардани интихоботи феълии ғайриқонунӣ, зиддиконститутсионӣ  ва зиддимардумии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро надорам.”,- навиштааст Раҳматилло Зоиров, раиси ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон.

Зоиров иллати даст кашидан аз ширкат дар интихоботро ба масоили ҳуқуқӣ марбут донистааст.

Ӯ аз ҷумла гуфтааст, яке аз сабабҳо ин аст, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳақ надорад, раиси ҳизб бошад ва раҳбарии ӯ дар Ҳизби халқии демократӣ системаи бисёрҳизбиро дар Тоҷикистон аз байн бурда ва “ҷумҳуриро ба низоми яккаҳизбӣ табдил додааст”. Ҳамчунин ин сиёсатмадори мухолифи тоҷик тағйири замони баргузории интихобот аз 6 ноябр ба 11 октябрро хилофи Қонуни асосӣ эълон кардааст.

Яке дигар аз сабабҳое, ки ба гуфтаи Раҳматилло Зоиров ӯро водор кард, дар интихобот ширкат наварзад, қабули Қонуни нав дар бораи Кумиссиёни марказии интихоботи Тоҷикистон дар соли 2019 аст. Ба гуфтаи ӯ, “бар асоси ин қонун намояндагони аҳзоби сиёсӣ ҳақ надоранд, ба комиссияҳои марказиву маҳаллии интихобот шомил шаванд ва онҳо аз ҳисоби намояндагони ҳукумати иҷроия ва Ҳизби ҳокими халқии демократӣ ташкил карда мешаванд.”

Ба гуфтаи Раҳматилло Зоиров, “аз 31 ҳазор узви комиссияҳои интихоботӣ дар ҳамаи сатҳҳо 25 500 нафари онҳо расман узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҳастанд.” Зоиров ҳамчунин ҳукуматро ба он муттаҳам кардааст, ки дониста, механизми ҷамъоварии имзо барои сабти номи довталаби курсии раиси ҷумҳурро печида кардааст, то аҳзоби дигар 5 дарсади имзои тамоми раъйдиҳандагон ё 250 ҳазор имзо ҷамъ оварда натавонанд.

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябри имсол баргузор мешавад. Зоиров навиштааст: “Умедворам, Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократ бо дастгирӣ аз баёнияи сиёсии ман, интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2020-ро таҳрим мекунад.”

Зоиров, ки дар гузашта мушовири ҳуқуқии раиси ҷумҳури Тоҷикистон буд, аз соли 2002 то кунун раиси Ҳизби сотсиал-демократ аст ва сиёсатҳои ҳукуматро пайваста танқид мекунад. Ӯ дар гузашта борҳо гуфтааст, Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1994 то кунун раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст, ҳақ надорад, дар интихоботҳо ширкат кунад.

То кунун, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби сотсиалистӣ, Ҳизби демократ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, раисони худро довталаби курсии раиси ҷумҳур эълон карданд. Мунтақидон мегӯянд, пешбарии номзадии ин афрод, саҳнасозӣ ва рақобатӣ вонамуд кардани интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аст.Ҳизби халқии демократӣ то кунун номзади худро эълон накардааст ва як сол бештар мешавад, ки баҳсу тахминзаниҳо ҳаст, ки худи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва ё писари ӯ Рустами Эмомалӣ шояд дар интихобот ширкат кунанд. Ин ҳизб рӯзи 3 сентябр дар Анҷумани пеш аз интихоботии худ номзади худ ба мақоми раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбарӣ ва эълон мекунад.

Я НЕ БУДУ ВЫДВИГАТЬ СВОЮ КАНДИДАТУРУ В ПРЕЗИДЕНТЫ РТ!Политическое заявление председателя СДПТЯ как гражданин РТ, сын…

Gepostet von Рахматилло Зойиров am Montag, 24. August 2020

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.