13.9 C
Dushanbe

Раҳмон “ҷияни хира”-ашро чаро барканор кард?

Дар пайи тағйироти кадрии ахир дар сохтори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ҷойи подполковник Фахриддин Сафарзода Холмуъмин майори милиса Сулаймонзода Нурулло Раҳматулло, сардори шӯъбаи ин вазорат дар ноҳияи Шаҳринав таъин гардид. Ин тағйирот рӯзи чаҳоршанбеи 10 март сурат гирифт.

Фахриддин Сафарзода, яке аз ҷиянҳои сершумори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки ба ин мақоми давлатӣ 03.12.2018 таъин шуда буд. Ба ин тартиб ӯ чизе бештар аз 2 сол дар ин вазифа кор карду халос. Ҳам дастури таъйин ва ҳам барканории ӯро аз ин мақом худи Эмомалӣ Раҳмони тағояш имзо гузоштааст.

Фахриддин Сафарзода Холмуъмин, мутаваллиди 1985 аст ва дар ноҳияи Совет ба дунё омадааст. Риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба поён бурда дар навоҳии шаҳри Душанбе ва низ ноҳияи Рӯдакӣ дар масъулиятҳои мухталиф фаъолият кардааст. Қабл аз таъйинот ба мақоми сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шаҳринав дар мақоми муовини сардори шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Рӯдакӣ кор мекард.

Ҳар ойина барканории Фахриддин Сафарзода “ҷияни родной”-и худи Эмомалӣ Раҳмон аз сардории милисаи Шаҳринав беҷиҳат нест ва кадом сабабҳое ҷиддӣ дорад. Вагарна, аз як сӯ дар айни авҷи камолот ва зина ба зина иртиқо ёфтан дар мақом ва аз сӯи дигар дар урфу қоидаи ҳокимияти хонаводаӣ, ин тавр намешавад, балки имкон надорад ва номумкин аст, ки то ба ин сатҳ “бисабзонӣ” ва ба як бор бо як имзо болои “карйера”-и ӯ хатти бутлон бикашӣ. Чунки дар пушти ӯ на танҳо худи тағо-Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ҳатмани ҳатман бачаву духтарҳо истодаанд ва намегузоранд, ки аммуписарашон ба ин зудӣ дар хоки сияҳ биншонда шавад.

Албатта, мо ҳам намедонем, ки ӯ ба хоки сияҳ нишонида шуд ва ё боз нардбони сеҳрангези тағо ӯро ба пиллае болотар мебарад. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба усули кор ва сиёсати кадрии Эмомалӣ Раҳмон Фахриддин Сафарзода феълан ба ҳошия ронда шуд. Ба як ҳисоб Фахриддин Сафарзода Эмомалӣ Раҳмонро ноумед кард ва аз бовари ӯ баромад.

Гуфта мешавад, ки ду омил боиси барканории зудҳангоми ӯ аз ин мақом шудааст.

Яке инки ӯро аз аввал Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ хуш надошт. Солҳо пеш ӯро, тибқи ахбори дарҷшуда, бо иттиҳоми гароиш бо салафия аз мақомот дур андохта буданд. Ин маълумотро худи Рамазон Раҳимзода ба Эмомалӣ Раҳмон расонида аст. Барои ҳамин ӯро аз суфуфи милиса ронданд ва ӯ бо сӯиистифода аз қаробат бо раиси ҷумҳурӣ ба ҳайси миёнрави миёни мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва мардум дар навоҳии Ҳисору Ваҳдат ва Рӯдакӣ ба бизнеси замин машғул шуд.

Гуфта мешавад, ӯ тамоюли худ ба салафияро пинҳон намекард ва беш аз ин ҳамандешони худро ҳам дошт. Баъд аз онки Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе таъйин мешавад Фахриддин дубора ба кор бармегардад ва ӯро дар ноҳияи Рӯдакӣ, калонтарин ноҳияи Тоҷикистон муовини сардори милиса таъйин карданд. Вай дар ин мақом низ аз гирифтани пора даст накашид ва огоҳони ҳол мегӯянд, ки шояд аз 1000 гектар бештар замини ин ноҳия бо миёнаравии ӯ “хусусӣ” ва ба участкаи наздиҳавлигӣ табдил шуда бошад. Дар инҷо ҳам ӯ “ҷияни Президент” ном дошт ва ҳатто корҳои ғайриимконро ҳам ӯ бар ивази пул ҳал мекард.

Омили дигар, ки ба ҳамон ва аз ҳамон аввали маншаъ мегирад, ба “беспределӣ”-и Фахриддин Сафарзода дар ҷойи кори ахираш бармегардад.

Тибқи маълумотҳои дарёфтӣ вақте Рустам кафил –гаранти кори Фахриддин шуда ӯро ба Шаҳринав сардори милиса таъйин мекунанд, ӯ аз ин пуштибонӣ сахт ҳаво мегирад. Вақте ӯ дар Шаҳринав ба кор пардохт, доду войи на танҳо сокинони  дур аз ҳукумат, масалан бозорнишинҳову дукондорҳо, доруфурӯшону соҳибони ресторану ошхона ва автозаправкаҳо, балки кормандони мақомоти иҷроияи Шаҳринав ва низ додситону раиси додгоҳ ва дигар мансабдорҳо ба авҷи фалак печид.

Вай бо истифода аз мақоми “ҷияни Эмомалӣ Раҳмон” мудирияти ноҳияро дар дасти худ гирифта ва по аз ваколат ва рисолати як масъули ҳифзи тартибот фаротар ниҳод. Доля мебаст, посредникӣ мекард, хулоса ҳар коре мекард, ки фақат даромад дошта бошад. Тақсимоти замин, таъйини ҷазо, боздошту дастгиркунӣ, хулоса дар ҳама кор сар мезад ва ҳақ меканд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ на як бору ду бор дар бораи бадрафторӣ ва авбошии ӯ матолиб ба нашр расиданд.

Дар моҳи майи соли гузашта яке аз вакилони халқи ноҳияи Шаҳринав Муродхӯҷа Хушмуродов, сокини деҳаи Чузӣ дар ҷамоати деҳоти Чуст аз болои шӯъба ва сардори шӯъбаи милисаи Шаҳринав ба Дастгоҳи иҷроияи Президент нисбати бадрафторӣ шикоят кард. Фахриддин Сафарзода, якҷо бо 10 корманди худ ӯро бидуни кадом далел ва санаде аз хонааш дастгир ва ба дасташ завлона зада мебаранд ва 6 соат дар ИВС нигоҳ медоранд. Аммо кадом сабабе пешниҳод намекунанд. Ба дархости мукаррари ин вакили халқӣ Сафарзода, ки қабул карда иллати боздошташро бигӯяд, аслан эътино намекунад. Баъди 6 соати боздошт ба ӯ мегӯянд, ки “қоидаи ҳаракати роҳро вайрон кардааст”. Дар ҳоле, ки ӯ аслан қоидаро вайрон накарда буд ва аз тарафи дигар ӯ ба ҳайси вакили халқӣ масунияти дахлнопазирӣ дорад.

Ҳодисаи мазкур яке аз садҳо амалҳои ғайриқонуниест, ки сардори милисаи Шаҳринав бо мардуми инҷо анҷом додааст.

Зимнан, Фахриддин Сафарзода, писари хоҳари Эмомалӣ Раҳмон аст ва падари ӯ марҳум Холмуъмин Сафарзода, раиси муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи табиат буд, ки дар моҳи июни соли 2012 дар шаҳри Душанбе кушта гардид. Дар қатли ӯ Диловаршо Қосимов, як корманди кони Шугнов гумонбар дониста шуда ба давраи тӯлонӣ равонаи зиндон шуд.

Холмуъмин Сафарзода, язнаи Эмомалӣ Раҳмон аз Диловаршоҳ Қосимов 350.000 доллар пул мегирад, ришва, то ба Эмомалӣ Раҳмон дода курсии раисии кони Шугновро ба ӯ бидиҳад. Холмуъмин инҷо ба ҳайси “посредник” мехост “чор танга” кор кунад. Аммо Раҳмонов каси дигарро ба ин вазифа таъин мекунад. Холмуъмин 100.000 доларро бармегардонад, аммо 250.000-ро не. Чунки ин пулро ба Раҳмон дода ва дигар ҷуръати бозпас гирифтан ҳам намекунад. Гӯиё ӯро барои ҳамон пул кушта бошанд. Азбаски имкон дошт дар ҷараёни мурофиа асрор ифшо шавад, онро пӯшида доир намуданд.

Ба ин тартиб, мешавад гуфт, ки Фахриддин ҳам ба пайроҳаи падар қадам мезанад. Аммо порахӯриву ришвагирии наздикони Раҳмон коре нест, ки барои он ӯ онҳоро “наказат” кунад, ин ҳам дар ҳолест ки Фахриддин ҷавон аст ва ояндадор. Барои ҳамин шояд инҷо ҳам худи Рамазон Раҳимзода дар пушти барканорӣ ва ҳамин тавр “миёншикан” кардани Фахриддин бошад, чунки гуфта мешавад, бо вуҷуди ин ҳама аъмоли номуносиб барои як сардори милиса ӯ аслан вазирро писанд намекардааст.

Аз ин ҷост ки нафар ва нафароне, ки маълумоти тақдирсӯз дар бораи фаъолиятҳои Фахриддин Сафарзода дар ҷойи кори ахирашро ба Президент расониданд, ӯро мутақоид карда тавонистаанд, то Фахриддинро филфавр аз мақомаш барканор кунад. Ба ҳадде, ки ҳатто Рустами Эмомалӣ, нафари дуввуми Тоҷикистон, валиаҳди Эмомалӣ Раҳмон чорае ба ҷуз аз сукут ва муросо бо ин тасмими падарашро наёфтааст. Кӯтоҳи гап ин аст ки Фахриддин Сафарзода ончунон аз “рамка” баромада ва “беспределӣ” кардааст, ки дигар наметавон ӯро табраа кард.

Воқеан ҳам, агар ки Раҳмон мехост барои ин ҷиянаш ягон мақоме болотар бидиҳад, ин корро то инки ӯро аз мақомаш маъзул кунад, анҷом медод. Аммо ӯро на танҳо мақоми болотар надод, балки дар ду сол аз кор гирифт, ки ин худ баёнгарӣ аз боварии Раҳмон баромадани Фахриддини подполковник аст. Иштибоҳ ва шояд ҳам ҷурми ӯ ба ҳадде буд, ки дигар барояш дарҳои дарбор баста шуд.

Шояд боз дар оянда ин “ҷияни хира”-и Эмомалӣ Раҳмон дигарбора ба ягон масъулияте дар Вазорати дохилӣ ҷалб шавад, аммо ҳоло ӯ аввалин аз “родной”-ҳо аст, ки дар айни парвоз ба қуллаҳои болотар захмӣ шуд.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.