14.9 C
Dushanbe

Раҳмон, Ятимов ва ҲНИТ

Мақомоти амниятии Тоҷикистон барои идомаи мубориза бо ҲНИТ қасд ва нақша доранд, ки тавассути Афғонистон як ҷабҳа-фронти наверо ташкил диҳанд.

Сафарҳои муқаррари раиси КДАМ Тоҷикистон ба Афғонистон ва сафарҳои мақомоти Афғонистон ба Тоҷикистон, аз ҷумла Раиси Вулуси Ҷирга ва сӯҳбатҳои телефонии руасои ҷамоҳири ҳарду кишвар ва бахусус дар ин авохир изҳори назари Аҳмадзиё Сироҷ, раиси Раёсати умумии амнияти миллии Давлати Исломии Афғонистон роҷеъ ба ҳузури “ҷангиёни ҲНИТ” дар қаламрави Афғонистон аз бозиҳои пасипардагие дар созмондеҳии ин ҷабҳа дарак медиҳанд.

Раҳбарияти ҲНИТ дар Аврупо бо интишори як баёнияи расмӣ изҳороти ин мақоми амниятии Давлати Исломии Афғонистонро такзиб кард. Дар баёния таъкид шудааст, ки ин ҳизби сиёсӣ дар ҳеҷ яке аз кишварҳои дунё, аз ҷумла Афғонистон нерӯи низомӣ надорад ва муборизаи ин ҳизб алайҳи режими Душанбе мусолиматомез ва дар чавкоти мавозини байналмилалӣ давом хоҳад кард.

Вале инки як мақоми аршади хадамоти амнияти миллии Афғонистон аз ҳузури ҷангиёни ҲНИТ дар қаламрави ин кишвар сӯҳбат мекунад, танҳо як ҳарфи тасодуфӣ ва бидуни ҳисоб нест. Мусалламан, барои онки як чунин изҳори назар аз забони ин мақоми амниятии Афғонистон берун ояд, сӯҳбатҳое, музокираҳое, муомилаҳое, масъалаҳое, тавофуқоте байни мақомот ва ё шояд мансабдорони алоҳидаи Тоҷикистон ва Афғонистон ба амал омадааст.

Дар ҳоле, ки кадом афрод ва гурӯҳи низомии ҲНИТ вуҷуд надорад, як чунин изҳори назар ба чӣ маъно аст ва чунин баёнияи иғвогарона бар суди кӣ хоҳад буд? Вақте ба ин паҳлуи қазия мутаваҷҷеҳ мешавем, дурусту дақиқ пай мебарем, ки ин мақоми амниятии Афғонистон дар ин ҷабҳаи ташкилдода бар зидди ҲНИТ масъулият ва рисолати вижаеро бар дӯш гирифтааст.

Муддао инҷост ки мақомоти амнияти Тоҷикистон, бахусус тарроҳони барномаҳои берун рондани ҲНИТ аз арсаи сиёсии Тоҷикистон, ки муаллифони Протоколи 32/20 низ ҳамонҳоянд, ҳоло ҳам аз ҳадафи асосии худ, шомили листи гурӯҳҳои террористӣ кардани ҲНИТ даст накашидаанд. Тамоми талошҳо ва барномаҳои дар ин росто иҷрокардаи онҳо, ташкили ба ном ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим, куштори ҷаҳонгардони хориҷии дучархасавор, кушторҳо дар зиндонҳои Душанбеву Хуҷанд, ҳамла ба постгоҳе дар ноҳияи Рӯдакӣ самар надод.

Ҳеҷ яке аз давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилалӣ ҳозир нашуд, пешниҳоди мақомоти Тоҷикистон барои террористӣ шинохтани ҲНИТ-ро қабул кунад ва инак соли шашум аст, ки КДАМ-и Тоҷикистон ва бахусус раиси он тамоми фикру хиёлаш ба ҳамин масъала банд аст, ки чи роҳу усуле ва воситаву василае пайдо кунад, ки орзуи худро амалӣ бисозад. С. Ятимов бо тамоми ҳастӣ захира ва зарфиятҳои давлатро бар муқобала ва мубориза бо ин ташаккули бузурги миллӣ сафарбар карда истодааст.

Аз як сӯ тавассути фермаи ҷавобу навиштани мақолаҳои бемоя ва намоиши филмҳои музҳик дар телевизионҳои кишвар ва бознашру бозпахши онҳо тавассути шабакаи ҷаҳонии интернет ва аз сӯи дигар бо фишорҳо болои зиндониҳои ин ҳизб ва идомаи зиндонсозиҳои аъзои он ва тазйиқу таарруз ва зӯроварӣ болои наздикони наҳзатиҳои дар хориҷ, аз сӯе ҳам тавассути муколамаву музокара бо мақомоти кишварҳои аврупоӣ барои бозгардонидани онҳо ба ватан ва дар ин авохир тавассути мавъизаҳои намози ҷумъа тамоми талошу кӯшишро барои бадном карани ҲНИТ шиддат бахшида истодаанд.

Аммо чуноне ба назар мерасад, бо ин ҳама зӯргӯиву тарсонидану задану кӯфтану зиндоникарданҳо ҳамоно дилашон ва пушташон хунук намешавад. Чуноне гуфтем, ҳеҷ давлате ва ҳеҷ созмоне ҲНИТ-ро террористӣ ва экстремистӣ намешиносад ва нашинохт.

Аз ҳақ набигзарем, муваффақ шуданд, ки ҳузури расмиву физикии ҲНИТ-ро дар кишвар, барои як фурсат ва як муддат бошад ҳам қатъ кунанд. Вале ҳеҷ яке аз иттиҳому айби боркардаи онҳо болои ҲНИТ ва наҳзатиҳоро ба ҷуз аз худашон касе қабул ва эътироф накард. Балки баракс, СММ, Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои абарқудрати олам ба мисли Амрико ҳабси як нафар аз аъзои Раёсати Олии ҲНИТ-ро қонунӣ наҳисобид.

Бо тақозо ва тавсияҳоеҳое ин созмону давлатҳои муътабар раҳоии фаврӣ ва бидуни қайду шарти онҳоро талаб карданд. Яъне ин нишона ва далели муваҷҷаҳи он аст, ки иттиҳоми мақомоти Тоҷикистон болои ҲНИТ тӯҳмату бӯҳтоне беш нест, кадом ошӯбе дар ин миён набуд ва ин ташаккули милливу мардумӣ кадом коре хилофи қонун анҷом надодааст.

Дигар барои тамоми мардуми тоҷик ва кишварҳову созмонҳои зидахл маълум шудааст, ки ин ҳама ошӯби ҳоҷиҳалимсозиҳову террористнавозиҳои ҲНИТ бо мақсади аз рақиб халос шудан, барпоии ҳокимияти хонаводагиву авлодиву қабилавӣ ва тақвияту таҳкими султа ва бақои як диктатор дар қудрат аст.

Тамоми Тоҷикистонро об бубарад, 2 млн, ки чӣ, 5 миллион аз атбои ин кишвар муҳоҷир ва муздури корӣ бишавад, парво надоранд. Ҳар касе сар боло кард, ҳар касе дар талаби ҳақ уфтод, мегиранду зиндонӣ мекунанд, асос ва муҳим он аст, ки ҳокимият хонаводаӣ ва маврусӣ бишавад ва ин қабила фармонравоӣ бикунанд ва мулку моликиятро аз они худ созанд.

Ба ин ҷиҳат мақомоти бахусус амниятии Тоҷикистон ва шахси раиси он барнома ва нақшаҳоеро барои идомаи торумор ва комилан аз рӯи замин барчидани ҲНИТ рӯи даст гирифтааст, балки дар он барнома ва нақша –чорабиниҳо, ки чанд солест рӯи даст дорад, банду сархатҳои наверо ворид карда истодаанд.

То онҷо ки ҳатто дар ҳамин мулоқот бо шуморе аз маъмурони Иттиҳодияи Аврупо дар чанд рӯзи пеш раиси КДАМ-и Тоҷикистон мусоидат дар бозгардонидани аъзои дар кишварҳои урупоӣ қарордошта ҲНИТ-ро дар меҳвари ин сӯҳбатҳош қарор дода ва онҳоро террорист ва экстремист муаррифӣ кардааст. Бо ин умед ва ният, ки ҳамватан ва ҳаммиллатҳои худро, тоҷикҳои фирории худро аз Аврупо биоварад ва зиндагӣ надиҳад, зиндонӣ кунад. Ҷиҳати анҷоми ин ҳадаф на аз тавтиа ва на аз туҳмат ва на аз дасиса ва на аз фитнаву иғво даст нахоҳад бардошт.

Ин ҳама часпу талошҳои Ятимов гувоҳ аст, ки агар бо тӯҳмату бӯҳтон садҳазор тоҷик террорист шинохта бишавад, бештар хурсанд мешавад. Чунки ният ва орзуи ӯ ҷомаи амал мепӯшад. Маълум нест, ки ин изҳори назари мақоми амниятии Афғонистон бар пояи чи асос ва мадраке садо додааст, вале наметавон тардид накард, ки дар пушти он сабки ҳамин дасисасоз ва фитнагари моҳир намудор аст. Зеро то ҳамин ҳоло ҳеҷ аҳаде аз шумори ҷангиёни тоҷики дар суфуфи гурӯҳҳои мухолиф ба давлати Афғонистон худро аъзо ва ё ҳаводори ҲНИТ нагуфтаанд.

Инки мақомоти афғонӣ чӣ гуна дар шасти мақомоти тоҷик, аз ҷумла амният дармондаанд, инҷо кадом шантаже ҷо дошта бошад ва ё муомилоти пуливу молӣ дар миён аст, ки дертар рӯ хоҳад зад. Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ин гуна таҷрибаро аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ андӯхтааст. Барои Павел Грачев, вазири мудофиа ва Андрей Козирев, вазири хориҷии Русия дар он солҳо дар Варзоб чи қадар базиҳову “живая музика”-ву духтарҳоро барои истироҳаташон ташкил карда буданд.

Он вақт чунин ҷуръат надоштанд, ки онҳоро пинҳонӣ ба навор гиранду сипас шантаж ва забонкутоҳ созанд. Вале ҳоло ки дар ин корҳо сахт малака ҳосил кардаанд ва шояд ҳам кадом мақоми баландпояи кишвари ҳамсоя дар “наворҳои ташкилӣ” гир уфтода бошад? Вале ба назар мерасад дар ин ҷабҳа – фронти тозаи ташкилкардаашон алайҳи ҲНИТ дар Афғонистон каллаву пӯст хоҳанд зад. Шояд ҳатто чандин афродро бо шиносномаҳои тоҷикӣ дар онҷо “пайдо” кунанд ва аз забони онҳо боз ҳам барои бадном ва сияҳсозии ҲНИТ “улика” ба даст оваранд.

Аммо ин ҳама бозиҳо ва каззобиҳо деру дур пинҳон намемонад ва чизеро иваз нахоҳад кард. Чуноне шаҳид Сайидқиёмиддини Ғозӣ ва домулло Айёмиддинро маҷбур ва ночор карданд, ки аз машқу таълим дар пойгоҳҳои низомии барои тарафдорони Наҳзат дар шаҳрҳои Эрон бигӯянд. Афзун бар ин, чандин сол талош карданд, ки ҲНИТ-ро бо Эрон ва Сипоҳи Посдорони Исломӣ бичаспонанд ва даҳҳо мисолу далелҳои сохтаву бофтаро парванда карда фиристоданд.

Ҳамаро омӯхтанд ва диданд ва тамоман бар хилофи майлу муроди онҳо дар сатҳи ИА, СММ ва давлатҳои алоҳидаи олам ҳамин ҳоло ҳам бо роҳбарияти оппозитсиони дар хориҷ дидору мулоқот анҷом дода мешавад. Як моя ва асоси рашку ҳасодати Раҳмон ва Ятимов аз ҲНИТ ҳамин аст, чун табъан ки аз ин ҳама огоҳ мешавад ва ба хашму ғазаб меояду дарду алам мекашанд. Вале аз сӯи дигар Ятимов ва Раҳмонов бо онки тавонистанд ҲНИТ-ро бишкананд ва мутафарриқ бисозанд хеле по фарохтар гузошта истодаанд ва дигар доранд шердилтар мешаванд. Чунки ҲНИТ ду даҳсола қабл Раҳмон ва дар пушти ӯ Русияро ба зону шинонида буд барои Раҳмонов хеле ҳам арзон ва осон шикаста шуд.

Ин нақша танҳо таълифи стратегҳо ва ястребҳои дохилӣ буд ва ё инки ҳаммуаллифони хориҷӣ дошт, марбут ба пажӯҳандаҳост. Воқеияти имрӯзи кишвар ин аст ки феълан дар баробари Раҳмон дар дохил ҳеҷ нерӯи мухолиф вуҷуд надорад ва ӯ айни фиръавн даъвои худоӣ (муаззам, маҳбуб, роҳнамо, доҳӣ) дорад. Дар ҳамон хутбаҳое, ки тавассути амниятиҳо дар даҳони имомхатибон андохта мешаванд Раҳмонро бо лақабу рутбаҳое ситоиш мекунанд, ки ӯ соҳиби хонаи Худо шудаасту худо дар он “квартирант”, чун исми ӯро аз Худо бештар такрор мекунанд. Вале аз ҷониби дигар ҲНИТ, бо онки шикаста ва мутафарриқ шуд мисли ахгар аз хокистар дигарбора афрӯхт.

ПМТ ва муборизаҳои иттиллоотии он пояҳои ҳокимияти хонаводагиву авлодӣ ва қабилавии Раҳмон ва Ятимовро ба ларза даровардааст. Бахусус, ки иртибот ва пайванди ҷомеаи кишвар, муҳоҷирони корӣ бо онҳо беш аз пеш “оборот” мегирад, Раҳмон ва Ятимовро шадидан нороҳат ва дар ҳолати ҷунун қарор додааст. Гумонашон хато баромад, ки агар ҲНИТ-ро бишкананд нобуд мешавад. Баракс шуд. Махсусан барои Ятимов хеле вазнин афтодааст, ки натавонист нақшаи маҳву нобудии ҲНИТ-ро ба анҷом бирасонад.

Барои ҳамин мисли мурғи посӯхта меравад Афғонистон ва талош мекунад роҳи чорае ёбад. Масъулинеро меҷӯяду пайдо мекунад, ки дар ивази пул ва дигар чизҳо “заказ” иҷро кунанд. Шояд муомиларо бар сари қочоқи маводи мухаддир ва ҳамвор кардани роҳ барои вуруд ва фароҳам кардани тронзити он бошад? Шояд ҳам тиҷоратҳои ғайриқонунӣ ҳаст. Имрӯзҳо ҳодисаи боздошти 90 кг тилло ва 15 миллион доллар, ки гуфта мешавад аз они муовини раиси Вулуси Ҷиргаи Афғонистон будааст, ба баҳси муҳимми байни ду давлат табдил шудааст.

Дар ин қазия саволи асосӣ ин аст, ки кӣ мусоидат кард ва дар пояи кадом муомила ин қадар моли миллионҳо долларӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид шавад? Магар назорати марз бар дӯши нерӯҳои марзбони КДАМ нест? Дар баробари бозпас гирифтани ин миқдори сарват як изҳороти бардурӯғеро аз забони як масъули амният бар зидди ҲНИТ берун овардан кори душворе нест.

P.S Дар ҳар сурат инҷо аз ин бозӣ боз бозиҳои дигаре дорад зоҳир мешавад. Сафари Ятимов ба Афғонистон ва қиссаи 90 кило тиллову 15 миллион доллар ва ташрифи раиси Вулуси Ҷиргаву муовини он (соҳиби эҳтимолии тилло ва миллионҳо доллар) ва дидору мулоқоташон бо Раҳмон ва дар ин васат эълони ҳузури “ҷангиёни ҲНИТ дар Афғонистон” ҳамагӣ бо риштаҳои нонамоёне ба ҳам гиреҳ хӯрдаанд. Шояд Ятимов ваъда дод, ки агар ҳамин гуна изҳори назар кунед, тиллову миллионҳоятонро бозпас мегиред? Баъид аст, ки афғонҳо бидуни “гарантия”-и аъзои хонаводаи Раҳмон ин миқдор дороиро дохили Тоҷикистон бикунанд. Ва баъид аст, ки ҳамаи ин тиллову доллар танҳо ба як шахси муовини Вулуси Ҷирга тааллуқ дошта бошад.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон шомили кишварҳои олудатарини ҷаҳон шуд

Созмони швейтсариягии IQAir, ки сифатнокии ҳаворо дар кишварҳои ҷаҳон таҳқиқ мекунад, дар гузориши тозааш Тоҷикистонро шомили кишварҳои олудатарини дунё кардааст.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз боздошту шиканҷа

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Ҳабси пешакии гумонбарон дар ҳамлаи хунини Русия

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳоле" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкориҳои худ ва аз он ҷумла дар бораи масоили амниятӣ суҳбат карданд.