Раводид миёну Тоҷикистону Эрон бекор шуд

Баъди анҷоми мулоқоти Раҳмон ва Раисӣ, миёни Тоҷикистону Эрон 19 санади нав ба имзо расид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон, дар доираи сафари Иброҳим Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Душанбе ва мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, ҷонибҳо санаду ёддоштҳои тафоҳумӣ дар бораи ҳамлу нақл, минтақаи озоди иқтисодӣ, ҳамкориҳои дарозмуддати иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, таҳқиқоту технология, дар бораи мубориза бо маводи нашъаовар ва ғайраро имзо карданд.

Инчунин дар ҳузури Раисӣ ва Раҳмон вазирони корҳои хориҷаи Эрон ва Тоҷикистон санади рафтомади бе раводид (виза) миёни ду кишварро имзо кардаанд.

Гуфта мешавад, то ҳол миёни Тоҷикистон ва Эрон низоми раводид вуҷуд дошт ва борҳо шаҳрвандону фаъолони ду кишвар хоста буданд, ки ин низом бардошта шавад.

Дар пасманзари хабари сафари раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон, Паймони миллии Тоҷикистон– эътилофи гурӯҳе аз мухолифони тоҷик дар хориҷ аз кишвар, бо навиштани номаи саргушода ба Иброҳим Раисӣ аз ӯ хоста буд, ки қазияи зиндониёни сиёсиро дар сафараш ба Душанбе бо Раҳмон дар миён бигузорад, аммо то ҳол маълум нест ин мавзуъро Раисӣ бо Раҳмон баррасӣ кардааст ё на.

Ёдовар мешавем, ки Иброҳим Раисӣ, Президенти Ҷумҳуриии исломии Эрон имрӯз, 8-уми ноябр бо як сафари корӣ вориди Душанбе шуд.

Сафари кории Раисӣ бояд дирӯз, 7-уми ноябр сурат мегирифт ва ду рӯз идома мекард, аммо бо сабабҳои номаълум он барои як рӯз ба таъхир афтод.

Ин сафари дувуми Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон аз замони ба курсии президенти Эрон нишастанаш дар соли 2021 мебошад. Раисӣ бори аввал 16-уми сентябри соли 2021 бо ҳадафи ширкат дар ҷаласаи роҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой бо сафари расмӣ ба Душанбе омада, аз “оғози фасли ҷадид дар муносибати ду кишвар” хабар дод.

Эмомалӣ Раҳмон дар гузашта пайваста ба Эрон сафар мекард, аммо дар давраи раёсатҷумҳурии Ҳасани Руҳонӣ аз соли 2013 то 2021 Раҳмон боре ҳам ба Эрон сафар накардааст.

Тира шудани муносибатҳои Тоҷикистону Эрон аз замони зиндонӣ шудани Бобаки Занҷонӣ шуруъ шуда буд, аммо бо бастани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ин муносибатҳо тиратар гашт. Танщо пас аз 9 соли вақфа муносибатҳои ду кишвар дубора гарм шуд ва Эмомалӣ Раҳмон соли 2022 бо сафари дурӯза ба Эрон рафта буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тағйироту ҷойивазкуниҳои Раҳмон дар вазорату идораҳо

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазорату кумитаҳо ва дигар ниҳодҳои давлатии кишвар тағйироту ҷойивазкунии мақомдоронро гузаронд.

Аз Бразил то Сербистон: вақте овози мардум ҳокимиятро дигаргун мекунад

Дар охири ҳафтаи сипаригашта интихобкунандагони ду кишвар нишон доданд, ки сандуқи раъй ҳанӯз метавонад сарнавишт ва ояндаи сиёсии кишварро тағйир диҳад.

“Эронитарин шаҳри Эрон”: навишта дар бораи Самарқанд боиси эътирози расмии Узбекистон шуд

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон рӯзи ҷумъа сафири Эрон дар Тошканд Муҳаммадалӣ Искандариро даъват карда, нотаи эътирозӣ супурд.

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.