9.9 C
Dushanbe

RSF хостори раҳоии рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова шуд

Созмони “Гузоришгарони бидуни марз” (RSF) бо нашри изҳороте хостори раҳоии фаврии рӯзноманигори тоҷик Рухшона Ҳакимова шуд.

Дар изҳороти ин созмон, ки 27-уми феврали соли ҷорӣ нашр шудааст, Жанна Кавелиер, раиси дафтари Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии RSF, мурофиаи Ҳакимоваро ноодилона ва беасос хонда, маҳкумияти ӯро ба зиндон як бахше аз маъракаи саркӯби хабарнигорони мустақил дар остонаи интихоботи порлумонии рӯзи 2-уми март аз сӯи мақомоти Тоҷикистон номидааст.

Рӯзноманигор ва модари ду кӯдаки хурдсол Рухшона Ҳакимова 16-уми июли соли 2024 дар наздикии манзилаш дар Душанбе аз ҷониби мақомот бидуни ордер боздошт ва 12 соат бе дастрасӣ ба вакили дифоъ нигоҳ дошта шуда буд. Мақомот ҳангоми набудани Ҳакимова дар манзилаш кофтуков гузаронида, таҷҳизот, шиноснома ва кортҳои бонкии ӯро мусодира кардаанд. Ӯ ба хотири доштани фарзанди ширхора то замони содир шудани ҳукм дар ҳабси хонагӣ буд.

Дертар Додгоҳи олии Тоҷикистон 5-уми феврали соли ҷорӣ пушти дарҳои баста Рухшона Ҳакимоваро бо иттиҳоми сохтаи хиёнат ба давлат ба 8 соли зиндон маҳкум кард.

Таъқиби ин рӯзноманигори тоҷикро ба таҳқиқоташ дар бораи нуфузи Чин дар Тоҷикистон ва як қатор мусоҳибаҳо, аз ҷумла бо Саидҷаъфар Усмонзода, вакили собиқи парлумон ва амакаш Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси шинохта, ки ҳоло ҳарду дар доираи парвандаи табадулот барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон гаштаанд, рабт медиҳанд.

RSF мегӯяд, ки мақомоти Тоҷикистон тафтишот ва мурофиаи Ҳакимоваро махфӣ ва бо қонуншиканиҳои зиёде гузаронид ва ҳеҷ далеле пешниҳод накардаанд, ки кори ин рӯзноманигор ба амнияти миллӣ таҳдид дошта бошад.

Парвандаи Ҳакимова ягона ҳолати саркӯби рӯзноманигорон дар соли ҷорӣ набуда, моҳи январи соли 2025 сармуҳаррири рӯзномаи “Пайк” Аҳмад Иброҳим ба 10 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Ин созмони ҳомии рӯзноманигорон мегӯяд барои озодии Ҳакимова талош хоҳад кард ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намудааст, ки ба мақомоти Тоҷикистон барои ҳифзи журналистикаи мустақил дар минтақа фишор оваранд.

Гуфта мешавад, ҳоло дар зиндонҳои Тоҷикистон беш аз 10 хабарнигор бо иттиҳомоти сохта дар зиндонҳо адои ҳукм мекунанд ва сакӯби рӯзноманигорон боис гашта, ки Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии озодии матбуоти RSF дар соли 2024 дар байни 180 кишвари ҷаҳон дар ҷои 155-ум қарор бигирад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тасвиби созишномае, ки кори муҳоҷирони тоҷикро осон мекунад

Муҳоҷирони тоҷик метавонанд дар дохили Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва санадҳои зарурии тиббиро пеш аз сафар ба Русия дарёфт кунанд.

Пизишкиён: Баъзе давлатҳо аллакай барои миёнҷигарӣ иқдом карданд

Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон мегӯяд, ки бархе кишварҳо барои оғози гуфтугӯҳо дар мавриди оташбас иқдом кардаанд.

Дар Исроил коргари тоҷик пас аз паҳн шудани навораш боздошт шуд

Пулиси Исроил як тоҷики зодаи Узбекистонро, ки дар ин кишвар ҳамчун муҳоҷири корӣ фаъолият мекард, пас аз паҳн шудани як навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт кардааст.

Баррасии дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Туркманистон

Ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон дар бораи таҳкими равобити тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию технологӣ дар Душанӣе баргузор шуд.