21.9 C
Dushanbe

Русия: Ҷалби муҳоҷирони корӣ ба тарҳҳои роҳсозӣ

Путин аз норасоии потенсиали корӣ дар бахши сохтмон ва роҳсозӣ изҳори норизоиятӣ карда, таъкид намуд, ки ба ин тарҳҳо муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷалб карда шаванд.

7-уми июл Владимир Путин, президенти Русия дар мулоқот бо аъзои ҳукуматаш пас аз шунидани гузоришҳо дар бораи рушди инфрасохтор, аз ҷумла магистрали Байкалу Амур (БАМ) ва Транссиб изҳор дошт, ки агар дар сохтмонҳо қувваи корӣ намерасад, пас шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар он метавонанд кор кунанд. Менависад РИА Новости.

Путин таъкид кард, ки бо ин роҳ ҳам муҳоҷирон метавонанд пул кор кунанд ва ҳам инфрасохтор рушд кунад. “Агар коргарон аз Осиёи Марказӣ ба сохтмонҳои нақлиётӣ қаблан ҷалб карда мешуданд, ҳоло ҳамаи иншоотро ба кор даровардан мумкин буд ва кишвар ба қадри зарурӣ фоида ба даст меовард,”- гуфт Путин.

Инчунин дар ҷараёни маҷлис ӯ аз муовини сарвазири Русия Марат Хуснуллин хост, барои ба анҷом расонидани лоиҳаҳои сохтмонӣ ҳарчи зудтар чораҳо андешанд ва нархҳоро аз наздик назорат кунанд.

Пештар ҳукумати Русия барои норасоии нерӯи корӣ дар Транссибир ва БАМ ҷиҳати таъмини кор истифода аз 11 000 зиндониёнро ба ин тарҳҳо баррасӣ кард. Ва Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Русия низ пешниҳод карда буд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ бо зиндониён иваз карда шаванд.

Марти соли 2020 Вазорати сохтмони Федератсияи Русия дар бораи нарасидани тақрибан 1 миллиону 200 ҳазор коргар дар бахши сохтмон хабар дода буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.