Баргузории нишасти СПАД дар рӯзҳое рост омад, ки айни замон дар Душанбе нишасти сарони Шӯрои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) низ дар назар гирифта шудааст. Сарони кишварҳои Чину Русия, Манголия ва Сарвазири Ҳиндустон дар он ҳузурӣ иштирок намекунанд.
Гуфта мешавад, Чин аз кишварҳест, ки омода аст бо ҳукумати нави Кобул ҳамкорӣ кунад, дар ҳоле ки Тоҷикистон ба мисли Ҳиндустон ба таъсиси ҳукумати фарогир дар ин кишвар пофишорӣ дорад. Ӯзбекистон ва Туркманистон омодагии худ барои ҳамкорӣ бо Толибонро расман эълом кардаанд. Русия ҳам иртибот доштан бо ин гурӯҳро инкор намекунад ва мегӯяд ба хотири бехатрии сарҳади кишварҳои осиёи марказӣ бо Толибон робита дорад. Аммо Эрон мегӯяд намехоҳад ба сиёсати дохилии Афғонистон мудохила кунад.
Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров даъватномаи ҳузур дар нишастҳои СПАД ва СҲШ ба дасти Ашраф Ғанӣ, президенти фирории Афғонистон расида буд, вале вазъият тағйир кард. Аммо Амруллоҳ Солеҳ, муовини Ашраф Ғанӣ айни замон дар Тоҷикистон ҳузур дорад, вале бо вуҷуди талаби ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ӯ дар ин нишастҳо роҳ наёфтааст.
Бо ин ҳол, наомадани сарони Русия ва Чин, ду узви пурнуфӯзи СҲШ ба Душанберо коршиносони тоҷик ба навъе канор задани Эмомалӣ Раҳмон дар масъаи Афғонистон медонанд.
Рӯзноманигори тоҷик Исфандиёри Одина дар саҳифаи фейсбукияш дар ин бора менависад: “Худдории раҳбарони Чин ва Русия аз ширкат дар иҷлоси гурӯҳи Шонгҳой дар Душанбе эҳтимолан фақат як далел дорад: Ин ки Тоҷикистон басароҳат аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳимоят мекунад ва дар баробари Толибон мавзеъ гирифтааст. Ин ду қудрати минтақаӣ собит карданд, ки паймоншикан ва хиёнаткор ҳастанд, зеро иртибот бо гурӯҳеро, ки худашон терурист эълом кардаанд, бар яке аз шуракои бисёр муҳимми худ тарҷеҳ додаанд!”
Аммо Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) бар ин назараст, ки аз омадани Толибон ба сари қудрат бештарин фоидаро Чин мебарад ва маҳз бо дастгирии Чин Толибон тавонистанд ба чунин дастовардҳо даст ёбанд, вале чун алъон, ки ин ташаккул чӣ дар дохили худ ва чӣ дар шинохти он аз тарафи давлатҳои Ғарб бо мушкил рӯбарӯ аст, табиист, ки Чин айни ҳол аз эътирофи рӯирости он худдорӣ мекунад.
Оқои Шерзамонов мегӯяд, аз ин рӯ роҳбарияти Чин салоҳ надонист айни ҳол дар чунин нишасте, ки масъалаи марказиаш вазъи Афғонистон аст ва мавкегирии СҲШ, ки мухраи асосиаш Чин аст, ҳанӯз барвақт аст, аз ин хотир ин кишвар нахост дар сатҳи олии кишвараш дар ин нишаст ширкат кунад.
“Ҳинд ва Русия маҳз ба хотири наомадани роҳбарияти олии Ҷумҳурии халқии Чин (ҶХЧ) аз ширкат дар сатҳи боло худдорӣ карданд. Илова бар ин, ин кишварҳо низ айни ҳол дар масъалаи Афғонистон омода нестанд, ки мавкеи мушаххасашонро муайян кунанд. Русия талош мекунад, ки аз тариқи Тоҷикистон мавқеи худро дар ин нишаст муаррифӣ кунад.
Мо барои беҳтар кардани таҷрибаи шумо ва фаҳмидани тарзи истифодаи сайт кукиҳоро истифода мебарем. Шумо метавонед розӣ шавед ё рад кунед. Рад кардан метавонад баъзе имкониятҳоро маҳдуд кунад.
Functional
Always active
The technical storage or access is strictly necessary for the legitimate purpose of enabling the use of a specific service explicitly requested by the subscriber or user, or for the sole purpose of carrying out the transmission of a communication over an electronic communications network.
Preferences
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Statistics
The technical storage or access that is used exclusively for statistical purposes.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.
Marketing
The technical storage or access is required to create user profiles to send advertising, or to track the user on a website or across several websites for similar marketing purposes.