Олмон ҳам аз қатъи интиқоли гази Русия бенасиб намонд
Ширкати “Газпром”-и Русия дар вокуниш ба бастаи ҷадиди таҳримҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Арвупо интиқоли газ ба ширкати “Shell Energy”-и Олмонро ҳам қатъ кард. Акс: Интернет Пеш аз ин ширкати “Газпром”-и Русия дар як иқдоми мушобеҳ интиқоли газро ба кишварҳои Лаҳистону Булғористон, Финляндияву Нидерландия ва Ҳоланд низ қатъ карда буд. Иттиҳоди Аврупо, ки вобастаи нафту гази […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Ширкати “Газпром”-и Русия дар вокуниш ба бастаи ҷадиди таҳримҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Арвупо интиқоли газ ба ширкати “Shell Energy”-и Олмонро ҳам қатъ кард.
Акс: Интернет
Пеш аз ин ширкати “Газпром”-и Русия дар як иқдоми мушобеҳ интиқоли газро ба кишварҳои Лаҳистону Булғористон, Финляндияву Нидерландия ва Ҳоланд низ қатъ карда буд.
Иттиҳоди Аврупо, ки вобастаи нафту гази Русия аст ва алҳол кишварҳои узви ин иттиҳодия дар маҷмуъ ҳудуди 40 дарсад аз нафт ва наздик ба 25% гази худро аз Русия таъмин мекунанд, қасд дорад, то поёни соли ҷорӣ 90% аз воридоти нафти худро аз Русияқатъ кунад.
Пеш аз ин расонаҳои русӣ гузориш дода буданд, ки ширкати Газпроми Русия бо сабаби напардохтани ҳаққи истифодаи газ бо рубли русӣ интиқоли газ ба ширкати “GasTerra B.V.”-и Нидерландия ва ширкати Orsted-и Данияро низ қатъ кардааст.
Инчунин кишвари Ҳолланд ба фарқ аз дигар кишварҳои аврупоӣ, ки аз интиқоли гази Русия маҳрум шудаанд, яке аз истеҳсолкунандагони асосии газ дар Иттиҳоди Аврупост ва танҳо ҳудуди 5% аз ниёзҳои худро аз гази воридотӣ таъмин мекунад. Бо ин вуҷуд, ширкати “Газпром”-и Русия қабл аз он интиқоли газ ба ширкати “GasTerra“-и Ҳолландро низ боз дошта буд.
Қабалан Русия ба хотири дур задани шиддати таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ ва наҷоти қурби рубли русӣ аз варшикастагӣ эълон карда буд, ки фурӯши газ ба кишварҳои “ғайри дӯст”-ро бо рубли русӣ ҷорӣ мекунад. Владимир Путин ҳам таъкид карда буд, ки ҳар кишваре, ки аз пардохти ҳаққи истифодаи гази кишвараш бо рубли русӣ сарпечӣ кунад, аз интиқоли газ маҳрум мешавад.
Гуфта мешавад, пас аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина дар 24-уми февали соли ҷорӣ то кунун кишварҳои ғарбӣ чандин бастаи таҳримҳоро алайҳи Русия ҷорӣ карданд, то Маскавро водор кунанд аз идомаи ҳамалоти худ ба Киев даст бардорад, аммо ба назар мерасад, Русия дар ин рӯзу моҳҳои наздик қасди поён додани ҷанг дар ин кишварро надорад.
Ширкати “Газпром”-и Русия дар соли 2021 зиёда аз 2 триллион рубл даромад дошт. Қисми аз ин даромадҳояшро аз кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ба даст оварда буд. Аммо тибқи оморҳои расмӣ танҳо дар чормоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 27% аз ин интиқоли гази худ ба Иттиҳоди Аврупоро коҳиш додааст. Акунун ба назар мерасад то поёни семоҳаи дуввуми сол интиқоли гази содиротии Русия ба Иттиҳоди Аврупо нисбат ба соли гузашта камтар аз 50%-ро ташкил хоҳад дод.
Мо барои беҳтар кардани таҷрибаи шумо ва фаҳмидани тарзи истифодаи сайт кукиҳоро истифода мебарем. Шумо метавонед розӣ шавед ё рад кунед. Рад кардан метавонад баъзе имкониятҳоро маҳдуд кунад.
Functional
Always active
The technical storage or access is strictly necessary for the legitimate purpose of enabling the use of a specific service explicitly requested by the subscriber or user, or for the sole purpose of carrying out the transmission of a communication over an electronic communications network.
Preferences
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Statistics
The technical storage or access that is used exclusively for statistical purposes.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.
Marketing
The technical storage or access is required to create user profiles to send advertising, or to track the user on a website or across several websites for similar marketing purposes.