Русия: Супоридани изи ангӯшт барои муҳоҷирон ҳатмӣ шуд

Вазорати корҳои дохилии Русия рӯйхати 59 минтақаеро омода ва пешниҳод кардааст, ки аз 29 декабр муҳоҷирон метавонанд, раванди ангушнигорӣ ва аксбардории ҳатмиро оғоз кунанд.

Акс: rg.ru

Бино ба иттилои Портали федералии санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии Русия, ки рӯзи 21-уми октябр нашр шуд, омадааст, ки рӯйхати минтақаҳо бо дарназардошти филиалҳои Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводиди назди Вазорати корҳои дохилии Русия муайян ва раванди бақайдгириро иҷро менамояд.

Вазорати корҳои дохилии Русия ҳангоми бақайдгирии ҳатмии давлатӣ супоридани изи ангуштони шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, аксбардории онҳо, инчунин қабулу фиристодани санадҳои тиббиро ба мақомоти ҳудудии ВКД- Русия муҳим дониста, гузариши муоинаи тиббии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро тасдиқ мекунад “, – омадааст дар санад.

Дар ин санади Вазорати умури дохилаи Русия феҳристи 59 минтақа қайд гардидааст ва барномарезӣ шуда, ки ин лоиҳа аз 29 декабр эътибор ва ба ҳукми иҷро дарояд.

Гуфта мешавад, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар категорияҳои хориҷиёне, ки зиёда аз 90 рӯз ба Русия сафар мекунанд, аз 29 декабри соли 2021 онҳо ба супоридани изи ангушт ва аксбардории ҳатмӣ фаро хонда мешаванд.

Гуфтанист пас аз анҷонми ин раванд ба муҳоҷирони корӣ кортҳои пластикие, ки дорои интиқолдиҳандаи маълумоти электронӣ ҳастанданд, таҳвил дода шуда, назорат аз болои муҳоҷирон пурзӯр карда мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар ноҳияи Шоҳмансур марде бо гумони рабудани ноболиғ ва ҳаракатҳои бадахлоқона боздошт шуд

Дар Душанбе як мард бо гумони рабудани ноболиғ ва анҷоми ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба ӯ боздошт шудааст.

Баъди бозӣ бо Партугалия шонси бурди Узбекистон ба давраҳои баъдӣ хеле кам шуд

Дастаи мунтахаби Узбекистон дар бозии дуюми худ дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 аз тими Португалия бо ҳисоби бузурги 0:5 шикаст хӯрд ва имкони роҳ ёфтанаш ба марҳилаи баъдӣ коҳиш ёфт.

Шикояти сокинон: Маъмурони барқ ҳамро беҳуда қарздор мекунанд

Сокинони бархе ноҳияҳои кишвар аз он шикоят доранд, ки маъмурони барқ хона ба хона гашта, ҳамаро беҳуда аз барқ қарздор менависанд ва ҷарима мебанданд.

Тирпарронӣ ва боздошти навраси 15-солаи тоҷик дар Варшава

Пулиси шаҳри Варшаваи Лаҳистон ду навраси тоҷикро, ки байни худ даргир шуда ва дар натиҷа тирпарронӣ карданд, боздошт кардааст.