Дар пасманзари коҳиши нерӯи корӣ дар Русия, мақомоти ин кишвар талош доранд бо тасдиқи лоиҳаи наве муҳоҷирони бештареро аз Тоҷикистон вориди бозори кор кунанд.
Ба иттилои манобеи русӣ, лоиҳаи ҷалби бештари қувваи корӣ аз Тоҷикистонро Ҳукумати иҷроияи Русия ба Комиссияи ҳукуматии Русия оид ба фаъолияти қонунгузорӣ пешниҳод намуда ва аллакай ин ниҳод тағйирот ба созишномаро баррасӣ ва аз он ҷонибдорӣ кардааст. Ҳоло санад барои тасдиқи ниҳоӣ ба марҳилаи қонунгузорӣ пешниҳод мегардад.
Гуфта мешавад, ин иқдом метавонад тартиби қабули шаҳрвандони тоҷикро барои кор дар Русия содатар ва шаффофтар намояд. Зикр мешавад, ки Ҳукумати Русия қасд дорад дар якҷоягӣ бо мақомоти тоҷик “роҳҳои муассир барои танзими муҳоҷирати корӣ ба шакли гурӯҳӣ ва танзимёфта”-ро фароҳам оварад, то муҳоҷирони тоҷик бо кори муносиб, қонунӣ ва бехатар таъмин шаванд ва ҳамзамон талаботи бозори кори Русия ба қувваи кории соҳибтахассус иҷро шавад.
Тибқи тарҳи нав, қисми муҳими расмиёти марбут ба муҳоҷирати корӣ пеш аз сафар дар худи Тоҷикистон бояд анҷом дода шавад. Аз ҷумла, гузаштан аз муоинаи тиббӣ, сабти маълумоти биометрӣ (гирифтани изи ангушт), санҷиш ва омодасозии ибтидоии коргарон пурра дар кишвар анҷом мешавад.
Ҳамчунин бо роҳи низоми ба истилоҳ “ҷалби гурӯҳӣ ва созмонёфта” муҳоҷирон мустақиман тавассути ширкатҳо ё барномаҳои махсус ба ҷойи кор ҷалб мешаванд, на ба таври ҷудогона ва фардӣ. Дар чунин низом, корфармоён барои муҳоҷир ҷойи кор, ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳатто шароити иҷтимоии ӯро таъмин намуда, масъулияти бештареро ба дӯш мегиранд.
Мувофиқи ин созишнома, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон масъули ҷалб ва ташкили омӯзиши довталабон барои кор дар Русия, аз ҷумла омӯзиши забони русӣ мегардад. Аммо маводҳои таълимиро муассисаҳои ваколатдори Русия пешниҳод мекунанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бошад вазифадор мешавад, ки собиқаи ҷиноятии шаҳрвандонро санҷида, ба мақомоти Русия маълумот пешниҳод кунад ва дар асоси маълумоти ин ниҳод довталаб барои кор ба Русия қабул ва ё рад мешавад.
Дар ҳоли ҳозир, шаҳрвандони Тоҷикистон барои гирифтани патент вазифадоранд дар давоми 30 рӯзи пас аз ворид шудан ба Русия аз қайди биометрӣ ва муоинаи тиббӣ гузаранд. Ба назари коршиносони рус, гузаронидани ин расмиёт дар дохили Тоҷикистон амалҳои ғайриқонуниро коҳиш дода, раванди ба кор қабул шуданро тезтар мекунад.
Ба назари таҳлилгарон, бо вуҷуди баъзе шаффофсозӣ ва бартариҳои ҷузъии ин тарҳи ахир, он метавонад озодии интихоби ҷойи корро барои муҳоҷирон маҳдуд созад ва вобастагии онҳоро аз корфармо афзоиш диҳад. Ва ҳатто метавонад муҳоҷирро ба анҷоми корҳое, ки намехоҳад ва ё даромади кам дорад, маҷбур созад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки чанде пеш шуморе аз вакилони рус талаб карда буднд, табибоне, ки дар Тоҷикистон муҳоҷирони кориро аз санҷиш мегузаронанд, бояд аз Русия бошанд, зеро, ба гуфтаи онҳо, “ин роҳи мутмаинтар шудан аст”, ки муҳоҷирони тоҷик бемориреро вориди Русия намекунанд.
Дар вокуниш ба ин талаби вакилони рус бархе корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳор доштанд, ки Русия ҳатто ба табибони тоҷик эътимод надорад ва барои “мутмаин” шудан, мехоҳад маҳз пизишкони рус дар дохили Тоҷикистон шаҳрвандонро аз муоина гузаронанд. Вале мақомоти тоҷик ба таври расмӣ ба ин талаби Русия посухе надоданд.
